• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИСТОСОМОЗ
ШИСТОСОМОЗ, шистосоматоз, билгарсиоз, як навъ бемории ангалӣ (паразитӣ), ки трематодаҳо (аз ҷинси шистосомаҳо) ба вуҷуд меоваранд. Ш. дар кишварҳои тропикӣ паҳн шудааст. Ш. бо аломатҳои дерматит, табларза, заҳролудӣ, дамидани ҳасба (доначаҳо) дар пӯст, калон шудани талхадон, эозинофилия, осеби рӯда ё аъзои пешобу таносул падид меояд. Ҳомили мобайнии трематодаҳо нармбаданҳои шикампойи обҳои ширин мебошанд. Ҳомилони ниҳонии ангезандаҳо одам, ҷонварони ширхор ва паррандаҳои маҳсуб мешаванд.
Бино ба баъзе маълумот дар тамоми дунё зиёда аз 270 млн одам аз Ш. сироят ёфтааст. Дар Африка ҷанубтар аз Саҳрои Кабир соле 200000 наф. одам бар асари Ш. мефавтад.
Ш. бештар ба одамони машғули корҳои кишоварзӣ ва моҳигирон сироят мекунад. Хавфи бемор шудан дар байни занҳо, ки оби аз ангезаи Ш. сирояятёфтаро дар рӯзгор истифода мебаранд, хеле зиёд аст. Қисми зиёди беморон дар ноҳияҳои аз лиҳози иқтисодӣ қашшоқи кишварҳои рӯ ба тараққӣ сукунат доранд.
Баъди 10 – 15 дақ. ба пӯст ворид шудани серкарияҳо хориш ба амал омада, саглес медамад, дар бадан доначаҳо мебароянд. Пас аз 1 – 2 моҳи сироят ёфтан, бемор табларза (табларзаи Катаяма) мекунад, ки он 2 – 3 ҳафта идома меёбад, сурфаи хушк пайдо мешавад, дар хун ва узвҳои дохилӣ тағйирот рух медиҳанд. Шикам дард карда, исҳол (баъзан якҷоя бо хун) ба вуҷуд меояд. Аломати хоси Ш.-и аъзои шошаю таносул хунпешобӣ аст. Узвҳои таносули занҳо осеб меёбанд, хуншорӣ ба мушоҳида мерасад, ҳангоми алоқаи ҷинсӣ дард пайдо мешавад, дар аъзои таносули берунӣ ҳар гуна гиреҳҳо ташаккул меёбанд. Ш. дар мардҳо боиси нуқси манидон, ғадуди зермасона (простата) ва узвҳои дигар мегардад.
Бо мақсади пешгирии Ш. маҳв сохтани нармбаданҳои шикампой, беҳтар кардани ҳолати санитарии маҳалҳои аҳолинишин, баланд бардоштани маърифати санитарии одамон, оббозӣ накардан ва ҳатто пои бараҳна нагаштан дар обҳое, ки ангезаҳои Ш. мавҷуданд, аҳамияти калон дорад.
Фарҷоми беморӣ дар сурати сари вақт табобат кардан хуб аст.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 255 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия