• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШУОЪШИФОӣ
ШУОЪШИФОӣ, ба мақсадҳои муолиҷа истифода бурдани афканишоти ионзо; бештар дар табобати омосҳои бадфарҷом истифода мешавад.
Ба туфайли пешрафти илму техника, пеш аз ҳама физикаи ядроӣ, инчунин омӯзиши таъсири биологии афканишоти ионзо Ш. усули самарабахши муолиҷаи шаклҳои гуногуни омосҳои бадфарҷом, аз қабили лимфогранулематоз, саратони гарданаи бачадон, ғадуди сина, рӯдаи рост ва ғ. гаштааст.
Ҳангоми Ш. аз таъсири афканишоти ионзо ҳуҷайраҳои бофтаҳое, ки нур ба онҳо равона карда шудааст, нобуд мегарданд. Дар ин маврид бофтаи омос нисбат ба бофтаи солими атрофи он бештар зарар мебинад, зеро бофтаҳои солим бо ёрии организм зудтар ва пурратар қобилияти ҳаётии худро барқарор менамоянд. Ғайр аз ин, усулҳои ҳозираи Ш. имкон медиҳанд, ки миқдори зиёди шуоъ ба бофтаҳои бемор ва миқдори ками он ба бофтаҳои солим таъсир расонад. Билохир, ба туфайли пешрафти радиобиология бо ёрии омилҳои физикӣ ё унсурҳои химиявӣ реаксияҳои шуоъӣ идора карда мешаванд, ки интихобан таъсири афканишоти ионзоро ба омосҳои зиёд ё ба бофтаҳои солим суст мекунанд.
Ш. мумкин аст ҳамчун усули мустақили муолиҷавӣ якҷоя бо диг. усулҳо (мас., бо ҷарроҳӣ) истифода бурда шавад. Дар ин маврид ин амалро пеш аз ҷарроҳӣ ва баъд аз он низ гузарондан мумкин аст. Ш. дар давраи қабл аз ҷарроҳӣ нумӯи омосро боздошта, фаъолияти бофтаҳои онро фурӯ менишонад (ин ба ҷарроҳӣ натиҷаи хуб мебахшад). Ш. баъд аз ҷарроҳӣ ба нест кардани боқимондаи хурдтарини бофтаҳои омос мусоидат мекунад. Аксар вақт натанҳо омос, балки он ҷойҳоеро ҳам, ки метастаза пайдо шуданаш мумкин аст, бо шуоъ месӯзонанд. Барои таъсир расондан ба метастази дур аз доираи шуоъзанӣ, якҷоя бо Ш. аксар вақт аз адвиёти зиддиомосӣ (ҳуҷайраҳои омоси дар организм паҳншударо нест мекунад) низ истифода мебаранд.
Вобаста ба мавқеи манбаи афканишоти ионзо нисбат ба бемор, ду шакли Ш. – дохилӣ ва берунӣ мавҷуд аст.
Шакли асосии Ш. шуоъзании берунӣ мебошад; ҳангоми кор фармудани он манбаъ аз организм берун ҷойгир аст; шуоъзанӣ бо усул ва асбобҳои гуногун гузаронда мешавад. Ба ин гурӯҳ тамоми усулҳои шуоъзании масофавӣ – гамма-терапия ва рентгенотерапияи масофааш дур ва наздик, аз ҷумла афканишоти тормозии бетатрон, Ш.-и протонӣ, электронӣ, нейтронӣ, инчунин аппликатсиявӣ мансуб аст. Ҳангоми муолиҷаи аппликатсиявӣ аппликаторҳоро, ки моддаҳои радиоактиви гамма- ё бетаафканишот доранд, дар сатҳи берунии бадан ҷой медиҳанд. Ин усулро асосан барои муолиҷаи бемориҳои пӯст ва луобпарда истифода мебаранд.
Ҳангоми истифодаи шакли дигари Ш. – шуоъзании дохилӣ манбаи афканишотро ба организми бемор ворид мекунанд. Ин шакли Ш. тазриқи доруҳои радиоактив ба дохили омос мебошад (бо роҳи ҷарроҳӣ ё ба бемор хӯрондани дору, ки дар натиҷа изотопи радиоактив интихобан дар узви иллатёфта ҷамъ мешавад). Мас., бо ин роҳ омоси ғадуди сипаршаклро, ки бофтаи он ба ҷамъ кардани йод, аз ҷумла йоди радиоактив қодир аст, муолиҷа мекунанд. Ба ин навъи шуоъзанӣ инчунин ҳамаи усулҳои Ш.-и дохилибатнӣ мансубанд, ки ҳангоми истифодаи онҳо манбаи афканишоти ионзо ба ин ё он узви ҷавфи шикам дохил карда мешавад (мас., ба бачадон, пешобдон, рӯдаи рост ва ғ.).
Гуногунии усулҳои Ш., инчунин мавҷуд будани асбобҳои махсус имкон медиҳад, ки ҳангоми муолиҷаи ҳар як бемор пайваста бо хусусиятҳои биологии омос ва аксуламали организм ба таври инфиродӣ муносибат карда шавад. Вале барои тамоман нест кардани омос вояи шуоъро зиёд кардан лозим аст. Аз ин сабаб мумкин аст нисбати шуоъ аксуламали ҷузъӣ ё умумии организм (аксуламали шуоӣ) пайдо шавад. Ҳангоми аксуламали ҷузъӣ пӯсти қисми шуоъхӯрдаи организм сурх мешавад (эритемаи шуоӣ), варам мекунад, мехорад. Дар давоми чанд рӯз ин авориз, одатан, худ аз худ нест мешавад. Дар аснои аксуламали шуоии умумӣ бошад, организм заиф гашта, сар чарх мезанад, бемор хоболуд мешавад, дилаш беҳузур шуда, қай мекунад. Маълум аст, ки ба барқарор шудани қобилияти ҳаётии бофтаҳои солими шуоъхӯрда ва нест гаштани аксуламали умумии шуоии организм оксиген мусоидат мекунад. Аз ин сабаб ҳангоми Ш. беморон бояд ҳар рӯз на камтар аз 2 – 3 соат дар ҳавои тоза сайругашт карда, утоқҳо нағз шамол дода шаванд; ба беморони бистарӣ оксигенро ингалятсия менамоянд.
Ғизои бемор бояд гуногун, хушсифат ва сервитамин бошад. Ҳангоми омоси ҷавфи даҳон ва узвҳои ҳозима ба бемор истеъмоли таомҳои тезу тунд, шароб манъ аст. Барои аз организм ихроҷ шудани маҳсули таҷзияи ҳуҷайраҳои омос бемор бояд бисёртар моеот биёшомад.
Инчунин Ш.-ро барои муолиҷаи бемориҳои ғайриомосӣ, аз ҷумла дистрофияи устухону буғумҳо, ки боиси дарди шадид, миозит ва диг. бемориҳои гуногуни музмин мегардад, истифода мебаранд. Агар дигар усулҳои муолиҷа ба бемории ғайриомосӣ натиҷа набахшад, пас бо Ш. рӯ меоранд. Дар ин маврид афканишоти ионзо нисбат ба шуоъзании омосҳои бадфарҷом 10 – 20 маротиба камтар кор фармуда мешавад.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 660 | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия