• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИРИ МОДАР
ШИРИ МОДАР, усорае, ки дар ғадуди синаи зан ҳосил мешавад. Барои кӯдакон дар моҳҳои аввали ҳаёт ғизои беҳтарин аст. Ш. м . аз рӯи таркиб ва таносуби моддаҳои ғизоӣ ба хусусияти узвҳои ҳозимаю мубодилаи моддаҳои кӯдакони ҳамин давраи инкишоф хеле мувофиқат мекунад.
Синаи зан 2 – 3 рӯзи аввали баъди таваллуд фалла ҳосил мекунад. Дар таркиби фалла сафеда, намак ва чарб бисёр аст. Дар фалла подтанҳо (моддаҳое, ки кӯдакро аз бемориҳои гуногун эмин медоранд) низ фаровон мебошанд. Бинобар ин, кӯдакро (вобаста ба ҳолати ӯ ва модараш) барвақт сина додан хеле муҳим аст.
Шир моеъи сафедранг буда, дар зери микроскоп ба шакли доначаҳои чарбу намоён мешавад. Дар таркиби Ш. м. ҳамаи моддаҳои зарурии ғизоӣ ва витаминҳо ба ҳамон миқдор ва таносубе, ки кӯдак ҳазм карда метавонад, мавҷуданд. Ғайр аз ин, Ш. м. подтанҳо, гормон (аз ҷумла, гормонҳои ғадуди сипаршакл) ва фермент дорад.
Сафедаҳои Ш. м. серғизо буда, зудҳазманд. Равғани шир дар шакли эмулсия мавҷуд аст, ки ба ҳар чи пурратар ҳазм шудани он имкон медиҳад. Карбогидратҳои Ш. м. ба инкишофи микробҳо дар рӯда мамониат мекунанд, ки ин боиси ҳазм шудани хӯрок мегардад. Кӯдаконе, ки шири сунъӣ мехӯранд (хусусан дар шароити бади гигиенӣ ва нигоҳубини нодуруст), зуд-зуд ба бемориҳои узвҳои нафас, меъдаву рӯда ва аллергӣ гирифтор мешаванд. Ғайр аз ин, омехтаҳои ширӣ баъзан боиси фарбеҳии кӯдак мегарданд. Моддаҳое, ки ба организми модар дохил мешаванд, ба шир низ мегузаранд. Бинобар ин, модар бояд ба тартиби ғизо қатъиян назорат кунад.
Ниг. низ Кӯдаки ширмак.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 1175 | Рейтинг: 3.1/8
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия