• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИРИНӣ
ШИРИНӣ, шиннӣ, дӯшоб, як навъ шарбати мева. Барои тайёр кардани шиннӣ шираи тут, ангур, харбуза ва диг. меваро гирифта, дар дег меҷӯшонанд. Дар гузашта шинниро ба ҷои шакар кор фармуда, аз он ҳалво ва мураббо мепухтанд. Ш.-ро барои тайёр кардани ҳалвои сурхак ва ҳалвои тар низ истифода мебаранд.
Ба қавли табибони мардумӣ Ш.-ро бихӯранд, хуни солим пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад; бо тухми маҳсар истеъмол намоянд, аллергияро ба ибро меоварад, бо анҷир ва пудина бихӯранд, барои сурфаи кӯҳна ва дарди узвҳои даруни сина дору мешавад, онро бо шири навдӯшида ва андак бодоми ширин бихӯранд, дилбозӣ, лоғарии шадиди бадан, сустӣ ва заифии узвҳои даруни шикамро шифо мебахшад; бо оби ҷав биёшоманд, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад, пешобро меронад. Ш.-ро бо гулхайрӣ ҷӯшонда гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, пучакҳоро мекафонад. Аз ҳад зиёд истеъмол кардани Ш. хунро месӯзонад, дарди сар медиҳад.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 256 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия