• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАНБАЛИД
ШАНБАЛИД (Trigonella foenumgraecum), гули шанбалид, шамбалид, хасбеда, гиёҳест яксола. Аз 10 то 70 см қад мекашад. Баргаш думчадор (дарозиаш 4,5 – 5,5 см), мураккаб (аз баргчаҳо иборат аст), гулаш парвонашакли зард, бӯи хосае дорад. Ғилофакаш 10 – 20-тухмаи зуғӯташакл (дарозиаш 6 – 11 см), нӯгаш дарафшмонанди чангакшакл, зард, тухмаш гирд (дарозиаш 2 – 5 мм). Апр. – июн гул мекунад, июн – июл тухм мебандад.
Ш.-ро дар бисёр мамлакатҳои Шарқ, аз ҷумла Тоҷикистон мепарваранд. Ш. дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ (водии Зарафшон ва Тоҷикистони Шарқӣ) худрӯй шудааст.
Ш. гиёҳи доруии қадимист. Онро Дисқуридус (Диоскорид; а. 1 м.) ва Абӯрайҳони Берунӣ чун гиёҳи доруӣ ном бурдаанд. Дар доруномаи 8 мамлакати дунё қайд шудааст. Дар фитотерапия (табобати наботӣ) бо Ш. чиллаашур (пеллагра)-ро, ки аз норасоии витамини РР рӯй медиҳад, инчунин касалиҳои пӯст (думбал, қубоъ ва ғ.)-ро муолиҷа мекунанд. Дар тибби чехҳо тухми Ш. (Semen boenigraeci) доруи зидди балғамӣ ва илтиҳобӣ ҳисоб меёбад.
Ш. (пояи навхезу баргаш)-ро чун сабзавот истеъмол мекунанд. Тухмашро ҳамчун хӯриш ба таом меандозанд. Баъзан ба орд ҳам ҳамроҳ карда нон мепазанд.
Тухми Ш. 0,39% алкалоиди тригонеллин, 3,5 – 18 мг% витамини Р, сапонинҳо, пайвастҳои стероидӣ, қариб 0,3% равғани эфир, 30 – 38% луоб ва ғ. дорад.
Ад.: Йордаков Д. (ва диг.) Фитотерапия, София, 1972; Флора Таджикской ССР, Т. 5, Л., 1978.
М. Ҳоҷиматов.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 203 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия