• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИКАСТИ УСТУХОН
ШИКАСТИ УСТУХОН, осеб дидани устухон. Ш. у. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Навъи модарзодии Ш.у. хеле кам, асосан дар натиҷаи иллати устухони ҳамил рӯй медиҳад.
Устухон аксар вақт дар натиҷаи зарбаи ногаҳонии сахт ҳангоми садамаи нақлиёт, дар истеҳсолот, ҷанг ва ғ. мешиканад. Дар аснои Ш. у. бофтаҳои нарми атрофи устухон осеб мебинанд. Агар ҳангоми зарб хӯрдан пӯст дарида, устухон берун барояд, он Ш. у.-и кушода ном дорад. Агар пӯст зарар наёфта бошад, Ш.у.-и пӯшида номида мешавад. Вобаста ба самти осеб Ш. у. - марзӣ, каҷ ва росхаттаро фарқ мекунанд. Устухон дар мавриди пурра шикастан ду тақсим (оддӣ) ё чанд пора (мураккаб) мегардад. Ҳангоми шикастан аз устухон мумкин аст чанд пора ҷудо шавад ё он шикаста реза-реза гардад. Агар устухон фақат кафида бошад, онро шикасти нопурра меноманд. Дар сурати пурра шикастани устухон, хусусан агар устухони дарози найчамонанд зарар бинад, қариб ҳамеша устухонпораҳо беҷо мешаванд ё аз ҷои шикаста ба канор мебароянд.
Шикасти пурра бидуни беҷошавии устухонпораҳо хеле кам ва асосан дар кӯдакон дучор меояд. Шикасти нопурра (кафидани устухон) низ бештар дар синни кӯдакӣ вомехӯрад. Аз зарбу лат устухони калонсолон, хусусан пирон, бештар мешиканад, чунки сол аз сол устухонҳо мӯрд гашта, чандирии худро гум мекунанд. Мавқеи махсусро шикасти тазйиқӣ ишғол менамояд, ки барои устухонҳои кӯтоҳ (бештар ба мӯҳраҳо) хос аст. Дар ин сурат устухон ба ҳиссаҳо тақсим нашуда, фақат шаклан тағйир меёбад (пачақ мешавад) ва бофтаи исфанҷмонанди устухон осеб мебинад.
Аз ҳама бештар устухонҳои дарози дасту пой (бозу, соид, рон, соқ) мешикананд. Аломатҳои Ш. у. дарди сахт, ҷунбонда натавонистани дасту пой, ихтилоли шакл ва дарозии он мебошанд. Баъзан дар ҷои шикаста мутаҳаррикии патологӣ мушоҳида мешавад. Бар хилофи лат хӯрдан, ҳангоми Ш. у. кори дасту пой (ғайр аз шикасти нопурра) фавран вайрон мешавад. Шикастро аз лат хӯрдан ва ёзиш фақат бо ёрии рантген фарқ кардан мумкин аст.
Ҳангоми шикасти пурра баъзан (бештар дар дасту пой) рагҳои калони хунгард ва асабҳо осеб мебинанд, ки ба хунравии шадид, паридани ранги рӯй, хунук шудани панҷаҳои дасту пой ва беҳис гаштани онҳо падид меояд. Он хатари мавти дасту пойро дорад. Ҳангоми шикастани қабурға мумкин аст шуш зарар бинад, ки аломати он хунпартоӣ аст. Нишонаи аввалин ва намоёни шикастани мӯҳра аксар вақт фалаҷ мебошад, ки аз садамаи ҳароммағз пайдо мешавад. Аломати асосии шикасти кушода намоён будани устухонпораҳо дар ҷои захм аст. Лекин ин аломат на ҳама вақт ба назар мерасад. Аз ин сабаб, агар ҳангоми Ш. у. пӯст захмӣ шуда бошад (ҳарчанд захм рӯякӣ тобад ҳам), чунин шикастро кушода ҳисобидан лозим аст.
Пайванд шудани устухони шикаста ҷараёни мураккаби биологӣ буда, аз васл гаштани устухонпораҳо бо ёрии бофтаҳои ҷавони пайвандӣ оғоз меёбад (боиси ташаккули пинаи нарм мегардад). Охирӣ ба пинаи устухон табдил ёфта, устухонпораҳоро ба ҳамдигар сахт мепайвандад. Ба якдигар зич шудани устухонпораҳо ва оромӣ ба зудтар часпидани онҳо мусоидат мекунад. Мудовамати пайвандшавӣ вобаста ба он аст, ки кадом устухон шикастааст. Аз ҳама тез (дар 2 – 2,5 ҳафта) устухончаҳои ангуштони дасту пой ва аз ҳама дер (дар 6 моҳ) гарданаи устухони рон васл мешавад. Дар сурати дур будани масофаи байни устухонпораҳо, ба байни онҳо даромадани бофтаҳои нарм ва ихтилоли сукунат устухонҳо дер мечаспанд ё тамоман васл намешаванд. Дар ин маврид банди дурӯғин ташаккул меёбад. Ҳангоми дур будани фосилаи байни устухонпораҳо онҳо шояд васл шаванд, лекин нодуруст мечаспанд, ки ин боиси кӯтоҳ ё каҷ шудани дасту пой мегардад. Ихтилоли васлшавӣ хусусан ҳангоми шикасти кушода, ки бо бактерияҳо сироят ёфтааст, ба назар мерасад.
Муолиҷаи Ш. у.: устухонпораҳои беҷошударо ҷо ба ҷо намуда (репозитсия), то часпиданашон дар ҳамин ҳолат устувор нигоҳ медоранд. Муолиҷаро мутахассиси ҳамин соҳа мегузаронад. Аз ин рӯ, маъюбро ҳар чӣ зудтар ба назди ӯ равона кардан лозим аст.
Ёрии аввалин аз тасбит бо ёрии ҷабираҳои стандартӣ ё тахтабандӣ иборат аст. Тасбити муваққатии дуруст ҳангоми интиқоли маъюб беҷо шудани устухонпораҳоро пешгирӣ мекунад, дардро сабуктар мегардонад ва дар натиҷа пайдоиши шоки садамавӣ (хусусан ҳангоми шикастани рон) кам мешавад. Ҷабира (шина)-ро аз рӯи қоидаҳои умумӣ мебандаднд (ниг. Тасбит). Агар барои таҷбир (шина бастан) имконият набошад, дасти шикастаро бо рӯймол ба гардан меовезанд, пои шикастаро бо бинт ба пои солим мебанданд.
Ҳангоми шикастагии кушода гирди захмро бо маҳлули спиртии йод тоза карда, бо бандинаи тамйизӣ мебанданд. Шикастагии кушодаи дасту пой боиси хунравии зиёд гардида, тофтабандиро талаб мекунад. Ҳангоми расондани ёрии аввалӣ барои рост кардани устухонҳо кӯшидан лозим нест. Чунин кӯшиш маҷрӯҳро озор медиҳад ва агар ин амалиётро шахси ғофил аз ин кор иҷро кунад, зарар дидани рагҳои хунгард ва асаб аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, дар чунин мавридҳо аз панҷаи дасту пой гирифта ва оҳиста кашида, рост кардан кифоя аст. Ҳангоми шикасти кушода устухонпораҳоеро, ки дар рӯи захм намоёнанд, худсарона ба даруни пӯст даровардан тамоман манъ аст, чунки ба тавассути онҳо ба бофтаҳои зер омилҳои сироят ворид мешаванд. Муолиҷаи як қатор шикастагиҳои пӯшида ва аксар шикастагиҳои кушодаро дар беморхона давом медиҳанд. Дар он ҷо устухонпораҳоро бо ёрии таҷҳизоти махсус ҷо ба ҷо мекунанд. Шикастабандии муолиҷавиро бо усулҳои гуногун бо ёрии гачбандӣ, кашиши доимӣ ё бо дастгоҳи фишоровару ҷобаҷокунанда, ки устухонпораҳоро на фақат дар ҳолати дуруст нигоҳ медорад, балки ба якдигар ҷафс низ мекунад, ба амал мебароранд. Баъзан ҷарроҳӣ намуда, устухонпораҳоро бо ёрии пластинкаҳои филизӣ, стержен, мехи печдор ва ғ. ба якдигар ҷафс мекунанд. Ҳангоми баъзе шикастагиҳои пӯшида (мас., шикастагии ангуштон, устухонҳои алоҳидаи кафи дасту пой, як устухони соид ва ғ.) дар дармонгоҳ ё пункти травматологӣ муолиҷаи амбулаторӣ мефармоянд. Дар ин ҳолатҳо маҷрӯҳ бояд донад, ки гаҷбанди дуруст бастаи духтур низ баъди чанд соат мумкин аст аз сабаби варам кардани ҷои шикаста тангӣ кунад. Дар сурати зоҳир шудани аломатҳои фишор (дард, паридани ранги пӯст ё кабуд гаштани ангуштон) бандинаро худсарона суст накарда ё набурида, фавран ба духтур муроҷиат намудан лозим аст. Ҳаминро бояд дар хотир дошт, ки баъди шикастабандӣ оромии куллии дасту пой на фақат шарт нест, балки зараровар аст, зеро ин ҳолат боиси заифии мушакҳо, шахшавии буғумҳо, дер часпидани устухонҳо мегардад. Бинобар ин, бо тавсияи духтур дар хона варзиши шифоӣ намудан, ба андозае, ки устухонпораҳо беҷо нашаванд, ҳаракат кардан (мас., ҳаракати ангуштони даст, ҳангоми шикастани бозу ва соид, ҳаракати оринҷ, ҳангоми шикастани устухонҳои панҷа ва ғ.) зарур аст. Муолиҷа дар беморхона варзиши шофоиро талаб мекунад. Он ҷо масҳ, тадбирҳои физиотерапевтӣ ва ғ.-ро низ ба кор мебаранд. Баъди часпидани устухонҳо ва анҷоми тасбит низ дуруст давом додани муолиҷа хеле муҳим аст. Ин муолиҷа таҳти назорати духтур гузаронда мешавад. Дар давраи муолиҷаи пой беморон асобағал мегиранд, вале онро фақт бо иҷозати духтур бояд истифода бурд. Асобағал бояд ба қади бемор мувофиқ бошад ва қисми зиёди вазни бадан ба ҳарду даст ояд, на ба зери бағал.
Дар давоми муолиҷаи Ш. у. тағзияи хуб хеле муҳим аст. Хӯрок бояд зудҳазм, серкалория ва хушсифат бошад. Меваю сабзавоти тару тоза, ки витамин ва намакҳои маъданиашон бисёр аст, барои чунин беморон қимати махсус доранд.
Пешгирии Ш. у. риояи қатъии техникаи бехатариро дар истеҳсолот, кишоварзӣ, нақлиёт, дар машғулиятҳои спортӣ талаб менамояд. Хастагӣ дар интиҳои рӯзи кор ба афзудани миқдори зарбу лат мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, шуғли мунтазам бо гимнастикаи коргоҳӣ, истироҳати кӯтоҳмуддат хеле зарур аст. Истироҳати хуш дар хона низ ба кам шудани зарбулат мусоидат мекунад. Барои пешгирии зарбулати варзишӣ қатъиян риоя намудани дастурҳои муқаррарӣ шарт буда (пӯшидани тоскулоҳу сипар ҳангоми ҷангбозӣ ва ғ.), инчунин муоинаи тиббии мавсимии варзишгарон муҳим аст. Пешгирии Ш. у. дар кӯдакон диққати махсусро тақозо мекунад. Онҳоро бо қоидаҳои ҳаракат дар кӯча шинос намудан, ҳангоми машғулиятҳои спорт назорат кардан ва ғ. зарур аст.
Устухони куҳансолон асосан дар натиҷаи афтидан дар кӯча мешиканад, бинобар ин, роҳгардӣ аз онҳо эҳтиёти махсусро талаб мекунад. Ҳангоми афтидан, кас бо даст ба замин такя карданӣ мешавад ва ин аксар вақт хатари шикастани устухони хурди соидро дорад.
Суистеъмоли шароб яке аз сабабҳои асосии Ш. у. мебошад. Мубориза ба муқобили бадмастӣ ба кам шудани ин гуна ҳодисаҳо мусоидат мекунад.
Шикастагии патологии устухон назар ба дигар шикастагиҳо хеле камтар вомехӯрад. Он дар сурати осеб дидани устухон аз ягон беморӣ, мас., остеомиелит, кистаи эхинококк (ниг. Эхинококкоз) ва ғ. рӯй медиҳад. Нишонааш ҳамин аст, ки устухон бе ҳеҷ зарбаи ҷисмонӣ, ҳатто дар хоб ҳам шикаста метавонад. Ёрии аввалин дар чунин ҳолатҳо монанди ёрӣ дар лаҳзаи Ш. у. аз зарбулат мебошад. Муолиҷа бо назардошти хусусиятҳои беморие, ки ба устухон зарар расондааст, фақат дар беморхона гузаронда мешавад.
Д. Урунбоев.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 464 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия