• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШОММА
ШОММА, бӯиш, қувваи бӯёӣ, ҳисси бӯёӣ, яке аз ҳиссҳои панҷгона. Ш. ба ҳайвонот барои кофта ёфтани ғизо ва муайян кардани ҷои зист лозим буда, яке аз воситаҳои асосии робитаи байни онҳо («нишонадор» кардани маҳал, кофта ёфтани фарди муқобилҷинс ва ғ.) мебошад. Нисбат ба ҳайвон Ш. барои одам чандон аҳамият надорад, вале заиф шудани Ш. барои инсон хеле пуразоб аст (мас., ҳангоми зукоми шадид ҳар гуна таом ба назари кас бемаза менамояд). Касоне, ки бӯйро ҳис намекунанд, зуд-зуд аз хӯрок заҳролуд мешаванд, зеро онҳо бӯи хӯроки вайроншударо намефаҳманд. Ҳар як одам бӯйро ҳар хел дарк мекунад. Ш. доираи маълумоти одамро оид ба муҳит хеле васеъ менамояд. Бӯи бад табъи касро хира ва бӯи хуш табъро болида мегардонад.
Бӯйро ҳуҷайраҳои махсуси дарроки бӯёӣ ҳис мекунанд; онҳо дар сатҳи ба истилоҳ луобпардаи бӯёии бинӣ ҷойгиранд. Одам қариб 10 млн, харгӯш тақр. 100 млн ва саг зиёда аз 200 млн ҳуҷайраи даррок дорад. Сатҳи ҳар як ҳуҷайраи дарроки бӯёӣ аз ҳисоби шохчаҳои хеле хурд борҳо меафзояд. Сатҳи он ҷое, ки ҳуҷайраҳои дарроки бӯёӣ ҷойгиранд, доимо аз ихроҷи ҳуҷайраҳои луобпардаи бинӣ нам аст. Ба ҷавфи бинӣ якҷоя бо ҳаво моддаҳои бӯйнок дохил ва дар луоби он ҳал мешаванд дар натиҷа ҳуҷайраҳои дарроки бӯёӣ ангезиш меёбанд. Сипас ахбор аз он ҷо ба воситаи асабҳои Ш. ба мағзи сар, ки узвҳои даррок (анализаторҳо) ҷойгиранд, меояд ва нисбат ба хусусияти бӯй тасаввурот пайдо мешавад (доир ба тезии бӯй, хушбӯйӣ, бадбӯйӣ ва ғ.). Анализаторҳои Ш. моддаҳои зиёди бӯйнокро фарқ карда метавонанд. Чунончи, саги бӯйгир дар байни одамони бисёр аз бӯяш одами даркориро ёфта метавонад, зеро ҳар як инсон, ҳар як ҳайвон бӯи хос дорад (бӯи одам чун рахҳои ангуштонаш фардист, ки онро дар криминалистика ба кор мебаранд). Эҳсоси ҳар як бӯй тағйир меёбад. Дар фасли баҳор ва тобистон, махсусан дар ҳавои гарму сернам, ҳисси Ш. тезтар аст; дар рӯшноӣ назар ба торикӣ одам бӯйро зудтар ҳис мекунад. Агар муддати дароз ягон бӯй мавҷуд бошад, одам одат карда, дигар онро ҳис намекунад. Дар натиҷаи иваз намудани як бӯй бо бӯйи дигар (тамоман акси он бӯй), кам кардани бӯйи омезаҳои моддаҳо, якҷоя кардани чанд модда ва бо ин роҳ ҳосил намудани як бӯйи дигар неруи Ш. одам зиёд мешавад (ин хусусияти Ш.-ро дар атриёт истифода мебаранд).
Сол то сол (хусусан дар пиронсолӣ) қувваи Ш. заиф мешавад. Аз газак (илтиҳоб)-и луобпардаи бинӣ (ниг. Зуком), инчунин ҳангоми омос ва осеби баъзе қисмҳои мағзи сар, бемориҳои рӯҳӣ (дар ин маврид бемор бӯйҳои вуҷуд надоштаро ҳис мекунад) қувваи бӯёӣ ихтилол меёбад, ки он бо ҳис накардани бӯй (аносмия) ва ё аз ҳад зиёд шудани қувваи бӯёӣ (гиперосмия) зоҳир мегардад. Қувваи бӯёии занҳои ҳомила низ баъзан халал меёбад.
Ҳангоми заиф гардидани Ш. ба духтур муроҷиат бояд кард.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 266 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия