• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАБДАРТУРШАК
ШАБДАРТУРШАК (Oxalis corniculata), туршак, гиёҳест як ё дусола. Аз 5 то 25 см қад мекашад. Пояаш борик, ба мисли себарга аз бандҳояш реша меронад. Баргаш аз 3 баргча иборат аст. Думчаи баргаш дароз (3 – 10 см), баргчааш дилшакл (дарозиаш 7 – 13 мм, бараш 6 – 16 мм), гулаш зангӯлашакл (дарозии гулбаргааш 5 – 10 мм, бараш 1,5 – 2 мм), зард ё гулобитоб. Ғӯзааш 5-қирраи нӯгтез (дарозиаш 1 – 2,5 см, бараш 2 – 3 мм), тухмаш дорчинӣ (дарозиаш 1,2 – 1,5 мм). Май – июн гул карда, тухмаш моҳи авг. мепазад.
Асосан дар ҷангалзори гармсери қ-кӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (500 – 1500 м аз с. б.) мерӯяд. Бештар дар ҷойҳои серрутубат, лаби ҷӯй, канори чашмасор ва сояи дарахтон месабзад.
Ш. гиёҳи доруӣ ва хӯрданист. Барги онро чун шилха мехӯранд. Поя ва баргу гулашро доруи пешоброн меҳисобанд. Дар фитотерапия (табобати наботӣ) бо барги Ш. касалиҳои ҷигару гурда, заъфарма (ярақон) ва зангиларо муолиҷа мекунанд. Истеъмоли зиёди барги тару тозаи Ш. боиси осеб ёфтани гурда шуданаш мумкин аст. Гулаш сершаҳд мебошад.
Ба ақидаи табибони мардумӣ агар Ш.-ро пухта бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад, истеъмоли решаи он исҳоли хунинро манъ мекунад, харошидагии рӯдаҳоро дафъ мегардонад, обравии бачадонро ислоҳ менамояд. Решаи Ш.-ро дар об ҷӯшонда, он обро бинӯшанд, зардпарвинро шифо мебахшад, санги гурда ва пешобдонро майда карда мерезонад. Истеъмоли тухми Ш. барои бемориҳои дил, меъда, ҷигар, рӯдаҳо нофеъ аст; иллати дилбозиро шифо мебахшад, истеъмоли бирёни он исҳоли хунинро мебандад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
М. Ҳоҷиматов.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 238 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия