• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАЙТОНКОСА
ШАЙТОНКОСА (Hyoscyamus niger), косаи гадо, базрулбанҷ, растаниест дусола. Аз 20 то 150 см қад мекашад. Пояаш рости сершох, часпак, бӯи нохуш дорад. Баргҳояш пайдарҳами дарозрӯя ё байзашакл. Гулаш калон, мевааш ғӯзаи сертухм, тухмаш гурдашакли хокистарранг, бӯртоб. Моҳҳои май – июл гул карда, июн – сент. тухм мебандад.
Ш. дар киштзори зироати ғаладона, дар заминҳои партов, боғ, назди манзилҳои истиқоматӣ месабзад. Дар ҳама мавзеъҳои Тоҷикистон (ғайр аз Помири Шарқӣ) вомехӯрад. Онро ҳамчун гиёҳи шифобахш дар Япония, Покистон, Ҳиндустон, Украина ва диг. кишварҳо мекоранд.
Ш.-ро дар давраи гулшукуфт ва оғози тухмбандӣ ҷамъоварӣ менамоянд. Ш. растании хеле заҳрнок аст. Бинобар ин, ҳангоми ҷамъоварӣ ва хушк кардани барги он эҳтиёт шудан лозим аст (бояд ба чашму лаб ва бинӣ нарасад).
Бо ақидаи Абӯалии Сино Ш. заҳрест, ки ақлро бегона ва хотираро заиф месозад, нафастангӣ ва бехобӣ меоварад. Мувофиқи маълумоти ӯ Ш. хунравиро бозмедорад, набзро мӯътадил ва варами саромосро мегардонад, дарди ниқрисро таскин мебахшад; шарбат ва равғани Ш. дарди гӯшро рафъ месозад. Шираи Ш. ҳангоми дарди бачадон муфид буда, хуншории онро бозмедорад. Барги Ш.-ро ба омоси сина гузоранд, судманд аст. Агар 2 обол (1,998 г) тухми Ш.-ро хӯранд, хунпартоии сахтро бозмедоштааст.
Дар тибби мардумӣ қиёми тухми Ш.-ро ҳангоми ташаннуҷ ва бемориҳои гуногуни узвҳои дарун истифода мебурданд. Бо буғ ва дуди тухми Ш. дарди дандонро нест мекарданд. Аз тухми Ш. кунҷид ва орди гандум ё ҷав марҳам сохта мегузоштанд, ки фасодро кашида дардро таскин мебахшид.
Ш. дар тибби илмӣ чун воситаи рафъи ташаннуҷ ва дардбар истифода мешавад. Аз барги он доруҳои «Астматол» ва «Астматин» таҳия гаштааст, ки ҳангоми зиқи нафас кор мефармоянд. Равғани Ш.-ро дар мавриди невралгия ва тарбод ба бадан мемоланд. Баъзе давоҳои дигари Ш. дар соҳаҳои равонпизишкӣ, ҷарроҳӣ, офталмология истифода мегарданд (мас., «Салинимент», «Скополамин гидробромид» ва ғ.)
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 247 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия