• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИРХОРА
ШИРХОРА, кӯдаки то яксола. Дар тӯли як сол қади кӯдак ба ҳисоби миёна 25 см дароз мешавад, дар 4 – 5-моҳагӣ вазни ӯ ду баробар, дар яксолагӣ се баробар афзуда, ба ҳисоби миёна 10 – 11 кг-ро ташкил медиҳад. Узвҳои ҳаракат ва рӯҳияи кӯдак зуд инкишоф меёбанд: аввал ӯ ба нишастан одат мекунад, баъд рост меистад, наздиконашро мешиносад; дар яксолагӣ бошад, ба роҳгардӣ ва талаффузи калимаҳои аввал шурӯъ мекунад, аз махлуқи хурдакаки нотавон ба одамчае табдил меёбад, ки пурра ба ҳадди камолот нарасида бошад ҳам, соҳиби эҳсосот, таассурот, ташвишҳои худ аст. Дар ин давра ҳамаи узвҳои кӯдак инкшоф меёбанд, вале онҳо аз ҷиҳати фаъолият ҳанӯз мукаммал нестанд.
Пӯсти кӯдак дар ин давра ба нигоҳубини ҷиддӣ эҳтиёҷ дорад. Дар 3 – 4 моҳи аввал кори ғадудҳои арақ номукаммал буда, боиси ноқисии танзими ҳарорат мегардад. Аз ин рӯ, кӯдак ҳангоми тағйир ёфтани ҳарорат зуд гарм мешавад ё хунук мехӯрад. Дар нимсолаи аввал кӯдак зудтар месабзад, махсусан қабати зерипӯстии чарби рӯяш тағийр меёбад.
Дар синни ширхорагӣ дар устухонҳои кӯдак тадриҷан намакҳои калсий ҷамъ шуда, боиси устувории онҳо мегарданд. Тағояки баъзе ҷойҳои кӯдак ба устухон табдил меёбад. Нармаки калони сар на дертар аз 1 – 1,5-солагӣ маҳкам мешавад. Дар 3 – 4-моҳагӣ тарқишҳои байни устухонҳои косахонаи сар тадриҷан зич шудан мегиранд. Дар сурати нигоҳубини нодуруст ва ба қадри зарурӣ дар ҳавои тоза сайру гашт накунондан, ҷараёни шаклгирии скелет вайрон шуда, кӯдак ба бемории рахит дучор меояд. Дар охири нимсолаи якум (шашмоҳагӣ) кӯдак дандон мебарорад, зимнан аввал дандонҳои мобайни поён, баъд боло – аввал дандонҳои мобайнӣ, баъд паҳлӯӣ, охири сол дандонҳои паҳлӯии поён низ мебароянд. Охири сол кӯдак бояд 8 дандон дошта бошад. Дандонбарорӣ ҳолати муқаррарӣ буда, худ сабаби ҳеҷ гуна беморӣ намешавад, аммо баъзе кӯдакон ҳангоми неш задани дандон ноором, беҳол, бехоб гашта, андаке таб мекунанд, дарунрав мешаванд. Баробари зуҳури чунин аломатҳо ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.
Силсилаи мушакҳо ҳанӯз нағз инкишоф наёфтааст, аммо баробари нишастан, хестан ва роҳ гаштани кӯдак он торафт устувор ва пурбардошт мешавад. Қат шудани мушакҳо дар 3 – 4-моҳагӣ камтар гашта, ҳолати хоси навзод – қат будани дасту пой тадриҷан тағйир меёбад. Силсилаи мушакҳо алалхусус дар натиҷаи машғулиятҳои доимии ҷисмонӣ дуруст рушд мекунад.
Нисбат ба давраи навзодӣ дар давраи ширхорагӣ мушакҳои нафаскашӣ бештар инкишоф меёбанд ва қафаси сина дар нафаскашӣ фаъолона иштирок мекунад, ҳаҷми шуш калонтар мешавад.
Нафасгирии кӯдак чуқуртар ва басомади он тадриҷан кам гардида, дар синни яксолагӣ дар 1 дақ. ба 30 – 35 мерасад. Шуш дар ин син кори зиёд мекунад, луобпардаи роҳи нафас нозук буда, ҳангоми нигоҳубини бади кӯдак амрози узвҳои нафас ба вуҷуд меоянд.
Системаи дилу рагҳо торафт инкишоф ёфта, мушаки дил меафзояд. Хусусияти сохти дилу раг гардиши хунро осон мекунад. Басомади набз торафт кам гашта, фишори шараён зиёд мешавад.
Дар соли якуми ҳаёт узвҳои ҳозима такмил меёбанд. Дар 4 – 6-моҳагӣ оби даҳон зиёд, шираи ҳозима ва талха бештар ҷудо мешавад. Аз 3 – 4 - моҳагӣ ба кӯдак ғайр аз шир тадриҷан ғизои аз растанӣ ё ҳайвонот таҳияшуда низ медиҳанд. Он бояд қатъиян ба синну соли ӯ мувофиқ бошад. Рӯдаҳо торафт кам холӣ гашта, кӯдак дар яксолагӣ дар 1 шаборӯз 1 – 2 маротиба қазои ҳоҷат мекунад. Узвҳои ҳозима нисбат ба узвҳои ҳозимаи калонсолон кори зиёдро ба ҷо меоранд (ба 1 кг вазни кӯдак нисбат ба одами калонсол 2 – 2,5 баробар зиёдтар ғизо талаб карда мешавад). Дар ин синну сол нодуруст ғизо додан ба кӯдак боиси сар задани бемориҳои меъдаю рӯда ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо мегардад.
Узвҳои шошаю таносул низ инкишоф меёбанд. Ҳаҷми пешобдон калон, девораҳои он чандир мешавад. Дар охири сол миқдори пешобронӣ то 15 – 16 маротиба дар як шаборӯз кам мегардад.
Системаи асаби кӯдак дар соли аввали ҳаёт басо тез инкишоф меёбад. Охири соли якум вазни майна тақр. 2 маротиба меафзояд. Узвҳои ҳис рушд мекунанд, ҳаракатҳои кӯдак торафт мураккаб мегарданд, эҳсосоти мусбат ё манфӣ пайдо мешавад, нутқ тараққӣ меёбад. Асабҳои канорӣ (аз майна ва ҳароммағз ибтидо мегиранд) дар охири сол бо қабати миелинӣ, ки ба изолятор мемонад, пӯшида мешаванд. Кӯдак акнун ба ангезаҳои гуногун на бо ҳаракатҳои бешуурона, балки бо мақсадҳои аниқ муносибат мекунад. Дар ҷараёни ҳаёти кӯдак рефлексҳои шартии нав ба нав пайдо шуда, инкишоф меёбанд, мас., кӯдакро бӯи шир водор месозад, ки сарашро ҷунбонда сина ҷӯяд.
Дар 1-моҳагӣ кӯдак нигоҳашро ба ягон чиз равона карда, ҳангоми гурусна мондан мегиряд ва ангушташро мемакад. Наздик шудани синаи модарро ҳис карда, хушҳол мегардад – сарашро мегардонад, даҳонашро мекушояд, барои макидани пистон ҳаракат мекунад. Сарашро чанд сония метавонад рост нигоҳ дорад, агар хобида бошад, барои бардоштани сар кӯшиш мекунад. Ҳангоми бо шикам хобонда, ба пошнаи пояш даст расондан, кӯдак бо пойҳояш дастро тела дода, гавак мекашад. Агар аз зери бағали ӯ доранд, бо пойҳояш рост меистад. Дар вақти парпеч кардан дасту по мезанад, сарашро гардонда, табассум мекунад. Дар ин синн кӯдакон дар як шаборӯз қариб 20 соат мехобанд.
Дар 2-моҳагӣ кӯдак, одатан, сарашро нағз бардошта, 1 – 1,5 дақ. рост дошта метавонад, ба шикам хоб рафта, сару тӯшашро мебардорад ва чанд муддат дар чунин ҳолат меистад. Кӯдак аллакай ба ҳаракати ашё хуб назорат мекунад, ба тарфи садо сарашро мегардонад, ҳангоми пайдо шудани чизҳои рангин, ниҳоят равшан ё садои баланд аз макидан бозмеистад. Рефлексе, ки ҳангоми ба пошнаи пой даст расондан кӯдак гавак кашидан мехост, гум мешавад. Ҳангоми ба вай муроҷиат намудан, ҷавобҳояш муайянтар мешаванд, ба таббассум бо табассум ҷавоб медиҳад, вақти бо ӯ гап задан садоҳои номафҳум мебарорад, чизҳоро бо панҷааш сахт медорад.
Дар 3-моҳагӣ кӯдак сарашро 5 – 6 дақ. озод рост медорад. Вай аз кадом тараф омадани садоро нағз мефаҳмад, ба ҳамон тараф мегардад ва ба ҳаракати предмет бо шавқ назорат мекунад. Ҳангоми наздик овардани синаи модар, шишачаи шир ё қошуқча кӯдак даҳонашро мекушояд, ба тарафи сина ё предмет майл мекунад. Ба шикам хобида нимхез мешавад, ба бозую оринҷ такя мекунад, ба паҳлӯ мегардад. Ҳаракати дастон озодтар ва мақсаднок мешавад – кӯдак ба бозича даст дароз мекунад, ангуштонашро ба даҳон меандозад, парпечро мекашад. Вақте ки калонсолон бо вай бозӣ мекунанд, маъқул мешавад, табассум менамояд, модарашро мешиносад ва агар бо ӯ бозиро қатъ кунанд, ба гиря медарояд.
Дар 4-моҳагӣ кӯдак озодона аз тахтапушт ба шикам мегардад, ба шикам хобида нимхез мешавад, ба ашёи ҳаракаткунанда менигарад. Бо ёрии калонсолон нишаста метавонад. Одами бегона ва худиро мешиносад. Бо бозичаҳо бозӣ мекунад, онҳоро палмосида ба сӯи даҳон мебарад. Ҳангоми нимхез шудан, фақат ба кафҳои дастон такя менамояд. Доимо «гап мезанад», садоҳои оҳангдор мебарорад, ҳангоми бозӣ нафақат табассум мекунад, балки механдад. Дар ин синн кӯдак аллакай баъзе рангҳоро фарқ карда метавонад.
Дар 5-моҳагӣ кӯдак модарашро нағз мешиносад, ба шахси бегона намеравад. Оҳанги садоҳоеро, ки ба ӯ муроҷиат мекунанд, хуб фарқ мекунад. Ҳаракатҳояш торафт боварибахш мешаванд, вай бозичаро маҳкам гирифта, дер гоҳ дар даст нигоҳ медорад. Ҳангоми доштан ё такя кунондан мешинад, аммо ҳанӯз миёнашро рост дошта наметавонад; аз зери бағалаш нигоҳ доранд бо пой рост меистад.
Дар 6-моҳагӣ мустақилона мешинад. Аз шикам ба тахтапушт мегардад, ҳангоми аз даст ё сандуқи сина дошта истодан мехезад ва ба қадамзанӣ ҳаракат мекунад. Барои чорпоя гаштан мекӯшад. Бо бозичаҳо озодона бозӣ мекунад – онҳоро аз як даст ба дасти дигар мегирад, алвонҷ медиҳад, шақшақаи ба замин афтодаро мегирад. Ба талаффузи аввалин – «на», «би» ва ғ. шурӯъ мекунад.
Дар 7-моҳагӣ кӯдак озод гавак мекашад, мустақил ва бехавотир мешинад, такя карда бо зону мехезад, агар аз зери бағалаш доранд, нағз қадам мезанад. Акси худро дар оина дида, ба суи он даст дароз мекунад. Ҳиҷоҳои «на-на», «да-да», «би-бӣ»-ро хуб такрор менамояд.
Дар 8-моҳагӣ озод гавак мекашад, катчаро дошта мехезад ва худаш мешинад. Кӯшиши чапак задан мекунад, ҳаракатҳои омӯхтаашро такрор менамояд. Аз ҷой мехезад ва ҳангоми аз дасташ доштан, роҳ гаштанӣ мешавад. Қиёфааш ҳар дам тағйир меёбад: аз дидани бозичаи нав ё каси ношинос дар чеҳраш шавқу завқ ва ҳайрат пайдо мешавад. Бо нигоҳаш ашёи барояш даркориро меҷӯяд ва барои ба даст овардани он кӯшиши қатъӣ зоҳир мекунад. Бо бозичаҳо бисёр машғул мешавад, онҳоро аз назар мегузаронад, бо як бозича дигарашро мезанад ва ғ.
Дар 9-моҳагӣ кӯдак метавонад ҳаракатҳои нисбатан мураккабро иҷро бикунад – кубикҳоро болои ҳам мечинад, ашёи майдаро ҷамъ мекунад, хоҳишҳои оддӣ («дастатро деҳ», «хайр гӯй» ва ғ.) – ро ба ҷо меорад. Ашёи афтода ё пинҳон кардаро меҷӯяд, чизҳои парокандаро кофта меёбад. Ҳаракат мекунад, ки мустақил рост истад, чизҳо ё дастро дошта роҳ гардад.
Дар 10-моҳагӣ кӯдак худаш хеста, бидуни ягон такя рост меистад. Танҳо аз як даст дошта роҳ рафта метавонад. Чизҳои майдаро бо ду ангушташ мегирад, бозичаи барояш маъқулро ба кас намедиҳад. Ба ҳаракати калонсолон хуб тақлид мекунад. Хоҳишу талаботи оддиро талаффуз намуда, ашё ва ҳайвоноти атрофро бо ҳиҷоҳои алоҳида ном мебарад.
Дар синни 11 – 12-моҳагӣ кӯдак мехезад, мешинад, хам мешавад, аз даст дошта роҳ меравад. Дар яксолагӣ аввалин қадамҳои мустақилона мемонад. Номи бисёр ашёро медонад, бозича ё узвҳои бадани худро нишон дода метавонад ва ғ. Манъи баъзе корҳоро мефаҳмад ва бисёр талаботро ба ҷо меорад. Климаҳои алоҳидаи кӯтоҳро талаффуз намуда, онҳоро мефаҳмад. Захираи калимаҳои кӯдак дар ин синн тақр. 10-тост. Дар як шаборӯз 14 – 26 соат мехобад.
Нигоҳубини кӯдаки ширхора. Роҳҳои асосии нигоҳубини кӯдак дар ин синн бо тарзи нигоҳубини кӯдаки навзод умумӣ аст, аммо хусусиятҳои худро низ дорад.
Баландии деворҳои катча набояд аз қафаси синаи кӯдак пасттар (қариб 60 см) бошад, то ки кӯдак аз катча наафтад, зеро вай дар нимсолаи дуюм ба қадри ҳол фаъол ва серҳаракат аст. Ҳар он чизе, ки ба дасти кӯдак дода мешавад (хӯрдани, бозича, пистнак ва ғ.), бояд тоза шуста ё ҷӯшонида шавад. Бозича ё пистонаки ба замин афтидаро нашуста ба кӯдак додан мумкин нест. Дар тӯли 6 моҳи аввал кӯдакро ҳар рӯз, сонӣ ҳафтае 2 – 3 маротиба оббозӣ медоранд (мӯҳлати оббозӣ 8 дақиқа). Тақрибан аз 1-моҳагӣ ба вай эзорчаю пойафзор пӯшондан мумкин аст. Ҳамин ки кӯдак рост истоданро ёд гирифт, барои вай либосҳое зарур мешаванд, ки ба ҳаракат халал нарасонанд (эзорча, колготка, ҷӯробчаи соқаш дароз ва ғ.).
Бояд дар хотир дошт, ки ҳамаи малакаҳои то синни яксолагӣ ҳосилкардаи кӯдак аз бисёр ҷиҳат ба нигоҳубин, тартиби дурусти ғизо ва тарбияи вай вобаста аст. Дар рушди кӯдак машғулиятҳои волидайн ва дуруст интихоб намудани бозичаҳо аҳамияти калон дорад. Дар мавриди машғулиятҳое, ки барои обутоби кӯдак равона шудаанд, баҳри он кӯшидан зарур аст, ки онҳо ба қобилияти биноӣ, ҳаракат ва шунавоии кудак таъсири мусбат расонанд.
Тарбияи ҷисмонӣ ва обутоб дар давраи ширхорагӣ барои ташаккули дурусти организми кӯдак аҳамияти калон дорад. Кӯдакони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ба муҳит осон мутобиқ мешаванд, бемориҳоро бе душворӣ паси сар мекунанд.
Сайру гашт, ки аз давраи навзодӣ оғоз меёбад, дар давоми ширхорагии кӯдак низ омили муҳими обутоб ба шумор меравад. Кӯдаки ширмакро сарфи назар аз мавсими сол ва обу ҳаво бояд ҳар рӯз ба ҳавои тоза баровард (фақат дар аснои шамолу борони сахт ба сайру гашт баровардани ӯ тавсия намешавад). Зимистон ҳамроҳи кӯдак рӯзе 2 – 3 маротиба сайру гашт мекунанд: кӯдаки якмоҳа бояд тақр. 40 дақ. дар ҳавои кушод бошад. Сипас, сайру гаштро тадриҷан 5 – 10-дақиқагӣ зиёд карда, дар 4-моҳагӣ рӯзе ба 4 соат мерасонанд. Тобистон кӯдаки ширмак бояд тамоми рӯз дар ҳавои тоза бошад. Дар вақти сайру гашт ба он аҳамият додан зарур аст, ки бинӣ ва дастони ӯ гарм, ҳангоми ба хона баргаштан вай арақ накарда бошад. Агар кӯдак андаке зуком дошта бошаду таб накунад, сайру гаштро давом додан мумкин аст.
Ваннаҳои ҳавоиро тобистон дар ҳавои кушод, зимистон дар хона (дар ҳар ду ҳолат ҳарорати ҳаво бояд аз 20 – 220 паст набошад) гузаронидан мумкин аст. Ваннаҳои ҳавоиро аз 1 – 1,5-моҳагии кӯдак сар мекунанд. Бо ин мақсад ӯро рӯзе 2 – 3 маротиба 1 – 2 дақ. урён нигоҳ медоранд. Баъд ин фосилаи вақтро торафт тӯлонитар карда, дар шашмоҳагӣ ба 8 – 10 дақ., дар охири соли аввал ба 12 – 15 дақ. мерасонанд. Ҳангоми ваннаҳои ҳавоӣ вазъи кӯдакро тағйир медиҳанд, дар айни замон бадани ӯро масҳ намуда, варзиш мегузаронанд. Тобистон ваннаҳои ҳавоиро дар ҷои соя мегузаронанд, чунки нурҳои рости офтоб ба кӯдакони то яксола метавонад зарар расонад (гармозанӣ ё сӯхтани пӯст).
Обшифоӣ аз 3 – 4-моҳагӣ, одатан, аз тадриҷан ва эҳтиёткорона бо латтаи тар молиш додани бадан сар мешавад. Аввал дар давоми 1,5 – 2 ҳафта пӯсти кӯдакро рӯзе ду маротиба бо порчаи матои бумазӣ ё моҳути мулоим то сурх шудан, молиш медиҳанд. Сипас молиш ба латтаи тар сар мешавад. Бо ин мақсад, одатан, аз дастпӯшаки нарми патнок истифода мебаранд. Онро дар об тар карда, ғиҷим мекунанд ва сару тани кӯдакро якзайл мемоланд. Аввал як қисм, баъд қисми дигари бадан молиш дода мешавад (қисми дигари бадан дар ин маврид бояд зери кампал бошад). Ба об 1 қошуқча намаки ош ё 1 қошуқ спирти этили 40 – 70% (ба як истакон об) ҳамроҳ мекунанд. Ҳарорати об сараввал бояд 35 – 360 бошад, пас аз як ҳафта ҳарор. онро то ба 32 – 330 расонда, баъди ҳар моҳ 10 хунук мекунанд (аммо набояд аз 300 паст бошад). Масҳи баданро, одатан, баъди хоби пагоҳирӯзӣ дар давоми 4 – 6 дақ. мегузаронанд.
Обутоби кӯдак бояд натиҷаи мусбат ба бор оварад. Дар аснои беморӣ, зиёд нашудани вазн ва ҳаяҷонпазирии кӯдак муолиҷаро қатъ намуда, ба духтур муроҷиат мекунанд. Пас аз фосилаи дамгирӣ бо иҷозати духтур обутоби кӯдак аз сари нав оғоз меёбад.
Масҳ ва варзиши бадан омили муҳимми инкишофи дурусти ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак буда, ба сабзиши тамоми узвҳо, ташаккули скелет ва мушакҳои бадан мусоидат мекунанд. Маҷмӯи машқҳо ва техникаи масҳро аз духтури оилавӣ муфассал омӯхтан мумкин аст. Масҳ ва варзиши баданро, одатан, аз 1,5 – 2-моҳагӣ сар мекунанд. Хонае, ки дар он кӯдакро масҳ мекунанд, бояд ҳавои тоза дошта, ҳарорат аз 200 паст набошад. Масҳ ва варзиши баданро дар болои мизи баландиаш тақр. 70 см, ки бо кампали чорқат, клеёнка ва парпеч пӯшида шудааст, гузарондан мувофиқи мақсад мебошад. Машғулиятҳо дар як вақт 30 дақ. пеш ё 1– 1,5 соат баъди истеъмоли ғизо гузаронида мешаванд. Ҳар кадом машқ ё масҳро 2 – 6 маротиба такрор мекунанд (умуман, машғулият 10 – 12 дақ. идома меёбад). Онро рӯзе 2 маротиба гузаронидан мумкин аст.
Аз таъсири масҳ гардиши хун дар пӯсту мушакҳо, ҳамчунин мубодилаи моддаҳо беҳтар мегардад. Тарзи асосии масҳи кӯдаки ширмак дар шароити хона молиш мебошад. Он бояд оҳиста, бо ҳаракати навозишкорона ва мавзуни даст аз нӯги узвҳо ба тарафи марказ (аз панҷаҳо ба сӯи китфон, аз кафи пой ба самти чинҳои қадкашак ва ғ.) иҷро карда шавад. Пеш аз масҳ дастҳоро мешӯянд. Дар вақти масҳ кардан дасту пои кӯдакро андаке қат менамоянд.
Зери таъсири машқҳои ҷисмонӣ фаъолияти узвҳо беҳтар мегардад, малакаҳои таҳрика инкишоф меёбанд, кӯдак зуд калон мешавад. Ҳангоми варзиши бадан дар синни ширхорагӣ махсусан ба ҳаракатҳои дурусти кӯдак аҳамият додан зарур аст. То 3 – 4-моҳагӣ пойҳои кӯдакро сахт қат ва рост кардан лозим нест, чунки дар ин давра қат шудани дасту пой табиӣ буда, чунин машқҳо метавонанд сабаби ёзиши мушаку бандҳо гарданд.
Дар синни 1,5 – 2-моҳагӣ машқҳое гузаронда мешаванд, ки онҳо ба рефлексҳои ғайришартӣ асос ёфтаанд (бо ном машқҳои ғайрифаъол): ба сутунмӯҳра даст расонанд, он қат мешавад; кӯдакро ба шикам хобонанд, барои сарашро бардоштан ҳаракат мекунад; ба кафи пояш даст расонанд, онро тела медиҳад ва ғ. Ба кӯдак муроҷиат карда ё бо навозиш ба он мувафақ шудан лозим аст, ки вай бо шавқ дасту пой ва тамоми баданашро ба ҳаракат дарорад.
Дар 3 – 6-моҳагӣ дасту пои кӯдакро ба ҳаракат меоранд – дасту пойро салибшакл қат мекунанд, мушакҳои тахтапуштро кашиш медиҳанд ва ғ. Дар охири ин давра ба иҷрои машқҳое оғоз мекунанд, ки барои гавак кашидан ва ҳаракати дастон заруранд; бо ин мақсад беҳтараш бозичаҳои рангаш баланд истифода шаванд. Кӯдакро рӯзе чандин маротиба ба шикам хобондан мумкин аст.
Дар синни 6 – 10-моҳагӣ диққати асосиро ба гавак кашидани кӯдак равона кардан лозим аст. Он гурӯҳи бисёри мушакҳои тан ва дасту пойро мустаҳкам менамояд. Дар ин синн ҳангоми иҷрои машқҳо то ҳадди имкон бо кӯдак зиёдтар гап задан лозим аст; аз як тараф ӯ баъзе машқҳои нишон додаро такрор менамояд, аз тарафи дигар ин гуфтугуҳо ба инкишофи нутқи кӯдак мусоидат мекунанд. Ба маҷмӯи машқҳо аз пушт ба шикам гаштан, ҳаракати даврзанандаи даст, нишастан ва ғ. дохил мешаванд. Барои машғулиятҳо бозичаҳои гуногуни рангашон равшанро истифода мебаранд.
Дар 10 – 14-моҳагӣ кӯдак ба хестану роҳ рафтан шурӯъ карда, гапро мефаҳмад. Бинобар ин, аз чунин машқҳо ба монанди бардоштани пой, дасти ягон касро дошта диккак нишастан, хаму рост кардани бадан ва ғ. истифода мебаранд. Машғулиятҳо барои гуфтугӯро фаҳмидани кӯдак, ҳосил кардани малакаҳои ҳаракат, фаъол ва мустақил гаштани ӯ мадад мерасонанд.
Инкишофи пуравҷи организми кӯдак ба давраи ширмакии ӯ хос аст. Аз ин рӯ, организми кӯдакони ин синн ба моддаҳои ғизоӣ талаботи зиёд дорад. Дар айни замон узвҳои ҳозимаи кӯдаки ширмак ҳанӯз ба қадри кофӣ инкишоф наёфтаанд. Аз ҳамин сабаб ба кӯдак дуруст ва оқилона хӯрок додан, барои сабзишу инкишофи мавзуни вай аҳамияти калон дорад. Агар кӯдак нодуруст хӯрок хӯрад ва миқдори зарурии моддаҳои ғизоиро нагирад, ин ба инкишофи ҷисмонӣ ва фикрии ӯ таъсири манфӣ мерасонад, муқобилияти организми ӯро ба микробҳои гуногун кам мекунад. Аз ҳад зиёд хӯрондани кӯдак низ зарар дорад. Кӯдакони фарбеҳ суст инкишоф ёфта, зуд-зуд бемор мешаванд. Ғайр аз миқдор, сифати тиркиби хӯрок, таносуби муайяни сафеда, равған, карбогидратҳо ва намакҳо низ муҳим аст. Ба кӯдак миқдори кофии витаминҳо заруранд, ки онҳо дар мубодилаи моддаҳо фаъолона иштирок мекунанд.
Шири модар барои кӯдакони то яксола, алалхусус дар шаш моҳи аввал хеле муфид аст. Шири модар табиатан ба хусусиятҳои узвҳои ҳозима ва мубодилаи моддаҳои организми кӯдак мувофиқ мебошад. Он тамоми моддаҳои ғизоии барои сабзиш ва инкишофи дуруст зарурӣ – сафеда, равған, карбогидратҳо, намак, обу витаминҳоро дорост. Ғайр аз ин, бо шири модар ба организми кӯдак моддаҳои муҳофиз, ба истилоҳ подтанҳо ворид мешаванд, ки дар моҳҳои аввали ҳаёт кӯдакро аз баъзе амрози сироятӣ муҳофизат мекунанд. Шири сина нисбат ба ҳамаи дигар навъҳои ғизо беҳтар ҳазм шуда, ҳарорати мувофиқ дорад.
Ба макондани кӯдак ҳанӯз пеш аз таваллуди ӯ тайёрӣ дидан зарур аст. Чунки аллакай дар ду-се моҳи аввали ҳомилагӣ ғадудҳои шир зуд инкишоф ёфта, ба ҳосил кардани шир омода мешаванд. Дар давраи ҳомилагӣ зан бояд хӯроки дуруст ва серғизо хӯрад (ниг. Тағзия), ба миқдори зарурӣ моеъот ва афшура нӯшад, ҳар рӯз дар ҳавои тоза сайру гашт кунад, дар вақташ хоб равад, ба кори вазнин машғул нашавад. Тамокукашӣ ва нӯшидани машрубот қатъиян манъ аст. Агар нӯги синаҳо ҳамвор ё чӯкида бошад, онҳоро бо ширдӯшак сари вақт баровардан лозим. Ширдӯшакро ба нӯги сина монда, чанд маротиба мефишоранд ва ҳамин тавр нигоҳ медоранд. Ин корро рӯзе ду маротиба такрор мекунанд. Пӯсти нӯг ва худи синаро обутоб додан зарур аст, бо ин мақсад синаро рӯзе 2 – 3 маротиба мешӯянд ё бо латтаи нарми тар пок мекунанд. Барои масҳи сина аз боло то нӯги онро молиш медиҳанд.
Модаре, ки кӯдаки ширмак дорад, ғайр аз дуруст хӯрок хӯрдан, бояд ба миқдори кофӣ моеъот низ нӯшад (камаш 0,5 л шир дар як шаборӯз). Тамокукашӣ, истеъмоли машрубот, пиво қатъиян манъ аст. Бояд қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя карда шаванд, синаро рӯзе 2 – 3 маротиба шуста, оббозӣ мекунанд. Синаро бо сачоқи дурушт пок карда, эҳтиёт бояд шуд, ки пӯсти нӯги он осеб наёбад. Ғайр аз ин, пеш аз макондан синаро мешӯянд. Дар давраи макондани кӯдак монда шудан ва ба ҳаяҷон омадани модар ҷоиз нест.
Ғадудҳои шир чанд рӯзи аввал фалла ҷудо мекунанд. Фалла нисбат ба шир бештар равғану намак дорад. Фалла барои кӯдакони навзод ғизои хеле мувофиқ аст. Аз охири ҳафтаи якуми баъди таваллуд шир серравған шудан мегирад. Фақат аз ҳафтаи 2 – 3-юм таркиби он доимӣ гардида, шири холис ҳосил мешавад. Зани солими синадеҳ дар як шаборӯз то 1 – 1,5 л (баъзан зиёдтар) шир ҷудо мекунад.
Пеш аз макондани кӯдак дастҳоро тоза шуста, нӯги сина ва атрофи онро бо пахтае, ки дар оби ҷушонда ё маҳлули кислотаи борат (1 қошуқча ба 1 истакон об) тар карда шудааст, пок мекунанд. Чанд қатра шири аввалро дӯшида мепартоянд. Аз охири ҳафтаи якум сар карда кӯдакро шишта мемаконанд. Ҷой бояд мувофиқ бошад, дар зери пой вобаста ба он ки кадом сина маконда мешавад, курсича мемонанд. Бо як даст сар ва китфи кӯдакро дошта, бо дасти дигар нӯги синаро ба даҳони ӯ мегузоранд. Синаро бо ангуштони мобайнӣ ва ишоратӣ дошта, онро каме ба қафо мекашанд, то ки кӯдак озод нафас кашад. Ба он бояд эътибор дод, ки кӯдак пистонро пурра ба даҳон гирад (ин барои фурӯ бурдани ҳаво ва пайдоиши қай монеъ мешавад). Дар як дафъа як синаро мемаконанд. Кӯдак миқдори зарурии ширро дар 10 – 15 дақ. мемакад. Дар ҳар ҳолат он набояд аз 20 – 30 дақ. зиёд давом кунад. Агар кӯдак суст макад ё синаи модар сахт бошад, беҳтараш кӯдакро пас аз 20 дақ. аз сина ҷудо карда, ба вай шири дӯшида бояд дод. Кӯдакро пеш аз макондан ва баъди он баркашидан лозим, то ки миқдори шири макидааш муайян гардад. Баъзе кӯдакҳо «лаванд» мешаванд. Онҳо дар аввал синаро бо шавқ макида, пас аз 5 – 7 дақ. хобашон мебарад. Дар чунин маврид синаро аз даҳони ӯ оҳиста кашида мегиранд, гӯш ё биниашро андаке молиш медиҳанд, то ки кӯдак бедор шавад. Баъди макондан кӯдакро ба рӯи кат мехобонанд; нӯги синаро бо маҳлули кислотаи борат шуста, бо латтаи тунуки мулоим мехушконанд, вазелин ё равғани тамӣйзшудаи офтобпараст мемоланд ва бо порчаи дока мепӯшонанд. Баъди макондан боқимондаи шири синаро (гарчанде он хеле кам бошад ҳам) то «қатраи охирин» дӯшида мегиранд. Ин боиси зиёд шудани шир гардида, масҳи иловагӣ ҳисоб меёбад. Дар фосилаи байни макондан ба кӯдак оби ҷӯшонида медиҳанд (ба он чои камранг ва чанд чакра шарбати лиму илова карда мешавад). Зимистон кӯдак бояд дар як шаборӯз 50 – 70 мл, тобистон 120 – 150 мл об нӯшад.
Фосилаи байни макондани кӯдак вобаста ба синну сол тағйир меёбад. Кӯдакро ҳатман дар соатҳои муайян макондан лозим аст. Се моҳи аввал ба кӯдак дар як шаборӯз 6 – 7 маротиба (баъди ҳар 3 – 3,5 соат; шабона 6 соат истироҳат мекунад), сипас дар як шаборӯз 5 маротиба (баъди ҳар 4 соат; шабонгаҳ 8 соат истироҳат мекунад ) ғизо медиҳанд. Кӯдакони камқувватро се моҳи аввал дар як шаборӯз 7 маротиба (дар ҳар се соат як маротиба; шабона 6 соат истироҳат мекунад), 3 – 6-моҳаро дар як шаборӯз 6 маротиба, баъд 5 маротиба макондан мумкин аст. Агар соати ширдиҳӣ фаро расаду кӯдак дар хоб бошад, ӯро бедор накунед, беҳтараш як дафъа аз баҳри ғизо баромадан лозим. Агар кӯдак солим бошад, нағз макад ва аксар вақт дар яке аз навбатҳо бедор нашавад, пас ӯро аз семоҳагӣ ба ғизодиҳии 5-карата гузаронидан мумкин аст. Шабона кӯдакро макондан лозим нест, фақат об додан кофист. Танҳо дар сурате, ки агар кӯдакро ором кардан муяссар нагардад, ҳамон вақт метавон шабона низ ӯро маконд.
Миқдори шире, ки дар як шаборӯз аз рӯи синну соли кӯдак зарур аст, мувофиқи формулаҳои зерин ҳисоб карда мешавад.
Барои кӯдакони 7 – 8-рӯза аз формулаи каме тағйир додаи Финкелштейн истифода мебаранд: n Х 70 (агар вазни кӯдак аз 3200 г кам бошад), ё n Х 80 (агар вазни кӯдак аз 3200 г зиёд бошад); ин ҷо n – ҳар рӯзи ҳаёти кӯдакро ифода менамояд. Ададеро, ки бо ёрии формула ҳосил шудааст, ба шумораи синамаконӣ (дар як шаборӯз) тақсим намуда, миқдори ширеро, ки кӯдак дар як дафъа мемакад, муайян мекунанд. Дар 8 – 10-рӯзагӣ кӯдак дар як шаборӯз ба ҳисоби миёна 500 мл шир мемакад.
Ҳисоби тақрибии миқдори шир дар як шаборӯз барои ҳар як моҳи соли аввали ҳаёт аз рӯи се формулаи зерин бароварда мешавад (дар амал яке аз онҳо ё натиҷаи миёнаи онҳоро истифода бурдан мумкин аст). 1) Мувофиқи формулаи Шкарин кӯдак бояд дар синни 2 - моҳагӣ (8 ҳафта) дар як шаборӯз 800 мл шир истеъмол намояд. Агар синни кӯдак аз ин хурд бошад, пас ба вай бояд барои ҳар ҳафтаи ҳаёташ 50 мл камтар шир дода шавад; мас., кӯдаки 5-ҳафтаина бояд 800 – (50 Х 3) = 650 мл шир макад. Агар синни кӯдак аз 2-моҳагӣ гузашта бошад, вай ҳар моҳи минбаъда бояд 50 мл зиёдтар шир истеъмол намояд, мас., дар синни 3-моҳагӣ 800 + (50 Х 1) = 850 мл. 2) Усули муайян намудани ҳаҷм нафақат синн, балки вазни кӯдакро низ ба ҳисоб мегирад; шир ба миқдори зерин дода мешавад: аз 2 то 6 - ҳафтаина – 1/5 ҳиссаи вазн аз 6 - ҳафтаина то 4 моҳа – 1/6 ҳиссаи вазн, аз 4 то 6-моҳа – 1/7 ҳиссаи вазн, аз 6 то 9-моҳа – 1/8 ҳиссаи вазн. 3) Усули дақиқтарин усули калориянокист. Мувофиқи он ба кӯдак бояд дар чоряки якуми сол тақр. 130 – 120 ккал/кг, дар чоряки дуюм қариб 120 – 110 ккал/кг, дар чоряки сеюм тақр. 110 – 100 ккал/кг, дар чоряки чорум қариб 100 – 90 ккал/кг шир дода шавад. Азбакси 1 л шири модар дорои тақр. 700 ккал мебошад, миқдори зарурии ширро барои як шаборӯз муайян кардан мумкин аст.
Миқдори умумии шире, ки кӯдак дар як шаборӯз мемакад, набояд аз 1 л зиёд бошад. Нишонаи солимӣ ва синамаконии дуруст ин мунтазам афзудани вазни кӯдак, инкишофи баробари қабати чарбуи зери пӯст аст. Вазни кӯдак ба ҳисоби миёна дар 4 – 5-моҳагӣ 2 баробар, дар 1-солагӣ 3 баробар меафзояд. Ҳамаи ин ҳисобҳо фақат ба кӯдакони солиму моҳашон пурра тааллуқ доранд.
Ҳангоми синамаконӣ душвориҳо пеш хоҳанд омад. Агар сина таранг бошад, дӯшидани он ва ё макидани кӯдак душвор мегардад. Гарчанде синаи модар ба қадри кофӣ шир дошта бошад ҳам, кӯдак сер намешавад, инҷиқӣ мекунад. Дар чунин мавридҳо пеш аз макондан ширро каме дӯшида мепартоянд, он гоҳ сина нарм шуда, шир хуб меояд.
Агар пистон барои макидан ноқулай бошад, кӯдакро бо ёрии синамонак макондан мумкин аст. Пас аз макондан, шири боқимондаро бо ширдӯша ё бо даст дӯшида мегиранд.
Ҳангоми кафидан ё варам кардани пистон макондани кӯдак барои модар душвор мегардад, бо вуҷуди ин маконданро бо ёрии синамонак давом дода, ҳатман ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Дар чунин ҳолатҳо махсусан ба нигоҳубини сина ҷиддӣ машғул бояд шуд.
Агар модар аломатҳои маститро ҳис кунад, дарҳол ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. То омадани духтур кӯдакро бо синаи солим мемаконанд, шири синаи касалро дӯшида, пас аз тамйиз (шишачаи ширдорро 30 – 40 дақ. дар об ҷӯшондан лозим) ба кӯдак додан мумкин аст.
Модар бояд аз истеъмоли ғизоҳои тунду тез, пиёз, сир ва ғ. худдорӣ кунад, чунки онҳо ба шир таъму бӯи махсус бахшида, метавонанд боиси аз сина рӯ гардондани кӯдак шаванд.
Агар шири модар кам бощад, барои ӯ шароити беҳтари тағзия ва хобу истироҳат муҳайё намуда, миқдори моеотро (бештар шир) зиёд кардан лозим аст (аммо на бештар аз 2 л). Пас аз макондан ҳар дафъа шири боқимондаро «то чакраи охирин» дӯшидан лозим меояд. Синаро аз боло то нӯги он пайваста пахш карда медӯшанд. Сарфи назар аз каму зиёдии шири модар кӯдакро мемаконанд, фақат миқдори норасидаи ширро бо шири донорӣ, омехтаи ширӣ ё кефири махсус иваз мекунанд. Дар сурати риоя нашудани ин қоида шири модар тамоман хушк мегардад.
Ғизои омехта аз ҳисоби шири донорӣ, омехтаи ширӣ ё кефири махсус пурра кардани норасоии шири модар аст. Ғизои иловагӣ на камтар аз 1/5 ҳиссаи вояи хӯроки кӯдакро ташкил медиҳад. Ҳангоми ба ғизои омехта гузаштан, донистани миқдори шири ба кӯдак намерасида хеле муҳим аст. Барои ин кӯдакро пеш ва баъди макондан бармекашанд ва миқдори шири макидаи ӯро аниқ мекунанд (дар тарозу парпечи гарм тунук карда, пас аз он кӯдакро бармекашанд). Агар дар хона тарозу набошад, кӯдакро ба поликлиника бурдан лозим. Ғизои иловагиро ба кӯдакон аз 3 – 4-моҳагӣ бо қошуқча додан беҳтар аст, чунки онҳо ба пистонак зуд одат мекунанд (аз он шир макидан осонтар аст) ва метавонанд аз сина рӯ тобанд. Сӯрохии пистонак бояд танг бошад (онро бо сӯзани тафсон сӯрох кардан беҳтар аст).
Вақте ки кӯдак ба истеъмоли ғизои иловагӣ тадриҷан одат кард, миқдори онро афзудан мумкин аст. Аммо дар як шаборӯз кӯдакро камаш 3 маротиба макондан лозим (дар акси ҳол шири модар ба зудӣ кам мешавад).
Навъи ғизои иловагие, ки ба кӯдак дода мешавад, ба синну соли ӯ вобаста аст. Ба кӯдакони то 3-моҳа шири донорӣ додан беҳтар мебошад. Ба кӯдакони 2-моҳа В - кефир таъин бояд кард. Баъзан омехтаи ғизоӣ медиҳанд. Вале омехтаҳои ғизоии ширинро камтар бояд дод, чунки кӯдак пас аз бисёр истеъмол кардани онҳо метавонад аз сина рӯ гардонад. Хӯрокро то 36 – 370 гарм кардан лозим аст.
Ғизои сунъӣ дар мавриде тавсия карда мешавад, ки шири модар аз 1/5 ҳиссаи вояи хӯроки шаборӯзии кӯдак камтар бошад. Дар 2 – 3 моҳи аввал кӯшиш кардан лозим аст, ки чунин кӯдакон бо шири донорӣ таъмин карда шаванд. Дар ин маврид низ аз ҳамон омехтаҳои ширие истифода мебаранд, ки дар аснои тағзияи иловагӣ ба кӯдак мехӯронанд. Тағзияи сунъӣ нисбат ба ғизои омехта душвор аст, бинобар ин, тамоми маслиҳати духтур бояд риоя карда шавад. Аз омехтаҳои ҷурғотӣ низ истифода бурдан мумкин, чунки онҳо афзоиши микробҳои бемориовар ва турширо дар рӯдаҳо кам карда, нағз ҳазм мешаванд. Агар дар таркиби омехтаҳо қанд зиёд бошад, туршӣ меафзояд, ҳазми хӯрок бад ва мубодилаи моддаҳо халал меёбад; ба фарбеҳии аз ҳад зиёди кӯдакон роҳ додан мумкин нест, зеро кӯдакони фарбеҳ зуд-зуд бемор мешаванд. Кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ мехӯранд, бояд нисбат ба мӯҳлати муқаррарӣ зудтар ба ғизои 5- вақта гузаранд (чунки омехтаҳои ширӣ ва ҷурғотӣ нисбат ба шири модар дертар ҳазм мегарданд).
Сарфи назар аз тарзи ғизо кӯдакони то яксола ғайр аз шири модар боз ба витаминҳо, маҳсулоти ҳайвоноту растанӣ, намакҳои мнералӣ эҳтиёҷ доранд. Аз 1 – 1,5-моҳагӣ ба кӯдак афшураи мева ё сабзавот медиҳанд. Афшура (хубтараш шираи себ, сабзӣ, помидор, олуболу, тамашк)-ро ба кӯдак бояд баъди хӯрок дод. Чанд чакраи афшураро ба об ҳамроҳ карда додан ҳам мумкин аст. Агар ин ё он хели афшура ба кӯдак зарар кунад (пайдо шудани аллергия, ихтилоли қазои ҳоҷат), аз истеъмоли он даст кашида, ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Аксар вақт афшураҳои афлесун, норанҷ ва қулфинай ба мизоҷи кӯдак мувофиқ намеоянд. Аз шарбати ангур туршшавӣ меафзояд, бинобар ин то яксолагӣ онро ба кӯдак намедиҳанд. Барои пешгирии зиёни оби меваю сабзавот онро ба кӯдак кам-кам, тадриҷан ва боэҳтиёт додан лозим аст. Ба кӯдак ҳар рӯз як афшураро намедиҳанд. Беҳтараш афшураро бо навбат хӯрондан ва ҳангоми истифодаи афшураи нав миқдори онро тадриҷан зиёд кардан лозим аст. Миқдори шаборӯзии афшураро ба кӯдак дар 2 – 3 навбат медиҳанд. Афшураҳоро дар хона тайёр кардан беҳтар аст.
Дар синни 1,5 – 2-моҳагӣ ба хӯроки кӯдак шакида (пюре)-и себ илова карда мешавад. Онро дар як рӯз аз 0,5 қошуқча сар карда, тадриҷан ба 50 г мерасонанд. Шакидаи себ витамин, намакҳои минералӣ, инчунин клетчатка дорад, ки он ҳазми таомро беҳтар ва қабзиятро пешгирӣ мекунад. Ба кӯдак шакидаи дигар меваҳоро низ додан мумкин аст. Онро худи кас тайёр карда метавонад.
Дар синни 3,5-моҳагӣ ба хӯроки кӯдак творог (аз 0,5 қошуқча тадриҷан то ба 30 – 40 г мерасонанд), саршир (аз 3 – 5 чакра тадриҷан то ба 5 – 10 мл мерасонанд) илова мекунанд. Творог ва сарширро ҳафтае фақат 2 – 3 маротиба додан мумкин аст.
Аз 4 – 4,5-моҳагӣ ба вояи хӯроки кӯдак зардии тухм илова мекунанд; аввал чоряк ҳиссаи зардӣ, баъд оҳиста-оҳста то 0,5 ҳиссаи онро додан мумкин аст. Тухмро дар об хуб мепазанд, зардиашро аз элак мегузаронанд ва дар шири модар ё шири гов ҳал карда, ба кӯдак мехӯронанд.
Хӯроки иловагӣ. Баробари сабзиш ва инкишофи кӯдак организми ӯ ба сафеда, равған, карбогидратҳо, намакҳои минералию витаминҳо торафт бештар эҳтиёҷ пайдо мекунад. Он гоҳ шири модар кӯдакро бо моддаҳои ғизоӣ пурра таъмин карда наметавонад. Аз ин ҷост, ки сарфи назар аз тарзи хӯрокдиҳӣ ба вояи хӯроки кӯдак маҳсулоти гуногуни ҳайвонот ё растаниҳоро дохил мекунанд. Дар чунин маврид қоидаҳои зеринро риоя кардан зарур аст: 1) ҳар як хӯроки нави иловагиро боэҳтиёт ва ботадриҷ додан лозим аст; 2) бояд ба қазои ҳоҷат ва пӯсти кӯдак муттасил назорат карда шавад (чунки номӯътадилии қазои ҳоҷат ва пайдо шудани «диатез»-и рухсораҳо нишонаи ба организми кӯдак нафоридани хӯрок мебошад); 3) барои ғизои кӯдакон фақат аз маҳсулоти тару тоза ва хушҳазм (афшура, шакида, шавлаҳо ва ғ.) истифода мебаранд; 4) ба кӯдак додани хӯроки иловагиро дар рӯзҳои гарм ё ҳангоми бемории ӯ оғоз кардан мумкин нест.
Дар 4 – 4,5-моҳагӣ ба кӯдак хӯроки аввалини иловагӣ – шакидаи сабзавот дода мешавад. Онро дар шароити хона тайёр кардан беҳтар аст. Аввал тағзияро аз сабзавоти зудҳазм (картошка, сабзӣ) сар мекунанд, баъд ба кӯдак сабзавоти дигар медиҳанд. Сабзавотро буғпаз ё каме об андохта дампаз мекунанд, аз элак мегузаронанд, каме намак, шири гов ё шири модарро дӯшонда (ба андозаи 1/3 – ¼ ҳиссаи ҳаҷми сабзавот) илова менамоянд. Ба шакида каме равғани растанӣ, творог, сонитар каме гӯшт меандозанд. Аввал ба кӯдак 1 – 2 қошуқча шакида медиҳанд ва баъд дар тӯли ду ҳафта миқдори онро ба 150 – 160 г мерасонанд. Шакидаи сабзавотро низ чун дигар хӯрокиҳо нисфирӯзӣ, аз ҳисоби як дафъаи макондан медиҳанд. Хӯроки иловагиро аз додани шавлаи кашк ва полуда сар кардан дуруст нест, чунки дар таркиби онҳо ангиштоб (қанд) зиёд буда, боиси бадҳазмӣ шудани хӯрок, диатез ва фарбеҳии кӯдак мегардад. Хӯроки иловагиро ба кӯдак бо қошуқ мехӯронанд.
Дар 5-моҳагӣ кӯдак бояд 4 дафъа шакидаи сабзавот, афшура, творог хӯрад. Фақат пас аз маслиҳати духтур ва таъиноти ӯ равғани моҳӣ додан мумкин аст.
Дар синни 5 – 6-моҳагӣ чун хӯроки иловагӣ ҳар хел шавла медиҳанд. Онҳоро бо шири гов ё шири модар мепазанд. Ба шавла 2 – 3 г равғани маска, творог, қаймоқ илова метавон кард. Миқдори шавларо низ монанди шакида тадриҷан зиёд карда, як дафъаи синамакониро ба он иваз мекунанд. Шавларо аз омехтаи ярмаҳои гуногун, инчунин аз ярмаҳои махсус тайёр кардан мумкин аст.
Дар синни 6 – 7-моҳагӣ шӯрбои гӯштин медиҳанд (аввал 1 – 2 қошуқча, баъд то 50 мл). Ба шӯрбо талқони нон андохта нисфирӯзӣ ба кӯдак мехӯронанд, баъд шакидаи сабзавот ва афшура медиҳанд (ин ҳама таоми пурраи нисфирӯзӣ мешавад).
Дар 8-моҳагӣ кӯдак 3 дафъа шир мемакад, 1 дафъа шавла, 1 дафъа шӯрбо ва шакидаи сабзавот мехӯрад. Ғайр аз ин ҳамаи навъҳои хӯроки иловагиро ба кӯдак додан мумкин аст.
Аз 7,5 – 8-моҳагӣ ба вояи хӯроки кӯдак гӯшт илова мекунанд (аввал гӯштро ду маротиба аз гӯштқимакунак мегузаронанд). Миқдори гӯшти қима дар як шаборӯз бояд аз 1 қошуқ зиёд набошад. Дар 10-моҳагӣ вай ғелак, дар охири 1-солагӣ котлетҳои буғпазро хӯрда метавонад. Ба ҷои гӯшт навъҳои камравғани моҳиро қима ё ғелак карда хӯрондан мумкин аст.
Аз 8-моҳагӣ ба ҷои як дафъаи ширмаконӣ ба кӯдак шири холис ё кефир метавон дод. Тартиби ғизоро дар ин синн ба таври зерин муайян кардан мумкин аст: соати 6 – шири сина; соати 10 – шавла, творог ё зардии тухм ва шакидаи мева; соати 14 – шӯрбои гӯштин бо талқон, шакидаи сабзавот бо қимаи гӯшт ва афшураи мева; соати 18 – кефир ё творог ва шакидаи мева; соати 22 – шири сина. То охири сол хӯрокро тадриҷан ғафстар пухтан, аз турбтароши сӯрохаш калонтар гузаронидан ва моеотро камтар андохтан мумкин аст.
Дар 1-солагӣ кӯдак ба қадри кофӣ хӯрокҳои гуногуну серғизо мехӯрад ва ӯро аз сина ҷудо кардан мумкин мешавад. Аввал ба ҷои сина пагоҳирӯзӣ ба кӯдак кефир, творог ё шири холис медиҳанд. Пас аз як ҳафта ширмаконии бегоҳирӯзиро низ айнан ҳамин тавр иваз мекунанд. Кӯдакро дар мавсими гарми сол ё давраи бемориаш аз сина ҷудо кардан мумкин нест. Барои кам шудан ва тамоман қатъ гардидани шири сина ба модар лозим меояд, ки чанд рӯз нӯшокиҳоро камтар истеъмол намояд, синаро бо дока сахт бандад ё синабанди таранг пӯшад.
Тарбияи кӯдак бояд аз синни навзодӣ сар шавад. Барои ин зӯрӣ не, балки суботкорӣ, меҳнату тоқат зарур аст. Дар давраи то 1-солагӣ тарбия асосан барои муҳайё сохтани тартиби дуруст, ривоҷ додани малакаҳои ҳаракат, босира, шунавоӣ ва инкишофи нутқ равона карда мешавад. Пеш аз ҳама бояд тартиби қатъии рӯз – вақти муайяни хоб ва бедорӣ, ғизо, сайругашт ва ғ. муайян карда шавад. Ин нафақат нигоҳубини кӯдакро осон, балки баробари калон шудан, ӯро ба тартиб ва озодагӣ водор мекунонад. Кӯдак ба тартиби рӯз зуд одат менамояд. Дар сурати риоя накардани он ӯ нағз хоб намеравад, аз ғизои бевақту соат иштиҳояш баста шуда, нағз хӯрок намехӯрад, харобу лоғар мешавад.
Дар натиҷаи нигоҳубини дуруст, ба ҷо овардани тамоми қоидаҳои беҳдошт кӯдак ба тозагии либос ва парпечҳо, зуд-зуд иваз намудани рӯйҷо одат менамояд. Кӯдак шустушӯи ҳаррӯза ва оббозиро кори одатӣ дониста, онро бо хурсандӣ қабул мекунад. Баъди 6 - моҳагӣ кӯдакро якҷоя бо бозичаҳо оббозӣ медоранд. Малакаҳои гигиение, ки кӯдак аз хурдсолӣ ба онҳо одат мекунад, ҷиҳати муҳими тарбиявӣ доранд.
Ҳамин ки кӯдак мустақил менишастагӣ шуд, ба ӯ ба тубак нишастанро ёд медиҳанд. Пеш аз хоб ва баъди он ӯро ҳатман ба тубак мешинонанд, тубак бояд ҷои муайян дошта бошад. Шабона хоби кӯдакро вайрон кардан, инчунин ӯро дурудароз ё зуд-зуд ба тубак шинондан норавост. Кӯдаконро ба серҳаракатӣ одат кунондан зарур аст. Масҳ ва варзиш омили асосии пайдо кардани малакаи ҳаракат мебошанд. Аммо шитоб карда, кӯдакро ба иҷрои кори зӯрнорас водор сохтан дуруст нест. Кӯдакро дар рӯи болишт шинондан ва пеш аз вақт ба пой рост мондан қатъиян манъ аст, чунки баробари сабзиш ва инкишоф худи кӯдак ин корҳоро ба ҷо меорад. Дар акси ҳол сутунмӯҳра ва пой каҷ мешавад. Ба рушди кӯдак бозӣ ва бозичаҳо низ кӯмак расонда, боиси такмил ёфтани ҳаракатҳо мешаванд, ӯро ба мустақилият ва фикр кардан водор месозанд.
Барои гузарондани машғулият вақти мувофиқро интихоб бояд кард; агар кӯдак аз хобу хӯрок сер шуда бошад, машғулият ба ӯ завқ мебахшад.
Аз 3-моҳагӣ кӯдак ба гирду атрофаш бо шавқ менигарад, ба ашёи гуногун мароқ зоҳир намуда, ба сӯи онҳо майл мекунад. Аз ҳамин вақт сар карда ба кӯдакон бозичаҳои гуногуни завқовар лозим мешаванд. Бо кӯдак бурро, равшан ва бо ибораҳои кӯтоҳ гуфтугӯ бояд кард. Дар аснои бо кӯдак гап задан, ашёи гирду атрофро номбар кардан даркор аст. Аз 7-моҳагӣ кӯдакон баъзе калимаҳоро мефаҳманд, ба сӯи чизи номбаршуда менигаранд. Аз ҳамин вақт ба онҳо иҷро кардани хоҳишҳои оддитарин, ёфтани бозичаҳоро ёд додан мумкин аст. Дар мавриди омӯзондани калимаҳо кӯдак бояд ҳаракати лабҳоро бинад. Ҳангоми бо кӯдак гап задан, калимаро нимғурма талаффуз кардан норавост. Бо кӯдак бозӣ карда эҳтиёт бояд шуд: чизҳои тафсон ва тез аз ҷои бозӣ бояд дур бошанд.
Ниг. низ Кӯдаки ширмак, Навзод.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 588 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия