• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Ш

ШУУР
ШУУР, шакли олии инъикоси ҳақиқати воқеӣ ва мувофиқи мақсад танзим намудани муносибати одам ба муҳити зист.
Қобилияти дарк намудани ҳастӣ дар ҷараёни фаъолияти амалии мақсаднок одамро аз ҳайвон фарқ мекунонад. Ин қобилият бидуни фаъолияти майнаи одам амалӣ намегардад. Вале Ш. танҳо вазифаи модарзодии майнаи одам нест. Фақат имконияти пайдоиши Ш. дар одам вобаста ба сохти муайяни системаи асаб (ниг. Фаъолияти олии асаб) модарзодист. Ин имконият фақат дар шароити ҳаёти ҷамъиятӣ амалӣ мегардад. Ин ҳукми фалсафиро амалия тасдиқ мекунад. Чунончи, бисёр ҳодисаҳое маълуманд, ки бачагони хурдсолро ҳайвонҳои ваҳшӣ дуздидаанду онҳо дар байни вуҳуш калон шуда, баъди чанд сол аз нав ба назди одамон баргаштаанд. Онҳо ҳайвонтабиат шуда буданд ва тамоми кӯшишҳои ба онҳо ёд додани сифатҳои инсонӣ натиҷае намедод, ҳарчанд ки аз ҷиҳати биологӣ аз одамони муқаррарӣ фарқе надоштанд ва сохти системаи асабашон мисли системаи асаби одамони дигар буд. Бинобар ин, Ш. маҳсули фаъолияти майна дар шароити ҳаёти ҷамъиятӣ аст. Меҳнат ва нутқ (забон) барои пайдоиши Ш.-и одам шарти асосӣ ҳисоб меёбад. Забон шакли моддии зуҳуроти Ш. буда, чун воситаи алоқаи байни одамон пайдо шудааст. Тамоми сарвати илму фарҳанги инсонӣ бо забон инъикос меёбад. Одам тавассути забон дониш меандӯзад, аз сарвати маънавии гузаштагон баҳравар мегардад.
Ш. ба инсон имкон медиҳад, ки воқеиятро дуруст дарк намояд, ба он сарфаҳм равад, ояндаро пешбинӣ кунад ва дар ин асос бо фаъолияти амалӣ ба олам таъсир расонад.
Категория: Ш | Добавил: Parvina (06.03.2013)
Просмотров: 1259 | Рейтинг: 2.0/6
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия