• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАЛҒАМ
ШАЛҒАМ (Brassica repa), салҷам, гиёҳест дусола. Як навъ бехмеваи турбмонанди хӯрданист. Ш. соли якум барг мебарорад, соли дуюм гул карда, тухм мебандад.
Ш.-и худрӯй маълум нест. Тахмин мекунанд, ки Ш. дар кишв.-ҳои Осиёи Пеш пайдо шудааст. Дар Юнони Қадим Ш. чун маҳсулоти хӯрокворӣ ҷои саввум (баъди ғалладона ва ангур)-ро мегирифт. Шакл, ҳаҷм ва ранги навъҳои Ш. (зард, сурх, бунафш, сафед) гуногунанд. Вазни як донаи Ш. аз 20 – 30 г то 1 кг мешавад. Навъҳои Ш.-и пешпазак дар давоми 5 – 7 ҳафта, дерпазак баъди 10 – 12 ҳафта мепазанд. Аз ҳар га кишти Ш. 150 – 300 сентнер ҳосил (бехмева) меғундоранд.
Дар Тоҷикистон Ш.-и сурх ва зард аз қадим маълум аст.
Ш. сабзавоти тезрас ва серғизост. Ш. манбаи витамини С (то 63 мг%) аст. Дар он витаминҳои В1, В2, РР, каротин низ мавҷуданд. Дар таркиби Ш. 3,8 – 9% қанд, 0,4 – 2% сафеда, намакҳои минералӣ ва ғ. ҳастанд.
Ш. растании доруии қадимист. Хусусияти шифобахши он ба Дисқуридус (Диоскорид, а. 1 м.), Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино маълум буд. Мас., бино ба гуфти Сино марҳаме, ки аз тухми Ш. тайёр мекунанд, варами қадкашакро мегардонад. Ш. инчунин ба гурда, чашм ва қафаси сина муфид аст. Қувваи боҳро меафзояд. Давоии Ш. дар «Махзану-л-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн (таълифаш 1776) чунин тавсиф шудааст: «Тановули матбухи он серғизо ва рафъкунандаи сурфа ва мулайини сина ва шикам, муқаввии чашм ва иштиҳооваранд. Ва чун решаҳои борики онро соида бо асал биёшоманд ҷиҳати сипурз ва усрулбавл (душвории бавл) муҷарраб. Ва пухтаи он несткунандаи варамҳо…».
Табибони халқӣ шарбати Ш.-ро (шираи онро қанд андохта меҷӯшонанд) давои хуби зангила (синга) меҳисобанд. Шалғамоба қотеъи балғам аст. Ба шахсони гирифтори сурфа ва зиқи нафас хеле нафъ мебахшад. Ҳангоми илтиҳоби узвҳои ҳозима истифодаи Ш. зарар дорад.
Ба ақидаи табибони мардумӣ Ш.-ро пухта бихӯранд, ғизои пурқувват аст, сурфаро дафъ менамояд, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим мекунад, чашмро қавӣ мегардонад, иштиҳоро мекушояд, қувваи мардиро бармеангезад, маниро меафзояд, сангҳои гурда ва пешобдонро майда карда мерезонад. Баргҳои нозуки онро пухта бихӯранд, пешобро меронад, вале дамиш меоварад. Решаҳои борики онро соида бо асал бихӯранд, барои бемориҳои сипурз ва бастагии пешоб муфид аст. Ҳар як қисми Ш.-ро дар об ҷӯшонда, он обро бимоланд, ҷоҳои аз таъсири сардӣ кафидаи баданро шифо мебахшад, агар панҷаҳоро ба он об бигиранд, дард ва варами буғумҳоро нест мекунад (кӯфта бастани барг ва қисмҳои зеризаминии он низ чунин хосият дорад). Бо мурч ё хардал истеъмол кардани Ш. дарунро пок месозад. Ш.-ро дар мағзи хамир гирифта дар зери оташ пухта бихӯранд, қувваи боҳро ба ҳаракат меорад. Ҳама қисмҳои Ш. тарёк аст ва заҳрҳоро безарар мегардонад.
Ад.: Ҳикмати асрҳо, Д., 1975; Скляревский Л.Я., Целебные свойства пищевых растений, М., 1972; Матвеев В.П., Рубцов М.И., Овощеводство, М., 1978.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 401 | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия