• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАФТОЛУ
ШАФТОЛУ (Persica vulgaris), навъе аз дарахтони мева. То 3 – 5 м қад мекашад. Баргаш нештаршакл, дандонадор, гулаш сурх ё гулобӣ. Мевааш лӯнда, тухмшакл, пашмакдор ё лучак; сершира, ширин ё каме нордон. Ш.-ро дар Хитои Шимолӣ ва Марказӣ тақр. 2 ҳаз. сол то м. парвариш мекарданд. Аз ин ҷо ба Осиёи Марказӣ, Эрон, минбаъд ба мамолики Ғарб ва Закавказия паҳн гардид. Тақр. 5 ҳаз. навъи Ш. маълум аст. Дар Тоҷикистон навъҳои маҳаллии Ш. – сафед, равғани гов, лучак, анҷиршафтолу, чиллагӣ ва ғ. парвариш карда мешаванд.
Ш.-ро асосан барои тархӯрӣ, таҳияи мураббо, шафтолуоб, мармелад, павидло ва ҷем истифода мебаранд. Дар таркиби он қанд, клетчатка, кислотаҳои органикӣ (ҷавҳари лиму ва себ), витаминҳои А,В,С,Е, намакҳои минералӣ мавҷуданд; мағзаш равған дорад.
Дар тибби қадим табиати Ш. сарду тар ҳисобида мешуд. Онро барои мулоим кардани меъда, иштиҳо ва тақвияти организм истифода мебурданд. Табибони қадим пеш аз хӯрок истеъмоли Ш.-ро тавсия додаанд. Шарбати Ш. чун воситаи киҷҷарон истифода мешуд. Равғани Ш.-ро ҳангоми муолиҷаи бемории шақиқа (мигрен), илтиҳоби шадид ва музмини гӯш кор мефармуданд. Бино ба маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ Ш. барои хушкӣ ва тафсидани ҷисм муфид аст. Ш. моддаҳои нолозиму зарарнокро аз организм хориҷ месозад. Барои муолиҷаи ширинча мағзи донаки бирёни Ш.-ро кор мефармоянд. Мағзи онро кӯфта дар об тар мекунанд ва ба доначаҳои пӯсти рӯй ва бадани кӯдакон мемоланд.
Агар самари пухтагии Ш.-ро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, ташнагиро таскин медиҳад, фишори баланди хунро паст мегардонад, ба одамони гарммизоҷ қуввати боҳ мебахшад, иштиҳоро мекушояд. Чун оби Ш.-и пухтагиро гирифта, шаб бигузоранд, то дурдааш таҳшин гардаду обаш соф шавад. Пагоҳӣ ба дили наҳор 150 г бо шакар биёшоманд, талхаро бо исҳол дафъ мекунад. Ш. ба одамони тармизоҷ зарар дорад ва дар меъда бадбӯ мегардад. Ш.-и кордӣ (Ш.-и сахт, ки аз донак ҷудо намешавад) дерҳазм буда, қабзиятнок аст ва иллати қулинҷро ба вуҷуд меоварад. Агар 50 г оби барги Ш.-ро бинӯшанд ва гулашро бо шакар бихӯранд, кирми меъдаро мекушад. Гулашро кӯфта бо оби карам хамир сохта гузошта банданд, озахҳоро хушконда мерезонад. Равғани мағзи Ш.-ро нимгарм бичаконанд, дарди гӯш ва кариро дафъ менамояд, гиреҳҳои пардаи гӯшро мекушояд.
Табибони халқӣ бо афшураи баргу гули Ш. диабети қандӣ ва бемории киҷҷасориро табобат менамоянд. Марҳами барги Ш.-ро ба варами фасоднок, ҳафтпӯст, ҷароҳати сӯхта, шукуфаи хушку тар гузошта мебанданд. Равғани мағзи Ш. чинҳои рӯйро нест мекунад.
Дар тибби муосир меваи Ш.-ро барои беморони заиф, табобати газаки меъда, энтероколит ва нуқси ҷигар ҳамчун воситаи серғизо ва нерубахш тавсия медиҳанд. Ш. барои ашхоси гирифтори бемориҳои дилу гурда низ нафъ дорад. Ш. кори рӯдаро ба танзим дароварда, қабзиятро пешгирӣ мекунад. Онро ба сифати парҳезона ҳангоми бемориҳои музмини узвҳои ҳозима, ҷигар ва гурда тавсия додан мумкин аст. Равғани Ш. мисли равғани бодом барои ҳал кардани моддаҳои таркиби марҳамҳо истифода бурда мешавад.
Ад.: Ҳикмати асрҳо (мураттибон В.А. Капранов, Р. Ҳошим), Д., 1975; Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 486 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия