• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИКАМ
ШИКАМ (Abdomen), қисми поёнии бадан, ки аз ҷавф ва девораҳои батн иборат аст. Девораи болоии Ш. диафрагма ва девораи поёнии он чуқурчаҳои тиҳигоҳ мебошад. Девораи Ш. аз пеш, қафо ва паҳлӯҳо ҷавфи шикамро иҳота мекунад; вай аз қабатҳои бисёр – пӯст, ҳуҷайраҳои зери пӯст, апоневрозҳо, мушак, ниём (мушакпарда)-ҳо ва шикампарда иборат аст. Шикампарда аз дохил ҷавфи шикамро иҳота мекунад ва қисми зиёди узвҳои онро мепӯшонад. Торҳои апоневрозҳои мушакҳои каҷ ва дарозрӯяи Ш. дар хати мобайнӣ ба ҳам печида, хатти сафеди Ш.-ро ташкил медиҳанд. Девораи пеши шикамро ба се қисм тақсим мекунанд: болоӣ – мавзеи фавқишикамӣ (вай дар боло бо камонаки қабурғаҳо ва барҷастагиҳои шофмонанди сарсина, дар поён бо хати арзӣ, ки тағоякҳои қабурғаҳои Х-шаклро ба ҳам мепайвандад, интиҳо меёбад); мобайнӣ – мавзеи батн (ҳудуди поёнии он хатест, ки теғаҳои болоии пеши тиҳигоҳро мепайвандад); поёнӣ – мавзеи таҳтишикамӣ (аз поён бо чинҳои чатан ва васлати зиҳор интиҳо меёбад).
Дар ҷавфи Ш. узвҳои ҳозима ва шошаву таносул, рагҳои калон ва чигили асабҳо қарор доранд. Дар кӯдакон ва ҷавонон узвҳои Ш. нисбатан болотар ҷой гирифтаанд; дар калонсолон ва пирон бошад, бисёр вақт узвҳои Ш. поён мефуроянд.
Тадқиқро аз пурсиши бемор оғоз менамоянд. Мақсади он ошкор намудани шикоят, давомат, хусусият, ҷой ва шиддати дардҳо, аз узвҳои касал ба дигар узвҳои бадан паҳн шудани дард ва ғ. мебошад. Дар бораи бемориҳо ва ҷарроҳиҳои аз сар гузаронда, аз он ҷумла дар девора ва ҷавфи шикам низ маълумот ҷамъ мекунанд. Ҳангоми муоинаи Ш. ба ҳаҷм, шакл, мутаносибӣ, инкишофи венаҳои зери пӯст, мавҷудияти доначаҳо дар пӯст, инчунин ба изи ҷарроҳӣ диққат медиҳанд. Усули асосии таҳқиқи Ш. палмосидан аст. Аз бо ангуштон ламс кардани қитъаҳои бедарди девораи Ш. сар карда, дараҷаи тарангӣ, дардмандӣ, васеъгии узвҳои ҷавфи Ш., мавҷудияти осебҳоро муайян менамоянд. Ҳангоми сахт зер кардан, ангуштон ба ҷавфи Ш. фурӯ рафта, узви таҳқиқшавандаро ба девораи ақиби он пахш мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки дар ҷавфи Ш. омос ё инфилтрати илтиҳобӣ ошкор, ҳаҷм ва дараҷаи сахтии онҳо муайян карда шавад. Ҳангоми бемориҳои илтиҳобии шадид ва осеби узвҳои ҷавфи Ш. фақат бояд ламси сатҳии Ш. бо ангуштон гузаронида шавад, чунки сахт зер кардани ангуштон боиси пайдоиши дарди шадид мегардад. Ангуштзанӣ имкон медиҳад, ки дар ҷавфи Ш. моеъ ва бадҳо ошкор карда, оид ба ҳаҷм ва ҳудуди узвҳо маълумот ба даст оварда шавад.
Аускултатсияи Ш.-ро ҳам бо ёрии фонендоскоп, стетоскоп ва ҳам бо роҳи бевосита гӯш кардан гузарондан мумкин аст. Дар ин ҳолат, одатан, садоҳои гуногунро, ки бинобар кашиши девораи рӯдаҳо пайдо мешаванд ва хусусияти онҳо ҳангоми бемориҳо гуногун аст, шунидан муяссар мегардад.
Дар ташхиси бемориҳои узвҳои ҷавфи Ш. таҳқиқи рентгенологии ҳам ҷавфи Ш. ва ҳам узвҳои алоҳидаи он нақши муҳим мебозад. Барои таҳқиқи Ш. ҳамчунин аз усулҳои лапаросентез, гастроскопия, лапароскопия, ташхиси ултрасадоӣ ва ғ. истифода мебаранд.
Бемориҳо ва омосҳои узвҳои ҷавфи Ш. дар мақолаҳое, ки ба узвҳои алоҳида бахшида шудаанд (мас., меъда, сипурз, ҷигар ва ғ.) баён гардидаанд. Дар амалияи клиникӣ бештар бомориҳои илтиҳобии шадид вомехӯранд, ки аксарияти онҳоро бо усулҳои ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Дар Ш. чурра низ пайдо мешавад.
Осебҳои Ш.-ро ба пӯшида ва кушода ҷудо мекунанд. Баъзе осебҳо ба узвҳои дарун зиён мерасонанд, осебҳои дигар мумкин аст ба онҳо зарар наоранд. Ҳангоми осебҳои пӯшидаи Ш. пӯст зарар намебинад ё харошҳои сатҳиву гематомаҳо ба вуҷуд меоянд. Осеби узвҳои паренхимавӣ ва ковок метавонад боиси шок гардад. Беморон бештар аз пайдо шудани дард дар тамоми Ш. шикоят мекунанд. Ҳангоми лат хӯрдани узвҳои паренхимавӣ (ҷигар, сипурз) аломатҳои хуншорӣ зоҳир мешаванд: паридани ранги пӯст, якбора паст фаромадани фишори артериявӣ, тез задани набз ва ғ. Дар мавриди лат ёфтани узвҳои дарунхолӣ аломатҳои перитонит рух менамоянд: хушкидани забон, ташнагӣ, тез задани набз, теғадории тарҳи рӯй, таранҷиши мушакҳои девораи Ш. ва ғ.
Беморони гирифтори осебҳои пӯшидаро таъҷилан дар шӯъбаи ҷарроҳии беморхона хобондан лозим аст. То ба беморхона овардан ба бемор гузарондани доруҳои рафъи дард манъ аст.
Ш. мумкин аст аз тир, корд, тиккаи тири тӯп ва ғ. захмин шавад. Захмҳои Ш. шикофанда ва сатҳӣ мешаванд. Ҳангоми захмҳои сатҳӣ ҳолати бемор қаноатбахш боқӣ мемонад, аломатҳои перитонит ё хуншории дохилибатнӣ ба назар намерасанд. Захмҳои шикофандаи Ш. боиси сахт зарар дидани узвҳои ҷавфи он мегарданд. Ҳангоми лат хӯрдани меъда ва рӯда аломатҳои перитонит, дар мавриди захм ёфтани ҷигар ва сипурз бошад, аломатҳои хуншории дохилибатнӣ ба мушоҳида мерасанд.
Ҳангоми то ба беморхона овардан, ба бемор ёрии аввалини тиббӣ мерасонанд. Ҷои захмро бо бандинаи тамйизӣ мебанданд. Узвҳои аз ҷавфи Ш. баромадаро ба ҷояшон даровардан мумкин нест (онҳоро бо бандинаи тоза пӯшонда ба девораи Ш. мебанданд). Беморро дар занбар интиқол медиҳанд.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 217 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия