• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАБУШАК
ШАБУШАК (Thlaspi arvense), гиёҳест яксола. Аз 3 то 70 см қад мекашад. Гулаш майда, сафедтоб. Мевааш ғилофаки гирда, сертухм. Тухмаш майдаи сиёҳтоб (вазни 1000-тоаш 1,25 – 1,75 г). Як бех Ш. то 10 ҳаз. дона тухм мебандад. Тухми Ш. дар хок қобилияти сабзиши худро 7 – 10 сол нигоҳ медорад. Ш. дар Тоҷикистон алафи бегонаи киштзору боғ ҳисоб мешавад, вале дар наздики истиқоматгоҳ, канори роҳ, замини партов, чарогоҳ ва ғ. (350 – 3800 м аз с. б.) низ мерӯяд.
Ш.-ро табибони халқӣ гиёҳи шифобахш мешуморанд. Онро ба шахсони гирифтори бемории зангила тавсия медиҳанд. Дорушиносон муайян кардаанд, ки қиёми барги тару тозаи Ш. хуншориро бозмедорад. Барги он сервитамин аст (то 100 мг% витамини С дорад). Баргашро ба хӯриш ҳамроҳ мекунанд. Тухми Ш. 20 – 34% равған дорад ва он дар техника ба кор меояд. Чорво Ш.-ро (то гулшукуфт) мехӯрад (он гоҳ аз шир бӯи сир меояд, ки ин ба гликозиди синигрини таркиби Ш. вобаста аст).
Ад.: Котт С.А., Сорные растения и борьба с ними, М., 1969; Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1978.
М. Ҳоҷиматов.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 245 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия