• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАҲВАТ
ШАҲВАТ, боҳ, либидо, аз ғаризаи ҷинсӣ ва эҳтиёҷи таносулӣ сар мезанад. Ш. инъикоси модарзоди механизмҳои генетикист. Эҳтиёҷи шаҳвонӣ дар кӯдакон дар рафти балоғати ҷинсӣ ташаккул меёбад. Он дар давоми тамоми ҳаёт боқӣ намонда, бо барҳам хӯрдани қобилияти ҷинсӣ нест мешавад. Хусусиятҳои муҳими Ш.-и инсон дар он аст, ки ғаризаҳои дар асоси ин майл ҷойгирифта вазифаи тобеонаро иҷро мекунанд, чунки онҳо бо шаклҳои барои инсон махсуси фаъолияти олии асаб боздошт ва назорат карда мешаванд. Агар амалӣ гардондани ғаризаи ҷинсии ҳайвонот, одатан, ба мақсади биологӣ, яъне ба таҷдид ва маҳфуз доштани намуд равона шуда бошад, Ш.-и инсон аз бисёр ҷиҳат хосияти биологии худро гум ва ҷиҳатҳои наве пайдо кардааст, ки ба зудудани ташаннуҷи рӯҳӣ ва лаззат вобастаанд. Инсон ҳисси шаҳвонии худро бошуурона ва бо мақсад қонеъ мегардонад. ӯ метавонад бидуни мақсади идомаи насл низ талаботи шаҳвонии худро қонеъ кунонад. Ш.-и одам тобеи хосиятҳои олӣ – шуур ва ирода аст. Талаботи ҷинсии инсон, чун дигар эҳтиёҷоти ӯ, ба туфайли тарбия, яъне ворид гаштан ба олами маданияти инсонӣ, дигаргун сохта шудаанд.
Ш. дар навбати аввал ба фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ (гипофиз, хояи мардон ва тухмдони занон, ғадудҳои болои гурда, ғадуди сипаршакл) ва баъзе ташкилаҳои мағзи сар, мас., теппачаи босира (ниг. Системаи асаби марказӣ), инчунин ба маҷмӯи рефлексҳои шартии дорои хосияти ҷинсӣ, ки дар қишри мағзи сар ташаккул меёбанд, алоқаманд аст. Ба маънои васеъ мафҳуми Ш. ба ном унсури энергетикиро дар бар мегирад, ки он модарзодӣ буда, ба амали якҷояи системаи асаб ва омилҳои хилтӣ (моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол – гормонҳо, медиаторҳо) ва ба истилоҳ доминантаи ҷинсӣ вобастагӣ дорад. Доминантаи ҷинсӣ боиси тобиши таносулию ишқӣ гирифтани Ш. мегардад, диққатро ба ҷуфти таносулӣ равона карда, механизмҳои модарзод ва ғаёримодарзоди фардии (рефлексии шартӣ) Ш.-ро ба ҳам муттаҳид месозад. Механизмҳои модарзодӣ возеҳият ва неруи Ш.-ро таъмин мекунанд, ки ҳанӯз дар сершаҳватии давраи ҷавонӣ баръало зоҳир мегардад (ниг. Балоғати ҷинсӣ). Аслан дар ҳамин давра аз таъсири Ш.-и зиёд маҷмӯи рефлексҳои шартие ташаккул меёбанд, ки барои тамоми ҳаёт боқӣ мемонанд ва тамоюли Ш.-ро муайян мекунанд, ба он тобиши махсуси шаҳвонию ишқӣ медиҳанд. Ин механизмҳо метавонанд фақат дар дараҷаи муайяни балоғати ҷинсӣ ташаккул ёбанд. Агар дар натиҷаи ягон ихтилоле ҷинсият ба дараҷаи балоғат нарасад, ягон ангезаи берунӣ Ш.-ро бедор карда наметавонад. Дар айни ҳол синну соле, ки дар он Ш. бедор мешавад, хеле гуногун буда, ба таъсири муҳит, тарбият, васоити ахбори умум ва ғ. вобаста аст. Дар давраи балоғати ҷинсӣ муаллимон ва волидон бояд саъй кунанд, ки Ш. дар кӯдакон пеш аз мӯҳлат бедор нашавад.
Зуҳуроти Ш.-и синни болиғиро, ки дар ин давра ҳаёти ҷинсӣ ҳамоҳангии аз ҳама бештаре дорад, ҳамчун меъёри шартии фардӣ ҳисоб кардан мумкин аст, чунки дар давраи ба истилоҳ сершаҳватии дараҷаи ҷавонӣ Ш. бешубҳа аз ҳад зиёд буда, вале дар синни солхӯрдагӣ хеле паст аст. Тағйироте, ки дар ҳисси шаҳвонии мардон ба амал меояд, дар тамоми фаъолияти ҷинсии онҳо – эрексия (нууз), эякулятсия (инзол) ва оргазм зоҳир мегардад. Хусусияти муайяни даврӣ доштани Ш.-и занон ба ҳайз вобаста аст. Бо гузаштани синну сол паст шудани ҳисси шаҳвонӣ дар организм як қатор тағйирот ба амал меоварад. Ин тағйирот дар организми занон бештар зуҳур меёбад (ниг. Давраи климакс).
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 430 | Рейтинг: 3.5/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия