• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАБКӯРӣ
ШАБКӯРӣ (Hemeralopia; аз юн. hemera – рӯз, alaos – кӯр, кӯркунанда ва ops – чашм), гемералопия, ихтилоли қобилияти босираи инсон, ки дар натиҷа ӯ дар нимторикӣ ва шаб чизеро дида наметавонад. Ш. дар натиҷаи ихтилоли пайдоиш ва таҷзияи пигменти родопсин дар ҳуҷайраҳои чӯбчашакли шабакияи чашм, ки дар мӯътодшавии босира ба торикӣ аҳамияти калон дорад, ба амал меояд (ниг. Босира).
Ш.-и модарзодӣ, алоимӣ ва аслиро фарқ мекунанд. Ш.-и модарзодӣ дар синни кӯдакӣ ва аввали наврасӣ зоҳир шуда, бештар хусусияти оилавӣ-ирсӣ дорад. Ш.-и алоимӣ яке аз аломатҳои бемориҳои узвии чашм (табоҳии пигментатсияи шабакияи чашм, глаукома, наздикбинии аз ҳад зиёд ё оризанок) мебошад. Ш.-и аслӣ дар натиҷаи тағзияи пастсифат, бахусус ҳангоми норасоии витамини А дар ғизо (ниг. Витаминкоҳӣ), бемориҳои музмини ҷигар инкишоф меёбад.
Барои бартараф намудани Ш. бемории асосиро табобат кардан лозим аст. Барои ин новобаста ба сабабҳои пайдоиши Ш. истеъмоли хӯрокҳои сервитамин (хусусан витамини А, мас., ҷигари равғанмоҳӣ, маска, шир, панир, зардии тухм), маҳсулоти наботии дорои провитамини А (сабзӣ испанох, коқу, помидор, нахӯди сабз, инчунин марминҷон, черника, қоти сиёҳ, бектошӣ, олуболу, шафтолу, зардолу) тавсия дода мешавад. Пешгӯии натиҷаи табобат ҳангоми Ш.-и модарзодӣ душвор буда, ҳангоми Ш.-и алоимӣ аз хусусият ва вазнинии бемории асосӣ вобаста аст; фарҷоми Ш.-и аслӣ хуб мебошад.
Бо мақсади пешгирии Ш. истеъмоли хӯроки серғизо ва сари вақт муолиҷа кардани касалиҳои чашм муҳим аст.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 265 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия