• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

«ШАМБАРӣ»
«ШАМБАРӣ», осоишгоҳ дар ноҳ. Ҳисор. Дар доманаи ҷан. қ.-кӯҳи Ҳисор, дар баландии 1100 – 1150 м аз с. б. ҷой гирифтааст (26 км ғарбтар аз ш. Душанбе). Тобистонаш гарм (ҳарор. то 40 – 420С), зимистонаш камбарф (ҳарор. миёнаи янв. – 10С) мебошад. Боришоти солона 660 мм. «Ш.» соли 1953 таъсис ёфтааст. Дар мавзеи осоишгоҳ давраи гармӣ соле 270 – 300 рӯз идома меёбад. Гармӣ бинобар кам будани намнокии ҳаво ва вазиши бод тоқатфарсо нест.
Омили асосии табобатии осоишгоҳ оби минералӣ буда, он ба рушду инкишофи баъзе бактерияҳои бемориангез таъсири марговар мерасонад. Дар осоишгоҳ бемориҳои роҳи меъдаю рӯдаҳо ва ҷигар (гастрит, энтерит, колит, холетсистит, захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта, санги талхадон), амрози силсилаи асабҳои канорӣ, дастгоҳи такяву ҳаракат (ғайрисилӣ), простатит, аъзои ҷинсии занона ва пӯст (себорея, экземаи себореявӣ, экземаҳои музмини хушк, дерматитҳои сабабашон таъсири моддаҳои химиявӣ, шукуфаи сурх, склеродермия, моҳипӯстӣ, хоришак, кератодермия ва ғ.) табобат карда мешаванд.
«Ш.» бо асбобҳои ҳозиразамони тиббӣ таҷҳизонида шуда, дорои лабораторияҳои биохимиявӣ, кабинетҳои физиотерапевтӣ, рентгенологӣ, ташхиси вазоифӣ, эндоскопӣ, варзиши шифоӣ, масҳ, табобати дандон ва ғ. мебошад. Дар Ш. маҷмаи санатории нав (барои 250 кат) бунёд ёфтааст.
Ад.: Тилипюк В., Санаторий «Шамбары», Д., 1973; Здравницы профсоюзов СССР, М., 1973; Зоиров П. Т., Рахматов Б. Р., Целебные минеральные источники Таджикистана и болезни кожи, Д., 2003.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 279 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия