• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШУКУФАИ ГУЛОБӣ
ШУКУФАИ ГУЛОБӣ, бемории сироятии пӯст; дар ҳар синну сол мушоҳида мешавад. Баҳору тирамоҳ авҷ мегирад. Ангезандааш маълум нест (гумон мекунанд, ки вирус аст). Ш. г. бемории камсироят аст; аъзои як оила хеле кам бемор мешаванд. Одатан, дар пӯст (асосан дар бадан) пайдо шудани доғи гулобии калони мудаввар ё тухмшакл аз оғози Ш. г. гувоҳӣ медиҳад. Баъди 4 – 20 шаборӯз дар пӯсти бадан, дасту по (ғайр аз панҷаи дасту кафи по) доғҳои гулобии майдаи тухмшакли парокандаю мутаносиб пайдо мешаванд. Вазъи умумии бемор, одатан, тағйир намеёбад; баъзан ӯ аз беҳолӣ, хориш шикоят мекунад, ҳарорати бадан каме баланд мешавад. Доғҳо, тадриҷан тира гашта, баъди 4 – 8 ҳафта тамоман аз байн мераванд.
Баъзан агар ҳангоми беморӣ ба пӯст нодуруст нигоҳубин кунанд – онро шӯянд ё марҳами ангезишовар моланд, газаки шадид рӯй гирифта, ранги доғҳо сурхи равшан мегардад, онҳо якҷоя шуда, сахт мехоранд.
Табобатро духтур таъин мекунад. Ба беморон парҳез кардан тавсия мешавад; онҳо бояд хӯроки аз ширу растанӣ тайёркарда хӯранд, аз истеъмоли шароб, таоми тунду тез худдорӣ намоянд. Дар давраи авҷи беморӣ (ду – се ҳафтаи аввал) ҷойҳои иллатёфтаи пӯстро шустан (хусусан бо собун) ҷоиз нест.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 305 | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия