• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИРАИ МЕЪДА
ШИРАИ МЕЪДА, шираи ҳозима, ки ғадудҳои луобпардаи меъда ҳосил мекунанд; моеъи беранги шаффоф, таъмаш турш. Ҳуҷайраи ғадудҳои меъда ба асосӣ, наздиҷидорӣ ва иловагӣ ҷудо мешаванд. Ҳар гурӯҳ қисмҳои муайяни таркиби шираро ҳосил мекунад. Ҳуҷайраҳои асосӣ ферментҳо ба вуҷуд меоранд, ки тавассути онҳо моддаҳои ғизоӣ таҷзия мешаванд (пепсин сафедаҳоро, липаза чарбро таҷзия менамояд ва ғ.). Ҳуҷайраҳои наздиҷидорӣ кислотаи гидрогенхлоридро ҳосил мекунанд, ки он дар ҳазми хӯрок хеле муҳим аст. Кислотаи гидрогенхлорид луқмаро мулоим, ферментҳои Ш. м.-ро фаъол, микроорганизмҳоро нобуд карда, раванди ферментофариро дар ғадуди зери меъда метезонад, ба ҳосил шудани гормонҳои ҳозима мусоидат мекунад. Ғилзати он дар Ш. м.-и одам ба 0,4 – 0,5% баробар аст. Туршии Ш. м. ба миқдори кислотаи гидрогенхлорид, суръати ҷудошавии шира, қувваи бетаъсиргардони луоби меъда вобаста буда, ҳангоми иллати узвҳои ҳозима тағйир меёбад. Луобе, ки ҳуҷайраҳои иловагӣ ҳосил мекунанд, Ш. м.-ро ғализ мегардонад: луоб реаксияи ишқорӣ дорад ва кислотаи гидрогенхлоридро бетаъсир сохта, туршии шираро кам ва луобпардаро аз ангезиш нигоҳ медорад, дар ҳазми хӯрок иштирок менамояд. Ш. м. ғайр аз ферментҳо, луоб ва кислотаи гидрогенхлорид, як қатор моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ, инчунин моддаи махсус (ба ном омили Касл) дорад, ки он ҷаббиши витамини В12-ро таъмин месозад. Витамин В12 барои нумӯи мӯътадили эритроситҳо дар мағзи устухон зарур аст.
Қобилияти гувориши Ш. м.-е, ки дар давраҳои гуногун, инчунин аз ҷониби қисмҳои мухталифи меъда ҷудо мешавад, як хел нест. Тадқиқоти И.П. Павлов муайян кард, ки тарашшӯҳ бефосила намебошад: дар шароити мӯътадили берун аз муҳити ҳозима меъда Ш. м. ҷудо намекунад. Тарашшӯҳ танҳо аз таъсири ангезандаи хӯрок на фақат дар мавриди ба даҳон ё меъда дохил шудани ғизо, балки аз бӯю шакли он ва ҳатто вақти дар бораи хӯрок гап задан ҳам ба амал меояд. Намуд ё бӯи нофорами хӯрок мумкин аст баръакс, тарашшӯҳи Ш. м.-ро кам ё тамоман қатъ кунад.
Ҳангоми бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар, талхадон ва ғ. миқдори Ш. м. ва таркиби он мумкин аст то ҳадде тағйир ёфта, ихроҷи кислотаи гидрогенхлорид ва ферментҳо (ахилия) пурра қатъ гардад. Тадқиқи Ш. м. муҳимтарин усули ташхис мебошад. Бо ин мақсад пагоҳӣ чизе нахӯрда ё баъди истеъмоли ғизое, ки ғадудҳои меъдаро ба ангезиш меорад, ба меъда мисбор (зонд)-и махсус медароранд. Тавассути мисбор мӯҳтавии меъдаро гирифта, тадқиқ мекунанд. Мисборҳои датчикдорро низ истифода мебаранд, ки онҳо туршӣ, ҳарорат ва флораи меъдаро ҳам нишон медиҳанд.
Дар аснои изтироби пурҳаяҷон миқдор ва таркиби Ш. м. тағйир меёбад. Бинобар ин, баъзан як намуди таҳлил имкон намедиҳад, ки ба тағйироти Ш. м. дуруст баҳо диҳанд.
Ҳангоми бемориҳои меъда, ки боиси норасоии тарашшӯҳи шира ё кам шудани миқдори кислотаи гидрогенхлорид мегардад, Ш. м.-ро чун дору низ истифода мебаранд. Бо ин мақсад Ш. м.-и табиӣ (аз они ҳайвонот) ё сунъиро танҳо бо таъиноти духтур кор мефармоянд.
Ниг. низ Узвҳои ҳозима.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 268 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия