• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШУКУФАИ САБӯСМОНАНД
ШУКУФАИ САБӯСМОНАНД (Pityriasis furfuracea), як навъ бемории пӯст, ки занбӯруғи Pityrosporum orbiculare ба вуҷуд меорад. Ба инкишофи Ш. с. серарақӣ, табларза (ҳангоми касалиҳои узвҳои дарунӣ), ихтилоли ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ (диабети қанд ва ғ.) мусоидат мекунанд. Ба Ш. с. бештар калонсолон гирифтор мешаванд. Асосан дар мамлакатҳои иқлимашон гарм ва ҳавояшон хеле рутубатнок паҳн шудааст.
Дар мавриди гирифтор шудан ба Ш. с. дар пӯсти китф, гардан, сандуқи сина ва шикам доғҳои гулобиранг ва дорчинӣ, ки пӯсташон хушкида мерезад, ба вуҷуд меоянд. Доғҳо дар атрофи масомаи фолликулаҳои мӯй ҷойгир шуда, ба ҳамдигар омезиш меёбанд. Ҳангоми молидани маҳлули 2-фоизаи спиртии йод манбаъҳои беморӣ йодро зуд меҷабанд ва ранги дорчинии тира мегиранд (озмоиши Балзер), ки онро дар ташхиси беморӣ истифода мебаранд. Баъди шуоъзании ултрабунафш ҷойи доғҳо сафед мешавад. Ҷараёни беморӣ музмин аст.
Ш. с.-ро бо усули Демянович (ниг. Хоришак) ё эмулсияи обакии 20-фоизаи бензил-бензоат (дар давоми 3 рӯз) муолиҷа мекунанд; ба пайсаҳо инчунин марҳами 10-фоизаи сулфат ё марҳами Дегтяров мемоланд; молидани спирти салитсилии 3 – 5-фоиза ё маҳлули спиртии 3-фоизаи резорсин натиҷаи хуб медиҳад.
Пешгирӣ: аз муоинаи тиббӣ гузарондан ва ҳангоми зарурат муолиҷа кардани тамоми аъзои оила; ҷӯшондани либосҳои таг ва ҷойпӯшҳои бемор; риояи қоидаҳои маъмулии беҳдошти шахсӣ; муолиҷаи серарақӣ.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 334 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия