• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИЛДИРБОШ
ШИЛДИРБОШ (Sphaerophysa salsula), гиёҳест бисёрсола. Пояаш рост (60 – 120 см қад мекашад), сершох, мӯякдор. Баргаш пармонанд (дарозиаш 5 – 12 см), аз чанд ҷуфт баргчаҳои байзашакл (6 – 10, баъзан 13 см) иборат аст. Гулаш сурхи парвонашакл, ғилофакаш байзашакл, мудаввар, сертухм. Тухмаш майда (1000 донааш 4 – 8 г), қаҳваранги кушод. Апр. – июл гул карда, май – авг. тухм мебандад.
Ш. дар боғ, соҳили дарёву ҷӯйбор, канори роҳ, шӯрзамин, баъзан ҳамчун алафи бегона дар киштзори пахта, юнучқа месабзад. Дар воҳаи д. Сир, қ-кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 400 – 1400 м аз с.б.) вомехӯрад.
Аз Ш. сферофизин ном дору истеҳсол мекунанд, ки барои табобати ғалаёни хун ва дар амалияи акушерию гинекологӣ (ҳангоми хунравии баъди таваллуд) истифода мешавад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 261 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия