• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » К

КРЕМ
КРЕМ (дар косметика), омехтаи равғанҳои ҳайвоноту наботот, моддаҳои равғанмонанд, мум, эмулгаторҳо (моддаҳои эмулсияофар) ва об. Пӯст равғанро ҷаббида, нарму чандир мешавад. Крем пӯстро аз таъсири номусоид ва пайдоиши чинҳо ҳифз менамояд.
К. равғанин, эмулсиявӣ ва махсус мешавад. Азбаски К.-ҳои равғанин аҳамияти камтар доранд, онҳоро истеҳсол намекунанд. К.-ҳои эмулсиявӣ обдор буда, вобаста ба миқдори об ғализ ё обакӣ мешаванд. К.-ҳоро бо роҳи илова кардани витаминҳо, қиёмҳои гиёҳу мева ва сабзавот хушсифат менамоянд. Мас., витаминҳои А, Е, Ғ-ро пӯст ҷаббида ботароват мешавад. Кремҳои «Алёнушка», «Астра», «Атласний», «Витаминний», «Идеал», «Людмила», «Невский», «Утро» витамин доранд. Дар таркиби К.-ҳои «Свобода», «Малахит», «Камелия», «Лесная нимфа»ва «Принсесса» ғайр аз витамин моддаҳои дигар низ мавҷуданд.
К.-ҳои «Алоэ», «Биокрем», «Огуречное молоко», «Ромашка», «Росинка», «Флора», «Ягодка» аз қиёми растаниҳои доруӣ ва гиёҳу мева, «Волшебнитса», «Лида», «Пчёлка» аз асал ва апилак (шири модарзанбӯр) таркиб ёфтаанд.
Ба К. моддаҳои доруӣ (сулфур, календула) низ илова мекунанд (мас., К.-и «Улибка» барои муолиҷаи рихинак, «Особий» барои нарехтани мӯй ва ғайра).
Барои нарм ва тоза кардани пӯст К.-ҳои обакии ширмонанд («Ланолиновое молоко», «Миндалное молоко», «Огуречное молоко» ва ғ.), К.-ҳои «Бархатний», «Дайне»-ро истифода мебаранд. Рӯйро бо ин кремҳо тоза мекунанд, онҳоро пеш аз упо задан низ мемоланд.
Барои тағзияи пӯст К.-ҳои махсус мебароранд, ки аз онҳо барои пӯсти хушк «Алёнушка», «Вечер» (барои пилки чашм), «Восторг», «Грёзи», «Лада», «Ланолиновий», «Люкс», «Нектар», «Питателний», «Ромашка», барои пӯсти равғанин «Земляничний», «Идеал», «Косметический», «Невский», «Росинка», «Снежинка», «Увлажняюший», «Улибка» муфиданд.
Ба пӯсти ниҳоят ҳассос, ки сурх шуда, сабӯсак пайдо мекунад, К.-ҳои «Кристалл», «Лотос», «Миндалное молоко» нафъ дорад.
К.-и ғизодеҳро ба пӯсти рӯй ва гардан тунук молида, баъди 30 дақ. бо сачоқча ё пахтаи тар пок мекунанд. Шабона ба рӯй К. молида хобидан мумкин нест.
К.-ҳои муҳофиз («Луч», «Шит») пӯстро аз таъсири офтоб нигоҳ медоранд, ба пайдоиши доғи кунҷидак монеъ мешаванд. Таъсири онҳо 2 – 3 соат аст. Агар ба даст К.-ҳои «Велюр», «Зашитний», «Силиконовий» моланд, моддаҳои химиявӣ (кислота, ишқорҳо), кам асар мекунанд.
К.-ҳои «Весна», «Мелан», «Ахромин», «Чистотел» ранги пӯстро сафед ва «Особий» мӯйро муқаввӣ мегардонанд.
Агар кас К.-ҳои «Геолог», «Тайга», лосйони «Ангара»-ро молад, ӯро хомӯшаку пашша намегазад.
К.-и рӯйро бояд ҳар рӯз молид. Пӯст ба ҳар намуди крем дар тӯли як моҳ одат мекунад, бинобар ин сари чанд вақт К.-и дигарро истифода бурдан лозим аст. Бо мақсади ба пӯст осеб нарасондан К.-ро бо ангушт оҳиста-оҳиста ва мувофиқи хобиши чинҳо мемоланд ва ҳамин тавр пок мекунанд.
Ба рӯй К. молида ба кӯча баромадан мувофиқи мақсад нест, зеро тобистон аз равғани К. нафасгирии пӯст душвор мегардад ва зимистон оби К. бухор шуда, пӯст хунук мехӯрад.
Категория: К | Добавил: Sharaf (03.03.2013)
Просмотров: 559 | Рейтинг: 4.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия