• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИНОВАРӣ
ШИНОВАРӣ, яке аз намудҳои оммавӣ ва маълуми спорт, ки дар системаи тарбияи ҷисмонӣ фаровон истифода мешавад. Ш. силслаи мушакҳоро ба кор дароварда, ба инкишофи мутаносиби организм мусоидат мекунад.
Бо Ш. мунтазам машғул шудан тобоварӣ, устуворӣ, серҳаракатӣ ва неруи муҳаррики кӯдаконро такмил медиҳад. Машқҳое, ки шиноварони ҷавон дар рафти машғулият дар об ё берун аз он иҷро мекунанд, мушакҳои пой, даст, бадани онҳоро устувор месозанд; ҳаракатҳои мутаносиб ва ҳолати уфуқии бадан вазни ба сутунмӯҳра афтидани баданро сабук гардонда, ба мавзунии қаду қомат мусоидат мекунанд. Ҳангоми ихтилол ёфтани вазъи бадан ва бемории сколиоз (ниг. Каҷшавии сутунмӯҳра) духтур ба кас Ш.-и шифоӣ мефармояд. Ш. воситаи хуби обутоби организм аст. Шахсоне, ки мунтазам бо Ш. машғуланд, ба ҳавои хунук ва якбора дигар шудани обу ҳаво тобоваранд. Ш. барои гардиши хуби хуни одам низ омили хуб аст; дар ҳолати уфуқии бадан ҷараёни хуни сиёҳраг аз тарафи пой ба боло афзуда, кашиши гурӯҳи мушакҳои калон зиёд мегардад, фишори об ба бадан ва чуқур-чуқур нафас гирифтани варзишгар ба хунгардиши бофтаҳо мусоидат намуда, кори дилро хеле сабук мегардонад. Аз ҷумла он ба одамони солхӯрда низ имкон медиҳад, ки оромона шино кунанд. Аз баски нафасгирии шиновар ва ҳаракати дасту пойҳои ӯ бо ҳам мувофиқанд, Ш. барои такмили системаи узвҳои варзишӣ хеле хуб аст. Бинобар ин, ҳаҷми ҳавогунҷоиши шуши шиноварон калон (то 5200 – 6000 см3) ва қафаси синаашон серҳаракат мебошад.
Шино карда тавонистан хеле муҳим аст, зеро аксар вақт он одамро аз марг наҷот медиҳад. Ба кӯдакон аз 4 – 5-солагӣ навъи оддитарини шиновариро ёд медиҳанд. Ш. ба обутоби организми бача ва инкишофи хуби ҷисмонии ӯ мусоидат намуда (ниг. Синни томактабӣ), бемориҳои шадиди роҳи нафасро пешгирӣ мекунад. Солҳои охир ба кӯдакони ширмак (аз 2 – 3 ҳафтагӣ) омӯхтани Ш.-ро хеле тарғиб мекунанд. Вале ин кор муносибати эҳтиёткорона мехоҳад.
Ш.-и спортӣ, ки ба организм таҳмили зиёд меоварад, тайёрии махсусро тақозо дорад. Барои варзишгар ин тайёрӣ хеле ботадриҷ буда, бояд мунтазам аз назорати духтур гузаронида шавад. Ш. як навъи спорт аст, ки ҳангоми мунтазам машғул гаштан дар синни хурдсолӣ низ ба муваффақиятҳои калон соҳиб шудан мумкин аст. Духтарони 13 – 14-сола ва писарони 15 – 16-сола ҳангоми машқҳои муттасил ба натиҷаҳои варзишгарони калонсол ноил гашта, гоҳе аз онҳо пеш мегузаранд. Хеле зуд натиҷаи хуб ба даст даровардани ҷавонон ба чандирии рагу пай ва ҳаракати хуби бандҳо мусоидат мекунад. Ба Ш.-и спортӣ аз 9 – 11-солагӣ шуруъ менамоянд.
Дар гурӯҳҳои беҳдошт ба одамони солхӯрда фақат ба маслиҳати духтур ба Ш. машғул шудан мумкин аст. Ҳангоми осеб дидани пардаи гӯш хеле боэҳтиёт бояд буд, дар натиҷаи ба даруни гӯши мобайн даромадани об мумкин аст сари одам чарх занад, дил беҳузур шавад ва ё сари калобаашро гум кунад. Баъди рӯй додани ҳар гуна беморӣ фақат ба маслиҳати духтур боз ба Ш. машғул мешаванд. Пеш ва баъд аз Ш. дар ҳавзҳои болопӯш дар таги душ шустушӯ мекунанд. Ҳангоми Ш. ҳатман ба сар каллапӯши резинӣ мепӯшанд.
Дар фасли зимистон дар ҳавзҳои кушод оббозӣ ва Ш. намудан боиси обутоби организм мегардад, вале хеле хавфнок аст. Бо чунин Ш. фақат бо маслиҳати духтур ва баъд аз тайёрии пешакӣ машғул мешаванд. Оби ҳарораташ қариб 40С боиси бад шудани аҳволи варзишгар мегардад: суръати набз ва нафаскашӣ, фишори хуни артерия меафзояд, мубодилаи газ ва сарфи қувваи организм зиёд шуда, ҳарорати бадан паст мефарояд. Чунин Ш. барои системаи асаб низ ангезандаи пурзӯр буда, фақат барои одамони комилан солим тавсия мешавад. Дар фасли зимистон бе маслиҳати духтур худсарона Ш. кардан боиси ҳодисаҳои ногувор мегардад. Барои ба чунин Ш. машғул шудан ба шахсони синнашон аз 40-сола боло хеле эҳтиёт бояд буд. Ҳангоми атеросклероз, бемории гипертония, газаки шуш ва ғ. дар фасли зимистон ба Ш. машғул шудан қатъиян манъ аст. Дар оби хунук ҳафтае 2 – 3 маротиба, дар аввал 20 – 40 сония шино карда, ин муддатро тадриҷан то як дақиқа (мӯҳлати зиёдтарин) мерасонанд. Дар ҳавои бисёр сард ва шамоли сахт мӯҳлати онро баяд кам кард. Дар ҳавои сард бо тани урён ба қадри имкон камтар меистанд. Азбаски организми кӯдак ва ҷавони то 18-сола зуд мутаассир мешавад ба чунин навъи Ш. машғул шудани онҳо мумкин нест. Аксари одамон барои обутоби хуби организм метавонанд ба машқҳое, ки чандон таъсир надоранд ва барои иҷрои онҳо қувваи зиёд сарф намешавад (аз ҷумла ваннаҳои обӣ, бо оби хунук оббозӣ ва бо сачоки хушк масҳ кардани бадан ва ғ.) машғул шаванд (ниг. Обутоби организм).
Е. Г. Алиева.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 257 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия