• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИРИНЧА
ШИРИНЧА, бемории хоси организми кӯдак, ки дар натиҷаи ихтилоли мубодилаи моддаҳо, ба мизоҷи кӯдак нафоридани баъзе навъҳои хӯрок (аксар вақт баъд аз истеъмоли шир, тухм, қулфинай, меваҳои ситрусӣ, асал, шоколад) пайдо мешавад. Ш. мумкин аст боиси илтиҳоби аллергии пӯст ва луобпардаҳо гардад. Иллати пӯст ҳанӯз дар ҳафтаҳои аввали таваллуд пайдо шуда, хусусан баъд аз шашмоҳагӣ, вақте ки кӯдак ҳар гуна ғизоро истеъмол мекунад, бештар зоҳир мегардад. Зуҳуроти Ш. баъд аз 3 – 5-солагии кӯдак кам ё тамоман нест мешавад.
Дар ибтидои беморӣ дар болои абрувони кӯдак доғҳои зардтоби пӯстрав пайдо мешаванд. Ба кӯдаки бемор ҳарчанд ниғз нигоҳубин кунанд ҳам, илтиҳоби пӯст ба зуддӣ нест намешавад. Дар 1,5 – 2-моҳагӣ пӯсти рӯй сурх ва монанди сабӯс мегардад (ба ном гнейс). Дар қисми мӯйдори сар ва болои абрувон карахшҳои зардтоб пайдо гашта, ҳангоми вазнин ҷараён гирифтани беморӣ онҳо ба ҳамдигар омехта мешаванд ва ба як карахши ғафс табдил меёбанд. Кӯдакони бемори Ш. бисёр вақт ба назла, зуком, гулӯдард, бронхит, илтиҳоби луобпардаи чашм, газаки гӯши мобайн (ниг. Отит) дучор меоянд. Онҳо гоҳе исҳол ва гоҳе ба қабзият гирифтор шуда, баъди аз сар гузарондани беморӣ табу тасф муддати дароз боқӣ мемонад (ҳарор. субфебрилӣ; 370 – 37,20С). Дар организми кӯдаки касал моеот бештар ва тӯлонитар нигоҳ дошта мешавад. Чунин кӯдак «хомфарбеҳ» буда, бинобар зиёду кам шудани оби организм зуд фарбеҳ ва ё хароб мегардад. Бемориҳои сироятӣ дар чунин кӯдакон вазнин ва тӯлонӣ ҷараён мегиранд. Ҳамчун оризаи Ш. мумкин аст экзема, нейродермит, ҳукок пайдо шавад; баъзан аз таъсири бемориҳои шадиди роҳи нафас хурӯсак, зиқи нафас ва бронхите, ки нишонаҳои зиқи нафасро дорад, рух менамояд. Экзема дар организми кӯдак дар натиҷаи ба парҳез риоя накардани модар, ҳангоми ба кӯдак додани шири гов, баъзе навъҳои афшура, равғани моҳӣ пайдо мешавад. Рухсораи кӯдак сурх шуда, доначаҳо мебароянд (сахт хориш мекунанд). Кӯдак рӯяшро хорида, доначаҳоро мекафонад. Экзема, ки дар рухсораҳои кӯдак пайдо шудааст, ба тамоми рӯй, бадан, даст ва пойҳо паҳн мегардад, хориш мекунад. Кӯдаки бемор инҷик ва камхоб мешавад.
Дар қисми поёни бадан ва пойҳои кӯдаки гирифтори Ш. пайдо шудани доначаҳои уқдашакл аз бемории строфулюс гувоҳӣ медиҳад. Кӯдак ба ин беморӣ аксар вақт дар 2 – 3-солагӣ, баъди истеъмоли тухм, шӯрбои тунд, шоколад, меваҳои ситрусӣ гирифтор мешавад.
Нейродермит, одатан, дар пӯсти кӯдак баъди 3-солагӣ дар натиҷаи Ш. ё муддате пас аз рафъ шудани зуҳуроти он ба вуҷуд меояд. Пӯсти оринҷу зону, инчунин ҷойҳои чиндори бадани кӯдак хушк ва шахшӯл шуда, хориш мекунад ва мекӯчад.
Бемориро духтур муолиҷа мекунад. Худтабобат (хусусан бо дору), одатан, аҳволи кӯдакро вазнин мегардонад. Духтур барои табобати кӯдак парҳез (аз гӯштоби тунд, сафедии тухм, шоколад, тухми моҳӣ, асал, қаҳва, меваҳои ситрусӣ) тавсия мекунад. Ҳангоми пухтани пӯст нигоҳубини ҷиддӣ зарур буда, аз обзанҳо (бо навбат бо маҳлули сода ва перманганати калий) истифода мекунанд, ба пӯст коғази равғаннок мегузоранд, креми кӯдакона мемоланд. Дар мавриди илтиҳоб ва тар шудани пӯст аз обзанҳои дорунок истифода мебаранд; ҳангоми нейродермит бо маслиҳати духтур ба пӯст хамира ё марҳамҳои гуногун мемоланд.
Барои пешгирии Ш.-и кӯдак зани ҳомила ва синамаккон бояд ба парҳез риоя кунад, ғизоҳои боднок нахӯрад. Токсикоз (ниг. Токсикозҳои ҳомилагон) ва диг. бемориҳои занони ҳомиларо сари вақт табобат кардан зарур аст. Ба кӯдак додани ғизое, ки ба пайдоиши Ш. мусоидат мекунад, қатъиян манъ аст (ниг. Кӯдаки ширмак, Ширхора, Синни яслӣ); барои баъзе кӯдакон ғизои махсус таҳия месозанд.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 360 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия