• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШОҲТАРА
ШОҲТАРА (Fumaria vailantii), шотараҷ, гиёҳест яксола. Аз 5 то 40 см қад мекашад. Пояаш кабуди сершох. Баргаш пармонанди сепарра, баъзан дарозрӯяи нештаршакл. Гулаш бунафши гулобӣ. Апр. – июл гулу мева мекунад. Дар заминҳои партов, хоктудаҳо, нишебиҳои серсангу шағал, тарқиши шахҳо мерӯяд. Дар қ-кӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Туркистон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Сирдарё, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландии 3000 – 3500 м аз с.б.) паҳн шудааст.
Ш.-ро дар тиб аз қадимулайём истифода мебаранд. Ба ақидаи Абӯалии Сино беҳтарин шотараҷ сабз, навруста ва талх аст. Вай меъдаро қувват бахшида, қабзияти ҷигарро мекушояд, пешобро меронад, вораҳоро мустаҳкам мекунад. Дар «Ал-Воҳия» давои хуби ярақон ҳисобида шудааст. Мардуми таҳҷоӣ Ш.-ро ҳангоми баромадани гармича ва доначаҳо дар пӯст, хоришак, инчунин дар мавриди сӯзок, табларза, заифӣ ва сардард истифода мебаранд.
Ба қавли табибони мардумӣ агар оби баргҳои тару тозаи Ш.-ро бо шакар биёшоманд, меъда ва рӯдаҳоро аз моддаҳои бегона пок мегардонад, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, меъдаро қувват мебахшад, зардпарвин, хориш, шукуфаи пӯст, инчунин сабӯсаки сарро рафъ месозад. Оби Ш.-и тару тозаро дар офтоб ғафс гардонанд, усора ҳосил мешавад. Онро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ ва обравии бисёрро манъ мекунад. Агар ин усораро дар об ҳал карда, он таркибро дар даҳон гардонанд, ҷароҳати ком, забон ва милки дандонҳоро даво мебахшад. Гиёҳи хушки онро кӯфта гузошта банданд, қӯтури пӯст ва хориши онро дафъ мекунад.
Ҷӯшоби Ш. давои пешоброн ва бемории зардпарвин аст; бо он табларза ва саромосро дармон мебахшанд. Шираи алафи тари Ш. воситаи хубест барои рафъи хоришак. Нақеъи Ш.-ро ҳангоми камиштиҳоӣ, заъфи рӯда, касалиҳои занона, сил, бавосир, табларза ва чун воситаи таскинбахш, хунбанд, пешоброну арақрон истеъмол менамоянд. Тоҷикони Дарвозу Қаротегин Ш.-ро дар давраи мевабандӣ ғундошта мехушконанд, кӯфта ба захмҳои фасоднок ё ҷароҳатҳои амиқ мебанданд. Ҳангоми хуни бинӣ онро бӯй мекашанд. Дар тибби муосир Ш. барои муолиҷаи бемории гипертония (дараҷаҳои I ва II) тавсия шудааст.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 560 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия