• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » К

КОСНӣ
КОСНӣ (Cichorium intybus), коснич, шири харак, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 150 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги пармонанд, гултӯдаи сабадак, гули нилгун ё кабуд дорад. Аз баҳор то тирамоҳ гул мекунад. Одатан дар канори рӯд, роҳ, боғу саҳро, заминҳои партову бекорхобида, ғаллазору юнучқазор мерӯяд. Дар ҳама ноҳияҳои ҷумҳурӣ вомехӯрад.
К. гиёҳи доруист. Хосияти шифобахшии он ба табибони номӣ Фарскал, Горатсий, Теофраст, Ҷолинус маълум буд. Абӯалии Сино К.-ро барои табобати нуқсонҳои дилу ҷигар ва узвҳои ҳозима истифода мекард. Бино ба маълумоти «Махзану-л-адвия» К. қабзиятро мекушояд, ба ҷигар таъсири мусоид мерасонад, роҳҳои пешоб ва гурдаро тоза мекунад. Ҷӯшоби решаи К.-ро ҳангоми зардпарвин ва обхӯра истифода мебаранд. Ҷӯшоби шохча, барг, гул ва решаи он барои табобати табларзаи музмин ва шадид, обхӯра, иллати сипурз, варами дасту по тавсия шудааст.
Дар тибби халқии тоҷикон К.-ро аз қадим кор мефармоянд. Бо обзани он кӯдаконро ҳангоми офтобзадагӣ табобат менамоянд. Хокистари К.-ро ба қаймоқ омехта ба шукуфа, захму ҷароҳат мемоланд. Шираи К.-и сабз барои муолиҷаи вараҷа истифода мешуд. К. барои илоҷи бемориҳои ҷигар ва зардпарвин муфид аст. Барои ин 40 г (4 чумча) баргу пояи хушк ё 200 г (2 чумча) решаи майдакардаи онро дар 1л об 30 дақиқа ҷӯшонда, рӯзе 2 – 3 маротиба ¼ истакон менӯшанд. Ҷӯшоби гули К. ва бобунаро барои дармони нуқсонҳои гурда, сипурз, ҷигар ва меъда ба кор мебаранд. Шираи К. дарди шикамро таскин мебахшад; решаи тараки онро ҳангоми исҳоли хунин истеъмол мекунанд. Тухми К. ҳамчун давои табшикан ва арақовар машҳур аст. Сокинони Дарвозу Қаротегин барги К.-ро кӯфта ба омосҳо мебанданд. Дар тибби муосир решаи К. барои муолиҷаи диабет ва иллати ҳозима ба кор меравад. Ба ақидаи табибони халқӣ реша ё тухми К.-ро дар об ҷӯшонда, он обро дар даҳон гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Барги онро кӯфта, бо орди ҷав хамир сохта гузошта банданд, дилбозиро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад. К.-ро бихӯранд, гиреҳи ҷигарро мекушояд, зардпарвин ва истисқои гармро шифо мебахшад, гиреҳҳои рагҳоро мекушояд, ҷигарро қувват медиҳад. Барги тар, тухм, гул ва решаи К.-ро дар об ҷӯшонда он обро бинӯшанд, иллатҳои сипурзро шифо мебахшад, варами дасту поро ба ибро меорад.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Категория: К | Добавил: Sharaf (03.03.2013)
Просмотров: 292 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия