• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАЛҒАМЧА
ШАЛҒАМЧА (Raphanus sativus var. raducula), як навъ сабзавоти шалғаммонанд; гиёҳи як ё дусола. Баргаш паршакли серчок, баъзан яклухт, барги гулпояаш нештаршакл. Гулпояаш гирда, дарозиаш 80 – 100 см. Гулаш дуҷинса (4-то гулбарга дорад), сафед, зард, гулобӣ ё бунафши кушод. Тавассути ҳашарот гардолуд мешавад. Ғилофакаш (дарозиаш 2,5 – 7,5 см) устувона ва дукшакли нӯгтез. Тухмаш хурд (вазни 1000 донааш 8 – 10 г), гирд ва паҳн, зарди хокистарранг, тобиши гулобӣ ё ҷигарӣ дорад (қобилияти сабзишашро 3 – 4 сол нигоҳ медорад). Ватани Ш. ноҳияҳои сернами Европа ва Осиё аст. Ш.-и худрӯй маълум нест. Ш. эҳтимол аз R. maritimus, ки 5 ҳаз. қабл пеш дар соҳили б. Миёназамин мепарвариданд, пайдо шуда бошад. Мувофиқи маълумоти Геродот шалғамча, пиёз ва сир хӯроки меъморони аҳроми Хеопс (2900 сол то м.) будааст.
Ш. дар Тоҷикистон зироати хеле маъмул аст. Онро дар ҳамаи ноҳияҳо парвариш мекунанд. Ш.-и яксола (пешпазак) соли кишт бех ва гулпоя ҳосил намуда, тухм мебандад. Ш.-и дусола (тирамоҳӣ) соли кишт бех, соли дигар гулпоя ҳосил намуда, гул мекунад ва тухм мебандад.
Бехмевааш хурд (10 – 60 г, баъзан бештар), мудаввар, лӯнда, зуғӯташакл ва дарозрӯя; рангаш сафед, сурх, зард, бунафш, гулобӣ.
Тезии бехи Ш. ба мавҷудияти равғани хардалу эфир вобаста аст. Бехи Ш.-ро тару тоза истеъмол мекунанд. Аз он хӯришҳои гуногун таҳия месозанд. Дар тайёр кардани хӯриш барги наврустаи онро низ ба кор мебаранд. Ш. сабзавоти иштиҳоовар буда, барои ҳазми хӯрок ва мубодилаи моддаҳо кӯмак мерасонад. Оби бех ва баргҳои наврустаи Ш., ки бо оби сабзӣ омехта шудааст, барои муолиҷаи иллати узвҳои ҳозима нофеъ аст.
Ш. ба миқдори зиёд витамини С дорад. Чи қадаре, ки ранги Ш. сурхи баланд бошад, миқдори витамин ҳамон қадар бештар аст. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки Ш. савияи холестеринро дар хун кам мекунад. Аз ин рӯ Ш.-ро метавон ба таркиби ҳама гуна ғизоҳои парҳезӣ илова кард. Ш. таъсири зиддибактериявӣ низ дорад. Дар таркиби баргу пояи Ш. низ миқдори витаминҳо зиёд аст. Истеъмоли Ш. ба одамони гирифтори захми меъда, инчунин гастрит зиён дорад. Агар чанд чакра оби Ш.-ро ба чакка моланд, дарди сарро таскин медиҳад. Баргҳои тару тозаи Ш.-ро дар як истакон об ҷӯшонда он обро биёшоманд, давои қабзият мешавад. Агар Ш.-ро аз турбтарошак гузаронда бо равғани зайтун ва як чумча оҳар (крахмал) омехта карда ба рӯй моланд, пӯстро тароват мебахшад.
Ад.: Файзиев Ҳ.С., Дастури сабзавоткор, Д., 1983; ҳамон муалл., Парвариш ва нигоҳ доштани сабзавот, Д., 1986; Вехов В.Н. (ва диг.), Культурные растения СССР, М., 1978; Балашев Н.Н., Земан Г.О., Овощеводство, Ташкент, 1981; Сазонова Л.В. (ва диг.), Редис, редька, репа, брюква, Л., 1986.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 280 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия