• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » К

КОРСЕТИ ОРТОПЕДӣ
КОРСЕТИ ОРТОПЕДӣ, ҷиҳозест барои ноҷунбон нигоҳ доштани сутунмӯҳра ҳангоми шикастан, иллат ёфтан ва қаҷ шудани он. К. о.-ро аз масолеҳи гуногун (пӯст, матоъ, гаҷ, нитролак, ҷабираи филизӣ, пластмасса ва ғ.) аз рӯи қолаби гач тайёр мекунанд. К. о. бояд зич ҷафс шуда, сутунмӯҳраро мустаҳкам нигоҳ дорад. Духтур вобаста ба хусусияти беморӣ К. о.-и ноҷунбон таъин мекунад. К. о.-и ноҷунбон дар аснои сили сутунмӯҳра, шикастан ё баъди ҷарроҳии он истифода мешавад. Он барои беҳаракат нигоҳ доштани мӯҳраҳои осебдида ва қисман бартараф намудани фишор муҳим аст. Чунин корсетҳоро ҳангоми миёндарде, ки аз иллат ёфтани қисми камарию чорбандии сутунмӯҳра пайдо шудааст (мас., остеохондроз, спондилолистез ва ғ.) тавсия медиҳанд. К. о.- и ислоҳӣ ба кӯдакони гирифтори сколиоз (ба тарафи рост ё чап каҷ шудани сутунмӯҳра) барои пешгирии минбаъд каҷ шудани сутунмӯҳра ва қисман рафъ намудани каҷшавӣ дода мешавад. Мӯҳлати пӯшида гаштани корсетро духтур муқаррар мекунад. Аз рӯи таъиноти духтур варзиши шифоӣ ва масҳи мушакҳои бадан зарур аст, чунки дар натиҷаи бардавом пӯшида гаштани К. о. мушакҳои тан суст мешаванд. К. о.-ро бояд аз рӯи майка ё куртаи трикотажии пахтагин пӯшид. К. о.-и филизӣ ва паластмассиро шустан мумкин аст.
Категория: К | Добавил: Sharaf (03.03.2013)
Просмотров: 176 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия