Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш |
ШАМАН (санскр. Sramana), роҳиби оини буддоӣ. Ш. на танҳо ба табобати равонии инсонҳо машғул аст, балки ӯ як навъ пулест дар байни олами арвоҳ ва дунёи заминӣ. Дар фарҳанги суннатии мардумони Сибир, Муғулистон ва Шарқи Дур, Амрикои Шимолӣ шаманизм ҳамчун ойин маъмул аст. Дар ашъори шоирони адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ Ш. дар чанд маврид зикр шудааст, ки маънии «бутпараст»-ро дорад. Аз ҷумла устод Рӯдакӣ гуфтааст: Бутпарастӣ гирифтаем ҳама, Ин ҷаҳон бут асту мо шаманем. Дар фарҳанги мардуми тоҷик шахсе, ки маросимҳои марбути арвоҳу тибби равониро мегузаронад, бахшӣ, қушноч, фолбин, табиб ва ғайра меноманд. Ад.: Муродов О., Дар пардаи сеҳру ҷоду. Д., 1990; Vitebsky P. Schamanismus. Köln: Duncan Baird Publishers Ltd, 2001. Д. Раҳимов. | |
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013) | |
Просмотров: 274 | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0 | |
![]() | |