• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАМБАРӣ
ШАМБАРӣ, оби минералӣ дар ноҳ. Ҳисор. Дар доманаи ҷанубии қ.-кӯҳи Ҳисор, 26 км ғарбтар аз ш. Дшанбе, дар баландии 1100 м аз с. б. ҷойгир аст. Оби минералӣ с. 1951 бинобар дар мавзеъ ба роҳ мондани корҳои иктишофи нефт тасодуфан ошкор шудааст. Об аз се пармачоҳи чуқуриашон аз 624 то 1830 м мебарояд. Минералнокӣ – аз 3,5 то 16,3 г/л; ҳарор. – аз +27 то +430С; ишқорнокӣ – рН 7,8 – 84. Таркиби обҳо ҳамчунин аз гази карбонат, метан ва нитрогени ҳалшуда, сулфатҳо, хлоридҳо, натрий, микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, титан, ванадий, лантан, молибден, оҳан, йод, бром, кислотаи нафтенат, алюминий ва ғ. иборат аст.
Оби пармачоҳи №1 аз сулфатҳо, хлоридҳо ва натрий иборат буда, минералнокиаш 3,6 г/л аст. Дар таркиби он ҳамчунин йод, бром, бор, оҳан, кислотаҳои нафтенат ва силикат, метан, радон вуҷуд доранд. Онро ошомидан мумкин. Оби пармачоҳи №2 сулфату натрийдор буда, минералнокиаш 7,6 – 10,2 г/л аст. Дар он газ ва элементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол нисбатан бештаранд. Бо мақсади қабули обзан (ванна) ва душ кор фармуда мешавад. Оби пармачоҳи №3 ба гурӯҳи обҳои сулфат, хлорид ва натрийдор мансуб аст; минералнокиаш 10,7 – 11,6 г/л, ҳарор. +430 С; бӯи сусти гидрогенсулфид дорад. Оби нисбатан сергаз аст. Барои қабули обзан (ванна) ва душҳои гуногун тавсия мешавад.
Оби маъдании пармачоҳи №1 аз с. 1961 ин ҷониб ҳамчун оби шифобахши ошомиданӣ («Шоҳамбарӣ») дар шишаҳо ба фурӯш бароварда мешавад. Дар заминаи оби пармачоҳҳо осоишгоҳи «Шамбарӣ» бунёд карда шудааст.
Ад.: Зоиров П. Т., Рахматов Б. Р., Целебные минеральные источники Таджикистана и болезни кожи, Д., 2003.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 281 | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия