• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » К

КУБРО
КУБРО (Naja oxiana), як навъ мор. К. ҳангоми қаҳр сеяки ҷасади пеши худро рост мебардорад ва гарданашро ба шакли кафи даст васеъ мекунад. Дар қисми пеши ҷоғи боло дандонҳои калони заҳрнок дорад. Дарозиаш то 180 см; дар доманакӯҳҳо (то 1600 м аз с. б.), водиҳо, дараҳо, байни сангҳо, буттаю, харобазор, тӯқайҳо, лонаи хояндаҳо, зиндагӣ мекунад. К. нағз шино карда, ба дарахт мебарояд. Дар нимаи дуюми рӯз ва шом фаъол аст; вақти гармии рӯзро дар соя ва хилватгоҳ мегузаронад. Ҳангоми ба одам дучор шудан, кӯшиш мекунад, ки пинҳон шавад. Ғизои К. обхокиҳо, хояндаҳо, тухми паррандаҳо, баъзан худи паррандаҳо мебошанд. Аз 8 то 45 тухм мегузорад; морбачаҳо авг. – сент. аз тухм мебароянд.
Аз заҳри К. мушакҳо ва узвҳои гуногун фалаҷ мешаванд; он ба воситаи хун метавонад ба меъда ва луобпардаи чашм таъсир расонад.
Аз заҳри К. наяксин (Naiaxinum) ном дору таҳия мекунанд. Онро ба зери пӯст ё ба мушак рӯзе 1 маротиба мефиристанд. Тазриқи доруро аз 0,2 мл сар карда, вояро тадриҷан 0,1 – 0,2 мл меафзоянд. Фосилаи байни ҳар маротибаи тазриқ 1 – 3 рӯз аст. Вояи якдафъагии бештарини дору барои тазриқ 2 мл мебошад. Як даври муолиҷа аз 12 то 20 тазриқ иборат аст. Муолиҷаро баъди 4 ҳафта метавон такрор кард. Наяксин дар шакли ампула (1 мл) истеҳсол мешавад. Ба рӯйхати доруҳои гурӯҳи А мансуб аст. Онро дар ҷои салқин ва торик нигоҳ медоранд.
Категория: К | Добавил: Sharaf (03.03.2013)
Просмотров: 248 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия