• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » К

КУНҶИД
КУНҶИД (Sesamum indicum), кунҷит, сим-сим, гиёҳест яксола. То 50 – 150 см қад мекашад. Пояи рости сершохча, барги мудаввар ё нештаршакли думчадор, гули зангӯлачашакли сафед, гулобӣ ё бунафш, ғӯзаи сабз ё сурхтоби дарозрӯя, тухми зағирмонанди сафед, зард, қаҳваранг ё сиёҳ дорад. Июн – сент гулу мева мекунад. К. дар саноати хӯрокворӣ, консерв, қаннодӣ, тиб ва техника истифода мешавад. Дар байни тоҷикон ҳалво ва нони кунҷидӣ аз қадим маъмул аст.
Дар тибби қадим ба сифати дору тухм, равған ва шираи баргу пояи К.-ро истифода мебурданд. К. давои баҳаморанда, нармсозанда ва гармибахш ҳисобида мешуд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино К. доғи кабуд (доғи латма) ва хуни дар зери пӯст шахшударо нест мекунад. Нӯшидани об ва истифодаи марҳами он кафидагиҳо ва дуруштиҳои пӯстро рафъ менамояд. К., бахусус шираи шохча ва барги он, мӯйи сарро дароз ва сабӯсакро нест мекунад. Мӯрди дар равғани К. ҷӯшонида ба мӯй устуворӣ мебахшад. К. омосҳои фасоддорро дуруст карда, барои захмҳои сӯхта ва варами чашм муфид аст, ҳангоми нафастангӣ ва бемадорӣ низ нафъ дорад. Равғани бо андаке равғани садбарг омехтаи он сардардро таскин мебахшад.
Табибони чинӣ тухми К.-ро чун воситаи рӯҳафзо ва позаҳр истифода мебаранд, онро ба ҷойҳои кафидаи пӯст мемоланд. Равғани бо шираи сабр (алоэ) ва шарбати ангур омехтаашро ҳангоми дерматитҳо ва зиқи нафас кор мефармоянд.
Табибони мардумии тоҷик равғани К.-ро барои муолиҷаи ҷароҳат, захмҳои сӯхта, ҷойҳои кафидаи пӯст, гӯшдард, хушкидани димоғ тавсия медиҳанд. Бо марҳами барги К. ҷароҳатҳо, ҳафтпӯст, хасмол ва ҷойҳои газидаи ҳашаротро табобат мекунанд. Равғани онро (20 – 30 г) ҳангоми гастрити музмин, колит, холесистит ва холангит мехӯранд. Дар мавриди шамолхӯрӣ, сулфаи музмин, зуком, халаи меъдаву рӯда, илтиҳоби гурда, дарди санги гурда, хунравии узвҳои дарун ҳар пагоҳӣ нӯшидани як чумча равғани К. нафъ дорад. Он давои исҳоловар ва киҷҷарон низ мебошад.
Ба ақидаи табибони мардумӣ аз кӯфтаи К. шира кашида бо набот биёшоманд, сӯзиши меъда ва сурхрӯдаро дафъ мекунад. К.-ро бо тухми зағир бихӯранд,боҳро қувват мебахшад, маниро зиёд мекунад. Бо обе, ки дар он решаи К. ҷӯшонда шудааст сарро бишӯянд, мӯй дароз ва сабӯсак нест мешавад. Равғани К.-ро бо сафедии тухми мурғ даромехта бимоланд, сахтӣ ва варамҳои чашмро таҳлил медиҳад, аз он ва муми занбӯри асал мумравған таҳия карда, ба рӯй бимоланд, ранги чеҳраро соф, неку ва мулоим мекунад.
Дар тибби муосир равғани К. барои тайёр кардани маҳлулҳои инъексионӣ, линимент, марҳаму пластир истифода мешавад. Равғани К. миқдори тромбоситҳоро зиёд мекунад, ҷараёни лахтбандии хунро метезонад. Бинобар ин он барои муолиҷаи бемории Верлгоф ва диатезҳои хунрез тавсия дода мешавад.
Ад.: Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.
Категория: К | Добавил: Sharaf (03.03.2013)
Просмотров: 312 | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия