• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАБУШЗАНӣ
ШАБУШЗАНӣ, шабуш пайдо кардани одам. Шабуш ҳашароти хунмак, паразити одам ва ҳайвоноти ширхӯр буда, тамоми давраи ҳаёти вай дар мӯй ва либоси соҳибаш мегузарад. Беш аз 150 намуди шабуш маълум аст.
Дар одам мағлесак (шабуши сар), қалбуққа (шабуши либос) ва шабуши зиҳор паразитӣ мекунанд. Марҳалаи инкишофи онҳо чунин аст: тухм (ришк), кирмина, нимфа (зоча), шабуши болиғ (имаго). Барои тухмгузории шабуш ҳарор. 28 – 300С мувофиқ аст. Ришки шабуши модина ба мӯй ё нахҳои матоъ мечаспад. Мӯҳлати аз тухм баромадан ва инкишофи минбаъдаи кирмина низ ба ҳарорати муҳити зист вобастагӣ дорад. Тамоми давраи инкишоф на камтар аз 15 шаборӯз давом мекунад. Шабуши либос метавонад то 2 моҳ, мағлесак қариб 4 ҳафта зинда монад. Шабуш дар тамоми марҳалаи табдил (ғайр аз ришк) фақат аз хун ғизо мегирад. Шабуш паҳнкунандаи ангезандаҳои ҳасба, тифи бозгаштӣ, табларзаи хандақӣ мебошад.
Ш., одатан, ба бад будани шароити санитарию гигиенӣ, дараҷаи ҳаёти моддӣ ва мадании аҳолӣ вобаста аст. Ш. ҳамсафари бадбахтиҳои гуногуни иҷтимоӣ ва табиӣ мебошад.
Ҳангоми Ш.-и қисми мӯйдори сар, одам сарашро мехорад, дар натиҷа пӯсти сар осеб ёфта, бемориҳои гуногуни римнок пайдо мешаванд. Шабуши либос, ки асосан дар чинҳои либос маскун шуда тухм мегузорад (ба пӯст фақат барои ғизогирӣ мегузарад), он ҷойҳои либосро, ки ба бадан зич часпидааст (зери бағал, қадкашак, тахтапушт ва ғ.), иллатнок мекунад. Дар ин ҷойҳои пӯст дар натиҷаи харошидан мумкин аст рихинак, пучак ва ғ. пайдо шаванд. Ҳангоми Ш.-и бардавом пӯсти ин ҷойҳо сахт мешаванд. Шабуши зиҳор бештар пӯсти зери ноф ва чатан (Ш. ҳангоми мубошарат ба амал меояд), баъзан абрӯ ва мижаҳоро иллатнок мекунад.
Барои пешгирии Ш. баланд бардоштани савияи зиндагии аҳолӣ, тарғиби маълумоти санитарӣ, беҳтар кардани хизмати ҳаммому ҷомашӯйхонаҳо ва ғ. зарур аст. Пешгирии шахсӣ мунтазам шустани тан (дар як ҳафта камаш ду маротиба), иваз кардани либоси таг ва рахти хоб, тез-тез шона кардани мӯи сар, хусусан мӯи бачагонро дар бар мегирад; ҳангоми ғайриқаноатбахш будани шароити санитарию маишӣ (дар як ҷо хобидани чанд кас ҳангми корҳои мавсимӣ, сафарҳои бардавом, кор дар дастаи геологию геодезӣ ва ғ.) тозагии сару либосро назорат кардан зарур аст.
Шабуши сарро бо шонаи дандонаҳояш зич тоза мекунанд. Мӯи сари мардон ва бачагонро кӯтоҳ кардан тавсия мешавад. Барои нест кардани шабуш керосин, эмулсияи собуну керосин (45 ҳисса керосин, 30 ҳисса собуни сабз, 25 ҳисса оби гарм) ва ғ.-ро истифода мебаранд. Мӯйро ба яке аз ин воситаҳо нағз тар карда, ба муддати 20 – 30 дақ. бо рӯймолча сахт мебандад, баъд бо оби гарму собун шуста, бо шонаи дандонҳояш зич тоза мекунанд.
Барои мубориза бо шабуши либос баданро бо собуну оби гарм шуста, либос ва кӯрпаву болинро дезинфексия мекунанд. Дар мавриди мавҷудияти шабуши зиҳор мӯи зери ноф ва бағалро тарошида, ба ҷойҳои иллатёфтаи пӯст марҳами 10-фоизаи симоби сафед мемоланд.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 438 | Рейтинг: 1.3/3
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия