• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИКАМПАРДА
ШИКАМПАРДА (Peritoneum), пардае, ки ҷавфи шикам ва дохили онро мепӯшонад. Ш. халтаи сарбаста ба вуҷуд меорад. Дар фазои байни Ш.-и ҷидорӣ (перисталӣ) ва Ш.-и аҳшоӣ (виссериалӣ) миқдори ками зардоб мавҷуд аст. Ҳангоми ба узвҳо ва аз узв ба узви дигар гузаштани Ш. чинҳо пайдо мешаванд, ки пайҳо, масориқа, чарбу ҳосил мекунанд. Байни чинҳо ва пайҳои Ш. киссачаҳо, халтачаҳо ва чуқурчаҳо пайдо мешаванд. Сатҳи Ш. лағжонак буда, барои ҷо ба ҷо шудани узвҳои ҷойивазкарда шароити мусоид фароҳам меоварад. Ш. дар ҳифзи узвҳои ҷавфи шикам нақши муҳим мебозад.
Ба иллатҳои Ш. нуқси инкишофи он мансуб аст, ки боиси пайдоиши чурраҳои гуногун мегарданд (аксар вақт ҷарроҳии фавриро талаб менамояд). Дар Ш. ҳамчунин осеб, бемориҳои илтиҳобӣ, омосҳои некфарҷом ва бадфарҷом ба мушоҳида мерасанд.
КЛ
Тарҳи шикампарда дар сатҳи қафои девораи пеши шикам; намуд аз қафо, аз ҷониби ҷавфи шикампарда. 1 – шикампарда; 2 – чуқуричаи болои масона; 3 – чуқурчаи миёнҷоии қадкашак; 4 – чуқурчаи канории қадкашак; 5 – чини канории ноф; 6 – чини мобайнии ноф; 7 – чини васатии ноф; 8 – бандаки мобайнии ноф; 9 – артерияи ноф; 10 – артерияи поёни фавқи шикам; 11 – бандаки қадкашак; 12 – пешобдон.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 283 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия