• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИКАМБАНД
ШИКАМБАНД, ҷиҳозест барои бастани шикам. Ш. узвҳои дарунро дар ҳолати мувофиқ нигоҳ дошта, мушакҳои шикамро тақвият медиҳад. Ш. аз рӯи таъинот гуногун мешавад, мас., қаблизоимонӣ, баъдизоимонӣ, фатқбанд ва ғ. Ш.-и қаблизоимонӣ ва баъдизоимониро занҳо дар давраи ҳомилагӣ ва баъди он истифода мебаранд. Вай аз ҳад зиёд ёзидани девораи шикамро пешгирӣ мекунад. Бисёр вақт истифодаи Ш.-ро баъди ҷарроҳӣ низ тавсия медиҳанд.
Ш.-и қаблизоимонӣ аз камарбанди васеъ иборат буда, аз газвори ғафс дӯхта шудааст; дар бараш бандак дорад. Андозаи онро баробари ғафсии камар интихоб менамоянд. Баробари инкишофи тифли батн Ш.-ро васеъ кардан мумкин аст. Ш.-ро дар бистар дароз кашида ва сурину камарро андаке бардошта мебанданд. Ш. аз ҳад зиёд таранг баста намешавад. Ш.-е, ки дуруст баста шудааст, бароҳат буда, роҳгардиро осон мекунад. Ш.-и баъдизоимонӣ нисбатан дарозтар аст. Онро низ дар бистар дароз кашида мебанданд: аз зери чорбанд гузаронда ба тан мекашанд ва камарбанди иловагиро бо чангакҳо устувор менамоянд. Барои заиф нагаштани мушакҳои шикам онро аз се моҳ зиёд баста гаштан мумкин нест.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 187 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия