• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШОНА
ШОНА (Scapula), устухони паҳни сегӯшаест, ки дар паси сандуқи сина, дар сатҳи қабурғаҳои аз II то VII ҷойгир аст. Ш. се гӯша дорад: поёнӣ, канорӣ ва болоӣ. Ш. ҳамчунин аз се теға иборат аст: мобайнӣ, ки ҷониби сутунмӯҳра менигарад, канорӣ, ки ба берун нигоҳ мекунад ва болоӣ, ки барои гузаштани рагу асабҳо кома дорад.
Дар сатҳи қабурғавии пеш чуқураке мавҷуд аст, ки дар он мушаки зерқабурғавӣ хобидааст. Дар сатҳи қафои Ш. теғаи тезе ҷой дорад. Дар болои Ш. охураки фавқиустухонӣ ва дар зери он охураки зериустухонӣ ҷойгир мебошанд.Иннераватсияи Ш. тавассути шохаҳои асабҳои фавқишонаӣ ва байниқабурғавӣ сурат мегирад. Ш.-ро артерияҳои арзӣ ва фавқишонавӣ бо хун таъмин месозанд. Лимфароҳа ба самти уқдаҳои лимфавии зери каш ва зери шона равона шудааст.
Ба нуқси инкишофи Ш. аз меъёр хеле боло ҷой гирифтани он мансуб аст. Ҳангоми осебҳои Ш. бофтаҳо ва устухонҳои он зарар мебинанд. Ташхиси шикастагии Ш. аз сабаби дар он мавҷуд будани қабати ғафси мушакҳо душвор аст. Бинобар ин, барои ташхиси бармаҳал таҳқиқоти рентгенологӣ гузарондан лозим аст. Ҳангоми шикастагии Ш. дар банди китф ҳаракати суст боқӣ мемонад, ҳол он ки ҳангоми аз ҷой беҷо шудани банди китф ҳама гуна ҳаракат дар он қатъ мегардад. Тарзи муолиҷаи шикастагиҳои Ш. бидуни ҷарроҳӣ сурат мегирад, мас., бо бандинаи Дезо (ниг. Дисмургия) бастани андомҳои боло, шинагузорӣ, маҳс ва варзиши шифоӣ ва ғ.
Ш.-и болшакл бисёр вақт ҳангоми латхӯрии асабҳои канорӣ ё дар натиҷаи миопатия ба вуҷуд меояд. Ба бемориҳои фасодию илтиҳобии Ш. думбал, флегмона, инчунин варамҳои фасодӣ, ки баъзан ҳангоми артрити бандҳои китф ба вуҷуд меоянд, мансуб мебошанд. Баъзан остеомиелити гематогении Ш. вомехӯрад. Табобати Ш. комплексӣ буда, усулҳои ҷарроҳӣ (кушодани носур, некрэктомия, буридани шона) ва консервативи (муолиҷаи зиддибактериявӣ, иммунотерапия, энзимотерапия)-ро дар бар мегирад.
Омосҳои Ш. метавонанд некфарҷом (миома, фиброма, остеома, хондрома) ва бадфарҷом (саркома) бошанд. Усули асосии табобати омосҳои Ш. ҷарроҳист.
КЛ
Шонаи рост. А – намуд аз қафо (пушти шона): 1 – охураки фавқиустухонӣ; 2 – теғаи шона; 3 – чуқурчаи шона; 4 – шохаи нӯлшакл; 5 – барҷастагӣ (акромион); 6 – гарданаи шона; 7 – охураки зери теғавӣ. Б – намуд аз пеш (рӯйи шона): 1 – сатҳи бандии акромион; 2 – шохаи нӯлшакл; 3 – охураки зерқабурғавӣ; 4 – хамии банд.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 318 | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия