• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАҚИҚА
ШАҚИҚА, дарди нимсара, мигрен, бемориест, ки аломати асосии он хуруҷи дард дар нимаи рост ё чапи сар мебошад. Бештар занон гирифтор мешаванд. Одатан, ихтилоли танзими асабии тонус дар рагҳои пардаи мағзи сар сабаби Ш. гардида, аксар вақт тамоюли ирсию оилавӣ ба иллат ёфтани рагҳои хун мусоидат менамояд. Беморӣ бештар дар давраи балоғати ҷинсӣ оғоз меёбад. Хурӯҷи Ш. маъмулан баъди изтироб ё хастагӣ рух медиҳад. Басомад ва шиддати хуруҷи дард ба мурури синну сол тағйир меёбад; он бисёр вақт ба тарзи зиндагӣ, тартиби меҳнату истироҳат ва тағзия вобаста аст. Беморӣ баъди истеъмоли баъзе анвои хӯрок (панир, хӯроквории дудхӯрда, шоколад), тамокукашӣ, аз ғалоғулаи сахт, рӯшноии баланд низ шиддат мегирад. Хуруҷи дард дар занон ба фосилаи муайяни давраи ҳайз вобаста аст. Беморон пеш аз хуруҷи дард ташнагӣ, гуруснагӣ, тағйири кайфият, хоболудӣ ҳис мекунанд, пеши чашм нуқтаҳои дурахшон милтос мезананд. Ҳангоми Ш. ними сар, бештар атрофи чака ба дард меояд, дил беҳузур шуда, бемор қай мекунад, пас аз он дард як қадар кам мешавад. Хуруҷи дард аз 2 – 3 соат то чанд шаборӯз давом мекунад. Дар давраи хуруҷ накардани беморӣ одамони гирифтори Ш. комилан солиманд.
Беморро бояд духтур табобат кунад. Барои сабук ё қатъ кардани хуруҷ дар мавриди пайдо шудани нишонаҳои пешакии он аспирин, аналгин ё амидопирин истеъмол намудан мумкин аст. Аз ангезандаҳои пурзӯр (овози гӯшхарош, рӯшноии баланд ва ғ.) худро ба канор бояд гирифт. Риояи тартиби рӯз ва истеъмоли бонизоми хӯрок судманд аст.
Ниг. низ Сардард.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 247 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия