• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » К

КУРОРТОЛОГИЯ
КУРОРТОЛОГИЯ (аз курорт ва … логия), як соҳаи тиб, ки омилҳои табиии табобатӣ (обҳои минералӣ), лойҳо, хусусиятҳои иқлиму маҳал ва таъсири онҳоро ба организм меомӯзад, усулҳои босамари барои пешгирии табобат истифода бурдани онҳоро пешниҳод мекунад.
К. балнеология, балнеотерапия (муолиҷа бо обҳои минералӣ), блнеотехника (асбобу дастгоҳҳо барои тоза нигоҳ доштани обҳои минералӣ), таълимот оид ба лойҳои шифобахш, физиотерапия, климатотерапияи курортӣ, масъалаҳои ташкилӣ, баплангирӣ ва сохтмони курортҳоро дарбар мегирад. К. бо климатология, физиология ва диг. илмҳои клиникию гигиенӣ алоқаи зич дорад.
Дар Тоҷикистон омӯзиши илмии курортҳо ва ба мақсади табобат истифода бурдани онҳо аз с. 1930, бо ташкил ёфтани экспедитсияҳои Ин-ти балнеологияи Комиссариати халқии тандурустии РСФСР, Ин-ти тиббии Тошкент ва диг. муассисаҳои илмии мамлакат оғоз ёфт. Бо ташкил ёфтани Ин-ти давлатии тиббии Тоҷикистон (1939) ба омӯзиши К. кафедраҳои гуногуни он, инчунин духтурони худи курортҳо машғуланд. Дар натиҷаи иктишофҳои гидрогеологӣ дар ҷумҳурӣ захираҳои калони обҳои минералӣ ва лойҳои шифобахш муайян карда шуданд.
Дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ Шӯрои назорати курортҳои иттифоқҳои касаба ва Ҷамъияти илмию амалии курортшиносон ва физиотерапевтҳо мавҷуд аст.
Ад.: Новохатный И. В., Белкин К. Я., Лечебные местности Таджикистана. Сталинабад, 1952; Кирадиев Х. Г., Минеральные воды и здравницы Таджикистана, Д., 1962; Вопросы бальнеотерапии на курортах Таджикской ССР, Д., 1966; Мадумаров В., Грязолечение в Таджикистане, Д., 1970.
Категория: К | Добавил: Sharaf (03.03.2013)
Просмотров: 195 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия