• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » К

КОСИ ТАНГ
КОСИ ТАНГ (Pelvis contracta), як навъ нуқси анатомӣ. Шакл ва андозаи коси зан барои таваллуд аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, духтури машваратгоҳи занона коси занро чен мекунад. К. т. барои гузаштани тифл, хусусан сар, мамониати ҷиддӣ мерасонад. Ҳангоми ин таваллуд тӯл кашида, вазнин мегузарад, баъзан бо фоҷиа меанҷомад. Тангии кос мумкин то дараҷае зиёд бошад, ки номувофиқатии куллии байни андозаи кос ва сари тифл ба миён ояд. Ин боиси осеби тавлидии навзод ва диг. оризаҳои ногувор шуда метавонад. Дар ин сурат ҷарроҳии гуногуни акушерӣ мегузаронанд (мас., Чоки қайсар). Номувофиқатӣ ҳангоми мӯътадилии андозаи кос, вале калон будани сари тифл низ метавонад ба амал ояд.
Занҳои косашон танг ё тифлашон калонро ду ҳафта пеш аз зодан ба шӯъбаи бемориҳои таваллудхона мехобонанд. Дар натиҷа аворизи ногувори марбут бо К. т. - ро метавон пешгирӣ кард.
К. т. оқибати инфантилизм (инкишофи нокифояи узвҳои таносул), рахит, сили косу рон ва бемориҳои дигаре, ки боиси тағйири шакли кос мегарданд, шуда метавонад. Аз ин рӯ, барои пешгирии К. т. мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва амрози дигари овони кӯдакӣ аҳамияти калон дорад, зеро онҳо ба инкишофи ҷинсии духтарчаҳо монеъ мешаванд. Пешгирии рахит низ хеле муҳим аст.
Категория: К | Добавил: Sharaf (03.03.2013)
Просмотров: 398 | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия