• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИЛХА
ШИЛХА (Rumex crispus), шулха, гиёҳест бисёрсола. Аз 60 то 115 см қад мекашад. Пояаш рост, ҷӯякчадор, тоқа ё сершох, сурхтоб. Баргаш дарозрӯя, нештаршакл. Мевааш сеқирраи қаҳваранг ё қаҳваранги кушод. Апр. – май гул карда, май – июн мева мебандад. Дар соҳили дарё, канори ҷӯйборҳо, киштзору боғ мерӯяд. Дар мавзеъҳои Қурама, воҳаи д. Сир, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландии 400 – 2500 м аз с.б.) вомехӯрад.
Хусусияти давоии Ш. аз қадим маълум аст. Шифобахшии онро Дисқуридус (Диоскорид), Теофраст, Буқрот, Абӯалии Сино ва диг. қайд кардаанд. Дисқуридус Ш.-ро воситаи хуби исҳоловар меҳисобид. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино Ш. барои дарди санги гурда, масона, захму назлаи рӯда, шукуфа, хоришак ва омосҳо судбахш аст. Муҳаммад Ҳусайн дар «Махзану-л-адвия» навиштааст, ки Ш. кори ҷигарро тақвият мебахшад, барои зардпарвин муфид аст, иштиҳоро мекушояд; дар даҳон нигоҳ доштани шираи он дарди дандонро таскин мебахшад. Ш. бо сирко барои сипурз нафъ дорад.
Дар тибби халқӣ шираи барги Ш.-ро ҳангоми дилбеҳузурӣ, зардаҷӯш ва зардпарвин истифода мебаранд; дар мавриди дарди гулӯ (ангина) ва хунравии вораҳо даҳонро обгардон мекунанд. Ҷӯшоби меваи хушки Ш.-ро ҳангоми газак ва захми меъдаю рӯда, ҷӯшоби меваи бирёни онро ҳини колитҳо, исҳоли хунин менӯшанд. Шираи барги Ш. дилбеҳузурӣ, зардаҷӯш ва зардпарвинро рафъ менамояд. Баргҳои Ш.-ро, ки ба онҳо равғани доғ молида шудааст ба захму омосҳо мебанданд. Дар ҷӯшоби гули Ш. кӯдакони гирифтори бемориҳои пӯст ва офтобзадаро оббозӣ медоранд; бо ҷӯшоби худи Ш. амрози пӯст (хоришак, шукуфа, экзема)-ро тарбандӣ мекунанд. Истеъмоли барги тару тозаи Ш. кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад.
Мушоҳидаҳои клиникӣ собит намуданд, ки истеъмоли Ш. миқдори эритроситҳо ва гемоглобини хунро зиёд мекунад. Дар амалияи тибби муосир ҷӯшоби реша ва меваи Ш.-ро ҳангоми исҳоли хунин, бемориҳои рӯда ва чун воситаи хунбанд кор мефармоянд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 411 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия