• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » К

КОНТУЗИЯ
КОНТУЗИЯ (Contusio), иллатест, ки дар натиҷаи сахт лат хӯрдан, ногаҳон паст ё баланд шудани фишори атмосфера, аз таъсири вибратсия (ҳангоми зарби таркиши сахт) ба амал меояд. Дар зери тӯдаи рег ё санг мондан, ҳамчунин аз баландӣ пуштнокӣ (рӯйнокӣ) ба об афтидан низ сабаби К. шуда метавонад. Баъзан истилоҳи «контузия»-ро ба маънои латхӯрӣ истифода мебаранд, вале дар ин сурат, албатта, узв ё ҷои иллатёфтаро номбар мекунанд (мас., К. - и мағзи сар).
Ихтилоли ҳуш аломати асосии К. мебошад. Дар аснои К.-и сабук беҳушӣ чанд дақиқа давом кунад ҳам, фаъолияти нафаскашӣ ва кори узвҳои дилу раг вайрон намешавад. Ҳангоми К.-и вазнин одам тамоман беҳуш мегардад. Беҳушӣ аз чанд соат то чанд шаборӯз давом карда, аксар вақт бо осеби фаъолияти дил ва нафаскашӣ ҷараён мегирад, иллати узвҳои дарун (мас., гурда), устухон, мағзи сар, шикастани дасту по, қабурға низ ба мушоҳида мерасад. Баъди К.- и миёна ва вазнин сар чарх зада, дарди сар, ихтилоли қувваи сомеа ва нутқ (ҳатто то карию гунгӣ) ба амал меояд. К. ҳар қадар сабук бошад, табобаташ ҳамон қадар осон аст.
Осебдидаро сарфи назар аз дараҷаи вазнинии К. фавран ва эҳтиёткорона ба наздиктарин муассисаи табобатӣ бояд бурд; агар ӯ беҳуш бошад, албатта бо занбар мебаранд. Агар К. дар натиҷаи захмдорӣ ва шикастани устухон ба амал ояд ё хунравиро муваққатӣ боздоштан зарур бошад, ба осебдида дар ҳамон ҷое, ки флокат рӯй додааст, фавран ёрӣ мерасонанд. Ҳангоми К.-и вазнин нафасдиҳии сунъиро фақат бо усули «даҳон ба даҳон» бояд гузаронд.
Категория: К | Добавил: Sharaf (03.03.2013)
Просмотров: 163 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия