• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

«ШИФОУ-Л-АЛИЛ»
«ШИФОУ-Л-АЛИЛ», асари Каҳҳол Убайдулло дар боби тиб. С. 1598 ба забони форсӣ таълиф шудааст. Асар аз сарсухан ва 18 боб иборат буда, ҳар боб ба чанд фасл ҷудо мешавад. Сарсухани асар ба аҳамияти тиб ва вазифаҳои табибон бахшида шудааст. Боби якум дар бораи сохти майна ва аҳамияти он, сабабҳои пайдоиши дарди сар ва усулҳои муолиҷаи он баҳс мекунд. Боби дуюм ба чашм ва сохти он, амрози чашм ва усулҳои пешгирию муолиҷаи он оид аст. Боби сеюм дар маърифати амрози гӯш, бинӣ ва даҳон, аз ҷумла дарди дандон ва забон, усулҳои давои онҳо буда, дар боби чаҳорум оид ба дарди гулӯ ва муолиҷаи он сухан меравад. Дар боби панҷум амрози дил ва муолиҷаи он, дар боби шашум, ҳафтум ва ҳаштум сохти узвҳои ҳозима, ҷигар, талхадон, меъда, рӯда ва касалию муолиҷаи онҳо, боби нӯҳум масъалаҳои амрози ҳароммағз, боби даҳум (8 фасл дорад) оид ба дарди шошадон маълумот медиҳад. Бобҳои минбаъдаи асар дар бораи дарди банди дасту пой, ташхиси амрози пӯсти бадан, муолиҷаи захми бадан, бемориҳои кӯдакон, вараҷа ва ғ. баҳс мекунад. Дар қисми хулоса муаллиф дар бораи бӯҳронҳо, сабабҳои фавти беморон, сактаи қалб ва ғ. маълумот медиҳад. Дастхати «Ш.» таҳти рақами 2611 дар Ин-ти шарқшиносии АФ ӯзбекистон маҳфуз аст.
Т. Аҳмадов.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 1174 | Рейтинг: 2.8/4
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия