• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » К

КУВЕЗ
КУВЕЗ, олатест барои ба вуҷуд овардани ҳарорат, намнокӣ ва таркиби ҳавои мувофиқ (инкубатори тиббӣ) ё нигоҳ доштани ҳарор. доимии бадан (катча – гармкунак). Барои парваришу нигоҳубини навзодоне, ки раванди танзими ҳарорат дар онҳо халал ёфтааст, истифода мегардад, мас., афгона, кӯдакони вазнашон кам, инкишофашон суст, бемор (пневмония, осеби дарунии косахонаи сар ва ғ.).
К. филизӣ буда, бо таҷҳизоти барқӣ ва сарпӯши шаффоф муҷаҳҳаз гаштааст; дар зери сарпӯш ҳарорат, намнокӣ ва таркиби ҳаво ба таври автоматӣ як хел нигоҳ дошта мешавад. Бисёр К.-ҳо дар болои аробачаи махсус насб шудаанд. Дар К. ҳарорати ҳаворо вобаста ба вазн, син ва ҳолати саломатии кӯдак муқаррар мекунанд, яъне аз 32 то 36° (ҳангоми ин ҳарорати тани кӯдак бояд 35,8 – 36,5° бошад). Дар рӯзҳои аввали ҳаёти кӯдак намии нисбии ҳаво дар ҳудуди 90 – 95% нигоҳ дошта шуда, минбаъд онро тадриҷан ба 55 – 60% (дар охири ҳафтаи аввали ҳаёт) мерасонанд. Миқдори оксиген набояд аз 40% зиёд бошад, вагарна рух намудани фиброплазияи пасибулӯракӣ (осеби вазнини асаби босира ва зуҷоҷияи чашм), ки боиси нобиноӣ мешавад, аз эҳтимол дур нест.
Камераи шаффоф, ки дар он кӯдакро нигоҳ медоранд, қаблан бо маҳлулҳои антисептикӣ ва афканишоти ултрабунафш гандзудоӣ карда мешавад. Шаффоф будани девораи камера имкон медиҳад, ки ҳолати кӯдакро назорат кунанд. Барои нигоҳубини кӯдак ва дорую дармон кардани ӯ девораҳои паҳлӯии камера сӯрохиҳои махсус доранд, ки кушода ва пӯшида мешаванд. Мӯҳлати дар К. нигаҳдорӣ шудани кӯдак, одатан, аз 2 – 3 рӯз то 1 – 2 ҳафта аст. Баъди ҳар 3 – 4 рӯз К.-ро иваз ва гандзудоӣ мекунанд. Кӯдаке, ки саломатиаш хуб ва вазнаш 1600 – 1800 г шудааст, ба катча-гармкунак гузаронда мешавад. Вай тағорачаи махсуси иборат аз шишаи органикӣ буда, бо гармкунаки барқӣ муҷаҳҳаз аст (ҳарор. дохили он 28 – 29° мебошад). Вобаста ба беҳтар гаштани ҳолати кӯдак, ҳароратро тадриҷан паст мекунанд. Пас аз барқарор гаштани танзими ҳарорат ва инкишоф ёфтани кӯдак (вазни на камтар аз 1900 г) ӯро ба катчаи муқаррарӣ мехобонанд.
Категория: К | Добавил: Sharaf (03.03.2013)
Просмотров: 239 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия