• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШАВҚУН
ШАВҚУН, ғулғула, садое, ки ба организми одам таъсири ногувор ва ба меҳнату истироҳат халал мерасонад. Садо чун ҳодисаи физикӣ аз ҳаракати мавҷмонанди муҳит иборат буда, бинобар лаппишҳои ҷисми садодиҳанда ба амал меояд ва онро узви сомеа дарк мекунад. Дараҷаи фишор (шиддат)-и садоро бо детсибелл (дб) ва басомади лаппиши онро бо гертс (1 гертс – 1 лаппиш дар як сония) чен мекунанд. Барои муайян кардани дараҷаи фишори садо асбобҳои махсус – садосанҷҳо истифода мешаванд.
Одами шунавоиаш солим лаппиши садои суръаташ аз 16 то 2000 гертс ва шиддаташ аз 0 то 120 – 140 дб-ро мешунавад. Аз ин бештар шудани шиддат садо ба садопардаи гӯш фишори сахт меоварад ва гӯши одам дард мекунад; садои баландиаш 150 дб бошад, ниҳоят тоқатфарсост. Садои бардавом ва пуршиддат низ ба саломатии одам таъсири ногувор мерасонад.
Дар замони тараққиёти илму техника Ш. яке аз омилҳои хеле хатарноки муҳит гардидааст. Зиёд шудани шаҳрҳо, тараққии бошиддати нақлиёт, саноат, дар истеҳсолот ва рӯзгор ба кор бурдани техника (муҳаррикҳои пуриқтидор, асбобу анҷоми энергетикӣ, компрессорҳо, радио, телевизион, асбобҳои рӯзгор ва ғ.) боиси зиёд шудани манбаи Ш. гардидаанд. Дар шаҳр манбаи асосии Ш. нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ мебошад. Якҷоя бо дигар омилҳои ногувор – навасон (вибратсия), чанг, газолудии ҳаво зарари Ш. зиёд мешавад.
Дараҷаи Ш. дар баъзе шаҳрҳои калон ба шиддати Ш.-и истеҳсолот (80 – 100 дб) баробар шудааст. Мубориза бар зидди Ш. ва таъсири ногувори он ба саломатии инсон – масъалаи байналхалқӣ гаштааст. Ҳоло Ш. яке аз омилҳое ба шумор меравад, ки боиси афзудани беморӣ мегардад. Олимон зиёд шудани бемориҳои асаб, дилу раг, захми меъда, вазнинии гӯши коркунони баъзе касбҳоро аз таъсири Ш. медонанд.
Аз Ш. пеш аз ҳама узвҳои сомеа иллат меёбанд. Гӯши одам ба муқобили Ш.-и баланд, ки ба ҳуҷайра ва асаби узвҳои сомеа таъсир мерасонад, ягон воситаи ҳимояи табиӣ надорад. Дар шароите, ки садоногузарӣ бад аст, ҳам қобилияти ҷисмонӣ ва ҳам қобилияти фикрии одам паст мешавад.
Ш. ба асабияи марказӣ таъсири ногувор расонида, боиси хастагӣ ва беҳолии ҳуҷайраҳои қишри мағзи сар мегардад. Аз таъсири Ш. кас бедорхоб ва хаста мешавад, фаҳму идрок заиф гашта, низоми ҳаракат ва мувозинати бадан ихтилол меёбад, қобилияти умумии корӣ ва маҳсули меҳнат кам мегардад. Таъсири тӯлонии Ш. ба организм ва аз он халалдор шудани асабҳо, ба инкишофи бемории фишорбаландӣ мусоидат мекунад. Ҳангоми истироҳат,алалхусус дар вақти хоб, гоҳе, ки қувваи одам бояд пурра барқарор гардад, таъсири бади Ш. баръало ҳис мешавад.
Масъалаи мубориза зидди Ш. дар миқёси давлатӣ аз рӯи нақша ҳаллу фасл меёбад. Дар ҷумҳурӣ як қатор қонун ва қарорҳое қабул карда шудаанд, ки ба кам кардани дараҷаи Ш. равонаанд. Дар онҳо гуфта мешавад, ки идораҳои давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо вазифадоранд тадбирҳои пешгирӣ, паст ва бартараф кардани Ш.-ро дар биноҳои саноатӣ, истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ, дар ҳавлӣ, кӯча ва майдонҳои шаҳр андешанд. Дар зиндагӣ ба қоидаҳои пешгирӣ ва бартараф кардани Ш. риоя намудан вазифаи ҳар як шахс аст. Дар мамлакати мо меъёри санитарии ғалоғулаи имконпазир дар хонаҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ, дар ҳудуди биноҳои истиқоматӣ қабул шудааст ва амал мекунад.
Дар ҳалли масъалаҳои Ш. хизмати санитарию эпидемиологӣ мавқеи муҳим дорад, ки он назорати пешгирисозандаи тарҳрезӣ, сохтмон ва истифодаи биноҳои истиқоматӣ, ҷамъиятӣ ва саноатиро ба амал мебарорад. Вобаста ба пайдоиши Ш. дараҷаи онро бо усул ва воситаҳои гуногун кам кардан мумкин аст. Истифодаи воситаҳои махсуси техникии рафъи овоз Ш.-ро хеле кам мекунад: аз масолеҳи садоногузар сохтани пойдеворҳо, интихоби дурусти масолеҳи бинокорӣ ва ғ. Инчунин воситаҳои муҳофизати шахсӣ низ бояд кор фармуда шаванд. Барои бартараф кардани Ш. дар кӯчаҳо ба маҳалҳои серодам роҳ надодани трамвай, мошинҳои боркаш ва ғ. аҳамияти калон дорад; истифодаи сигналҳои баланд манъ аст; роҳ бояд дуруст мумфарш карда шавад; муассисаҳои саноатӣ, фурӯдгоҳ ва роҳи оҳан берун аз шаҳр ҷой дода шаванд; биноҳо садоногузар бошанд ва ғ.
Барои кам кардани Ш. ва оромӣ дар хонаҳои истиқоматӣ ҳар як шахс бояд кӯшиш кунад, хусусан дар мавриде, ки оромӣ барои истироҳат пешбинӣ шудааст (аз соати 23 то 7 пагоҳӣ).
Категория: Ш | Добавил: Parvina (05.03.2013)
Просмотров: 222 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия