• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИБИТАК
ШИБИТАК (Galagania fragrantissima), чӯлинг, як навъ гиёҳи бисёрсолаи худрӯи ғизоист.Бештар ба шибит монанд аст ва бӯи баланд дорад. Пояаш сершохубарг, 40 – 100 см қад мекашад. Пиёзакаш майдаи байзашакл. Гулаш майдаи зард (дарозии гулбаргаш 0,7 – 0,9 мм). Мевааш (дарозиаш 1,8 – 2,8 мм) қаҳваранги баланд. Моҳҳои июн – июл гулу мева мекунад.
Ш. дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон нумӯ меёбад. Одатан дар минтақаи алафзор, ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, пуштаҳо, нишебии кӯҳҳо ва ғ. (500 – 2200 м аз с. б.) месабзад. Ш.-ро ба монанди шибит тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд. Ба таомҳои гуногун меандозанд ва хӯриш тайёр менамоянд. Ба маҳсулоти ширӣ (чакка, қурут, дӯғ, ҷурғот ва ғ.) низ ҳамроҳ мекунанд. Ш. хӯрокро хушҳазм ва хуштаъм мекунад: иштиҳоовар аст, кори узвҳои ҳозимаро тақвият медиҳад. Барои очоронии бодиринг, карам, помидор ва ғ. низ истифода мебаранд.
Баргу пояаш (аввалҳои нашъунамо) 12 – 15% сафеда, 4,7% равған, то 0,36% равғани эфир, 4,7% моддаҳои даббоғӣ, 462 мг% витамини С, 1,7 мг% каротин (провитамини А) ва ғ. дорад. Бехи Ш. низ хӯрданист.
М. Ҳоҷиматов.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 240 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия