• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШОҲТУТ
ШОҲТУТ (Morus nigra), як навъ тут. Асосан дар Закавказия ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, парвариш мекунанд. То 35 м қад мекашад. Барг ва шоху навдааш шираи сафед дорад. Гулаш майдаи дуҷинса, хӯшагулаш «гӯшворак», мевааш гулобӣ, сурх ва бунафши сиёҳтоб, ширин ё нордон (беш аз 10% қанд дорад). Онро тару тоза мехӯранд ва ширинӣ мепазанд. Хусусияти шифоии Ш. аз қадим маълум аст. Ба ақидаи Абӯалии Сино, тути нордон, яъне Ш. рушди омоси даҳону гулӯро бозмедорад; афшурааш давои реши равон аст. Дар тибби халқӣ Ш. ба сифати рафъкунандаи иллати дил ва ба низом орандаи ғалаёни хун тавсия мешавад.
Ба ақидаи табибони мардумӣ агар самари расидаи Ш.-ро бихӯранд, моддаҳои сахтшударо дар бадан мулоим мегардонад, фишори баланди хунро паст мекунад, варамҳои гарммизоҷи ҳалқро мегардонад, ташнагиро мешиканад, иштиҳоро ба таом мекушояд. Агар бо оби Ш. ғарғара кунанд ё он обро дар даҳон гардонанд, ҷӯшиш ва обилаҳои даҳон, варами ҳалқ, ком ва забоно дафъ мекунад. Агар ба оби он оби коснӣ ё кашниз ҳамроҳ кунанд, таъсираш қавитар мегардад. Истеъмоли Ш. захми рӯдаҳо ва исҳолро шифо мебахшад. Бисёр истеъмол кардани Ш. ба узвҳои даруни сина, шуш, асаб зарар дорад.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 287 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия