• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАРОФОВА Нигина Минҳоҷовна
ШАРОФОВА Нигина Минҳоҷовна (тав. 27. 06. 1959, ш. Душанбе), духтури равонпизишк, доктори илми тиб (2001), проф. (2005), Аълочии тандурустии ИҶШС (1991), дорандаи Ҷоизаи байналхалқии ба номи Ҷ.Мэнн (2003). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1982). Ординатори клиникии кафедраи психиатрияи ДДТТ (1982 – 84), духтур-ординатор ва мудири шӯъбаи Диспансери клиникии ҷумҳуриявии психоневрологӣ (1984 – 93), сардухтури Маркази ҷумҳуриявии солимии рӯҳии кӯдакону наврасони ш. Душанбе (1993 – 95), мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1995 – 97), мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи ДДТТ (1997 – 99), ҷонишини сарвазири ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ (1999 – 2004), ҷонишини вазири тандурустии ҶТ оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатии модар ва кӯдак (2004 – 06). Аз с. 2006 мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи ДДТТ. Оид ба аломатҳои болинӣ ва ташаккули синдроми Кандинский – Клерамбо ҳангоми таваҳҳумоти шадиди алкоголӣ, инчунин психозҳои алкоголии мураккаби ҷараёнашон шадид тадқиқот анҷом додааст. Зиёда аз 100 таълифоти илмӣ, аз ҷумла чандин китобҳои дарсиву дастурҳои методӣ дорад. Солҳои ҷонишини сарвазир буданаш бори аввал дар Осиёи Марказӣ дар назди Ҳукумати ҶТ комиссия оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ташкил кард, дар пешгирӣ ва мубориза бо сирояти ВИЧ/СПИД дар ҶТ саҳми арзанда гузошт, Тоҷикистонро дар форуму конфронсҳои байналмилалӣ дар ИМА, Тайланд, Испания, Германия, Фаронса, Озарбойҷон, Қазоқистон муаррифӣ намуд.
Ш. сарпсихиатр ва узви Шӯрои илмии тиббии Вазорати тандурустии ҶТ, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Дастгирии солимии рӯҳӣ», узви Ассотсиатсияи «Олимаҳои Тоҷикистон» мебошад. Бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустии ИҶШС (1990), нишони фахрии Ширкати байналхалқии радиову телевизиони «Мир» – «Оид ба меҳнат ва шараф» (2003), нишони фахрии Сесияи XVI Шӯрои Олии ҶТ ва ғ. қадр карда шудааст.
Ос.: Актуальные вопросы психиатрии, Д., 1997; Социально-клинические аспекты диагностики психических расстройств у беженцев, Д., 2003; Сборник трудов психиатров – наркологов, посвященный 75-летию со дня рождения чл.-корр. РАМН, проф. М.Г. Гулямова, Д., 2004.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 295 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия