• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » К

КӯРӣ
КӯРӣ [Ca(e)citas], нобиноӣ, гум кардани қувваи босира. Солҳои пеш дар Тоҷикистон дар байни аҳолӣ сабаби асосии К. бемории нағзак (32,58% - и ҳамаи нобиноён), бленнореяи навзодҳо (илтиҳоби римноки луобпардаи чашм, ки гонококкҳо ба вуҷуд меоранд), бемории пардаи қарнияи чашм (24,3%), глаукома (14%), трахома (8,7%) ва ғ. буданд.
К. ду хел мешавад: К.- и мутлақ (вақте ки одам рӯшноию торикиро фарқ карда наметавонад) ва К.-и нисбӣ (вақте ки қувваи босираи одам каму беш боқӣ мондааст). Нобиноии нисбӣ ба нобиноии амалӣ ва истеҳсолӣ ё касбӣ ҷудо мешавад. Амалан нобиноён одамонеанд, ки мустақилона, бе кумаки ягон кас аз ҷое ба ҷое ҳаракат ва шароити муҳитро муайян карда наметавонанд, ҳарчанд дар онҳо қувваи босира каму беш мавҷуд аст, рӯшноиро ҳис карда, манбаи нурро дуруст муайян менамоянд, тарҳи чизҳои калонро фарқ мекунанд. Тезии босираи онҳо хеле паст аст (яъне 0,05). Ҳангоми ба дараҷаи муайян машқ кардан ин гуна одамон бо мушкилӣ бошад ҳам, мустақилона ҳаракат карда метавонанд. Ба гурӯҳи одамони биноияшон суст онҳоеро дохил мекунанд, ки қувваи босираашон аз 0,05 то 0,3 мебошад. Ҳангоми нобинони истеҳсолӣ босира то ба дараҷае халал меёбад, ки одам ҳатто бо истифода аз асбобҳои махсуси оптикӣ низ кор карда наметавонад. Суст гаштани босираро то ба дараҷае, ки шахс фаъолияти касбиашро иҷро карда наметавонад, нобиноии ихтисосӣ меноманд.
К. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. К.-и модарзодӣ натиҷаи нодуруст инкишоф ёфтани баъзе қисмҳои мағзи сар, асабҳои босира, шабакияи чашм мебошад. К.-и ғайримодарзодӣ ҳамчун оризаи бемориҳои чашм (глаукома, трахома, кератит, иллати асаби босира, мас., заҳролудӣ аз спирти метил ва ғ.), инчунин баъд аз садамаи ғӯзаи чашм, осеби косахонаи чашм, зарбулати косахонаю мағзи сар инкишоф меёбад. Он бештар дар натиҷаи касалии глаукома ва осеби чашм пайдо мешавад. Аз ин рӯ, муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ барои пешгирии бемориҳои чашм, махсусан дар саноат ва кишоварзӣ, пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани амрози чашм, хусусан глаукома, чораҳо мебинанд
Барои ҷалб кардани нобиноён ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани дараҷаи фарҳангии онҳо Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон корҳои зиёдеро амалӣ мегардонад. Ба аъзоии ҷамъият одамон аз 14-солагӣ, ки қувваи босираашон дар чашми нисбатан сиҳат то 0,08 (бо айнак) аст ва шахсоне, ки доираи нигоҳашон якбора танг шудааст, қабул карда мешаванд.
Ҳанӯз дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ қонуни давлат дар бораи бо кор таъмин кардан ва таълиму тарбияи касбии нобиноён қабул шуда буд. Қонун ба ин гуна шахсон имконият дод, ки баробари одамони бино хонанд ва меҳнат кунанд. Масъалаи бо кор таъмин кардани нобиноён пурра ҳал шудааст. Нобиноёне, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, асбобҳои баландшиддат ва пастшиддат, таҷҳизоти техникаи нур, маснуоти дастгоҳҳои барқӣ тайёр мекунанд. Дар асоси ташкили дурусти меҳнат барои онҳо шароити муносиб ва бехатари кор муҳайё карда мешавад.
Бисёр нобиноён ба меҳнати фикрӣ машғуланд. Дар байни онҳо муаллимони мактабҳо, артистон, шоирони боистеъдод ва ғ. кам нестанд.
Категория: К | Добавил: Sharaf (03.03.2013)
Просмотров: 339 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия