• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШИЗОФРЕНИЯ
ШИЗОФРЕНИЯ (аз юн. schizo – таҷзия мекунам ва phren – ақл), бемории рӯҳиест, ки ҷараёни бештар музмин дорад. Сабаби беморӣ то ҳол маълум нест ва бисёр вақт ирсӣ будани он мушоҳида мешавад.
Вобаста ба шакли Ш. дар рӯҳияи бемор зуҳуроти гуногун – васваса, таваҳҳум (галютсинатсия), ҳаяҷон, карахтӣ ва диг. тағйироти доимӣ пайдо мешаванд, ки онҳо ба қадри инкишофи беморӣ қувват мегиранд. Нишонаҳои аввалин фақат ба Ш. хос нестанд, зеро онҳо метавонанд ҳангоми бемориҳои дигар низ ба мушоҳида расанд. Аммо минбаъд рӯҳияи бемор, ба таври дигар гӯем, шахсияти ӯ ба куллӣ тағйир меёбад. Ва маҳз ҳамин хоси Ш. аст. Бо вуҷуди ин дараҷаи зуҳуроти тағйиротҳо ба шакл, давраи беморӣ, ҷараён ва суръати инкишофи он вобастагӣ дорад. Одатан дар марҳилаи аввали беморӣ, то пайдо шудани нишонаҳои назарраси психоз, тағйироти доимӣ ва афзояндаи рӯҳия бо он зоҳир мегардад, ки бемор камгап, одамгурез, канораҷӯй шуда, ба кору таҳсил, инчунин зиндагии хешовандону дӯстон фориғбол мешавад. Бемор бисёр вақт ба ягон соҳаи илм ё фаъолияте, ки пештар машғул набуд (фалсафа, математика, дин, лоиҳакашӣ), шавқ зоҳир мекунад. ӯ нисбат ба оила, кор, бемории хешовандон, ки пештар диққати ӯро ҷалб мекарданд, бепарво шуда, баръакс ба гапу корҳои беҳуда диққат медиҳад. Дар айни ҳол баъзе беморон ба сарулибос ва намуди зоҳирии худ беэътиноӣ мекунанд, рӯҳафтода мешаванд; баъзеи дигар ҷиддӣ ва сертараддуд мебошанд; ба коре машғул буда, дар бораи чизе бодиққат фикр меронанд, вале ба наздикони худ дар ин хусус ҳарфе намезананд. Бисёр вақт ба ягон савол ҷавоби дарозу номуайян ва бесарунӯг медиҳанд (ба истилоҳ носеҳ). Ин гуна тағйирот дар рӯҳияи баъзе беморон якбора, дар беморони дигар тадриҷан ва ноаён рух медиҳад. Дар организми як қисми беморон ин тағйиротҳо афзуда, боиси зуҳуроти асосии беморӣ мегарданд, дар рӯҳияи қисми дигари беморон нишонаҳои дигар пайдо мешаванд, яъне шаклҳои гуногуни Ш. ҷараён мегиранд. Гуногунии зуҳуроти Ш.-ро ба назар гирифта, бемориро фақат духтури бемориҳои рӯҳӣ (психиатр) ташхис мекунад. Сари вақт муайян намудани беморӣ барои дуруст ва бомуваффақият ба роҳ мондани табобат ва барои бемор фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ зарур аст. Сарфи назар аз он ки сабаби Ш. то ҳол муайян нашудааст, онро муолиҷа кардан имкон дорад. Психиатрияи имрӯза дорои усулҳои зиёди табобат (ба воситаи дору, рӯҳшифоӣ, муолиҷа бо меҳнат) аст. Маҷмӯи ин усулҳо якҷоя бо тадбирҳои барқарорсозии қобилияти корӣ ва ҳаёти фаъолонаи бемор имкон медиҳанд, ки Ш. муддати дароз зоҳир нагардад. Бемор ҳангоми паст шудани шиддат (ҷараён)-и беморӣ ба меҳнат қобил буда, зери назорати доимии духтур (психиатр) бо оилаи худ ҳаёт ба сар мебарад. Оид ба вазъи бемор, муолиҷаи амбулаторӣ ё ба беморхона хобондани ӯ, мӯҳлати табобат фақат духтур хулоса мебарорад. Ба аҳволи худ баҳо додани бемор ва хешовандони ӯ ҷоиз нест. Доир ба пайдоиши Ш., махсусан дар овони ҷавонӣ, ақидаҳои зиёде вуҷуд доранд. Мегӯянд, ки худдорӣ аз алоқаи ҷинсӣ ва кори зиёди фикрӣ боиси пайдоиши Ш. мегардад. Кӯшиши бартараф намудани ин «сабабҳо» ҳам ба бемор ва ҳам ба наздикони ӯ оқибати бад дорад. Худтабобат, истифодаи «давоҳои хонагӣ» бисёр вақт боиси авҷ гирифтани Ш. мешавад. Агар бемор аз табобат рӯ тобад, аҳволи вай вазнин гашта, рафтору кирдораш зери таъсири таваҳҳум (галлютсинатсия) ва васваса тағйир меёбад, дараҷаи хавфи ӯ нисбат ба худ ва атрофиён меафзояд.
Барои бемор назорати доимӣ ва мунтазами психиатр лозим буда, ба маслиҳати духтур қатъӣ риоя кардани ӯ зарур аст. Чун дар аснои дигар бемориҳои рӯҳӣ, ҳангоми Ш. низ доираи интихоби касб маҳдуд аст. Масъалаи интихоб ва иваз намудани касбу кори беморро бо маслиҳати духтур ҳал мекунанд ва он бояд ба нафъи бемор бошад. Ниг. низ Бемориҳои рӯҳӣ.
Н.М. Шарофова.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 248 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия